Шунидам, ки духтури номдори кӯдакон Додарҷони Маҳмадҷон барои чанд рӯз ба дидорбинии хешовандон омадааст. Баъд аз анҷоми соати корӣ аз шаҳраки Ғарм ҷониби ноҳияи Тоҷикобод роҳ пеш гирифтам. Медонистам, ки ӯ ба синни ҳафтод қадам гузоштааст. Хостам ӯро дар зодгоҳаш бинам, ба ин санаи муборак табрик гӯям ва соате аз рӯзгори гузаштаю имрӯза суҳбат кунем…
Ӯ дар ҳалқаи хешу табор болои кати барҳаво нишаста буд. Ҳамдигарро ба оғӯш кашидем.
Насими нарм мевазид. Саҳни ҳавлӣ нишаста будем. Ҳаво хеле форам буд. Офтоби дами бегоҳ гоҳ-гоҳ аз чанголи абри сиёҳ берун мешуд ва ба атроф гармию рӯшанӣ ҳадя мекард.
- Табиати кӯҳистон аз водӣ фарқ дорад,- гуфт духтур Додарҷон. — Бинед, баъд аз борон табиат чӣ қадар зебост. Агар ҳақиқатро бигӯям, ин табиатро пазмон мешавам. Меояму аз тамошояш сер нашуда, рухсатӣ тамом мешавад. Ноилоҷ меравам ба шаҳр.
Як зум лаб аз гуфтор фурӯ мебандад. Таги чашм ба чеҳраи вай менигарам. Нигоҳи ташнааш васати деҳа медавад. Дигарҳо низ сукут меварзанд. Шояд намехоҳанд ба Додарҷони ташнаи тамошои зодгоҳаш халал расонанд.
Дар ҳақиқат деҳаи Шавриқиён дар мавзеи хеле зебо ҷой гирифтааст. Ҳоло ба деҳа Шарқиён ном гузоштаанд, намедонам чаро? Аммо солҳои донишҷӯӣ ҳамроҳи пирамарде аз Душанбе ҷониби Рашт ҳамсафар будам. Мӯйсафед зодаи ҳамин деҳа буд. Дар омади гап маънии номи деҳаро пурсидам.
- Дар Ҳоит дарае бо номи Шавр мавҷуд аст. Охирон деҳаи дара низ Шавр ном дорад. Деҳа дар пои ағбаи Қароқушхона ҷой гирифтааст, — гуфт ҳамсафарам. Баъд аз заминларзаи соли 1949 тамоми деҳаҳои дараи Шавр вайрон шуданд. Масофаи дара то пои ағба аз бист километр бештар аст. Имрӯз ҳам роҳи мошингард нест. Саду панҷоҳ сол пештар дар дараи Шавр барфи баланд борида, чанд хона вайрон шуд. Оилаҳои зарардида то баҳор азоб кашида, баробари об шудани барф ба Ҳоит омадаанд. Чанд тан аз калонсолони ин қавми амлокдори Қалъаи Лаби Об хоҳиш карданд, ки дар поёни деҳаи Нӯшор ба онҳо барои бунёди деҳа замин диҳад. Амлокдор дар мавзеи деҳаи имрӯза барои онҳо замин додааст. Сокинони деҳаҳои атроф навомадагонро «Шавригиҳо» ва «Шавригиён» ном мебурдаанд. Бо мурури солҳо ин вожа шаклашро дар забони гуфтугӯи мардум тағйир дода, ба «Шавриқиён» иваз шудааст, — ҳикояашро хотима дод мӯйсафед.
Сокинони деҳа бо меҳнаткашию ҳалолкорӣ, меҳмоннавозию ҷавонмардӣ байни мардуми Раштонзамин машҳуранд. Хонаводаи Додарҷон аз оилаи номдори водӣ аст. Хурду бузурги ин хонавода ҳамеша бо заҳмати ҳалол нон хӯрдаанд ва мудом дастгири дармондагон буданду ҳастанд.
- Соле, ки ман ба дунё омадам, падарам дар деҳа набудааст, — аз нав садо баланд мекунад Додарҷон. — Баъд аз чанд моҳи фавти Сталин ба дунё омадам. Ин қиссаро раҳматии модарам мегуфт. Фасли тобистон падарам ҳамроҳи чанд тан барои дарави ғалла ба ноҳияи Данғара рафта буд. Камзаминии Раштонро ба назар гирифта давлат барои колхози мо аз Данғара чанд гектар замин ҷудо карда буд.
Дар оилаи мо пеш аз ман ду духтар таваллуд шуда буд. Нахустписар будам. Ҳадягирҳо ба Данғара рафтанд. Раҳматии падарам аз ин хабар хеле шод шуда, ба онҳо тоқию ҷома пӯшондааст, аммо барои дидани писараш баъд аз ҷамъоварии ғалла омадааст…
- Раҳматии модарам сарамро сила мекарду мегуфт: «Қадамат, ки муборак буд, баъд аз ту додаронат ба дунё омаданд».
Додарҷон аз нав сукут меварзад. Пиёлаи чойи сардшударо ба даст мегирад ва нигоҳаш ҷониби кӯҳҳои болои деҳа медавад.
Падари ӯ Маҳмадҷон марди номдору заҳматкаш буд. Солҳои зиёд дар вазифаҳои раиси колхозу раиси Ҷамоати деҳот кор кард. Бародараш амаки Фозил низ марди донишманду накукирдор буд. Пиру барно дар ноҳия онҳоро эҳтиром мекарданд. Маҳмадҷон солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) қатори ҷавонони ғаюри ҳамдиёраш ба ҷанг рафт. Баъд аз анҷоми ҷанг ба зодгоҳ бо бадани пур аз ҷароҳат, аммо пеши бари пур аз ордену медал баргашт. Ӯ зуд-зуд бо мактаббачаҳо вохӯрда, панду андарз мегуфт. Мегуфт, ки беҳтарин неъмат барои инсон сулҳу оромист. Агар сулҳу оромӣ бошад, мардум ҳалол меҳнат кунанд, давлат рушд меёбад, онҳо серу пур зиндагӣ мекунанд. Бахту саодати сокинони кишвар ба оромии мамлакат сахт пайваст аст.
- Соли 1962 дар синфи сеюм мехондам, ки дар кӯҳистон беморие паҳн шуд. Додарам Ғафурҷон сахт бемор буд. Таби баланд дошт. Кампирҳо ба ҳалқаш об чаконданд. Касе умеди зинда монданашро надошт. Рӯзе ҳамроҳи падарам табибон ба хона омаданд. Ҳамшира ба баданаш сӯзандору гузаронда, ба табобаташ шурӯъ карданд. Ҳафтае нагузашта бародарам кӯчаравак шуд. Ба кори духтурҳо ҳавасам омад. Орзу кардам, ки агар мактабро хатм кунам, духтур мешавам.
- Мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳаи Нӯшор хатм кардам. Ба Душанбе рафтаму ба Омӯзишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супурдам. Баъди хатми омӯзишгоҳ тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ба ноҳияи Ғарм (Рашт) баргаштам. Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таъин карданд. Он солҳо ноҳияи Тоҷикобод тобеи ноҳияи Рашт буд. Раҳматии Додарҷон Зуҳуров, ки роҳбарии идораро ба зимма дошт, марди кордону донишманд буд. Чанде бо ҳам кор кардем, аммо завқи идомаи таҳсил оромам намегузошт. Ба роҳбари идора дар ин мавзӯъ маслиҳат кардам, писандаш омад. Дуои ӯ ва падарро гирифтаму боз ба Душанбе рафтам. Ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ҳуҷҷат супурда, донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардам. Баъди гирифтани диплом мудирони кафедраҳо мутахассисони ҷавонро мувофиқи донишу маҳорат ба ҷойи кор мефиристоданд. Ҳини тақсими мутахассисон устод Аъзам Пӯлодов ҳузур доштанд. Ҳанӯз намояндаи Вазорати тандурустӣ ҳарфе ба забон наоварда, ба аъзои комиссия рӯ оварду гуфт: «Додарҷон Маҳмадҷонов шогирди мост, вай акнун паҳлуи ман кор мекунад. Додарҷон аз курси дуюм ҳамроҳи ман фаъолият дорад.
Ду маротиба бо маърӯзаҳои илмӣ дар симпозиумҳои умумииттифоқии тиббӣ ширкат варзида, ҷои аввалро ишғол намуд. Медали тилло гирифт ва ба сари баланд ба Тоҷикистон баргашт. Дар ҷарроҳӣ муназзам иштирок мекунад».
Ӯ ҳамеша устодонашро ёд мекунаду бо эҳтиром номи эшонро ба забон меорад. Олимони маъруф Юсуф Исҳоқӣ, Аслиддин Осимӣ, Аъзам Пӯлодов, Аъзам Азизов, Неъмат Усмонов ба вай ҳаққи устодӣ доранд. Аммо нақши Аъзам Тоҳирович дар тарбияи ӯ дигар аст…
- Аъзам Пӯлодов марди наҷиб буданд,- мешунавам садои Додарҷонро. — Байни олимони дунё машҳур. Корҳои илмӣ ва ихтироъҳояшро онҳо эътироф мекарданду дар амал истифода мебурданд. То соли 1964 ихтисоси ҷарроҳи кӯдакона набуд дар Тоҷикистон. Ҳамон сол ӯро мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдакона таъин намуданд. Ӯ дар ин вазифа кореро анҷом дод, ки на ҳар кас дар зиндагӣ қодир аст. Ниҳоят сахтгир буд, вале барои шогирдон меҳрубону дилсӯз.
Соле, ки Додарҷон Донишкадаи тиббиро хатм кард, ба синни 27 қадам гузошта буд. Баъд аз ду соли кор дар бемористон устодаш Аъзам Тоҳирович тавсия дод, ки ба аспирантура ҳуҷҷат супорад. Ба андеша фурӯ рафт. Магар барои таҳсил дар аспирантура дер нашуда бошад? Барои маслиҳат ба деҳа омад. Хост дуои падарро гирад.
- То синни нафақа таҳсилро идома медиҳӣ?- сухани писарашро шунида гуфт амаки Маҳмадҷон. Бас будагист. Ба тарбияи бачаҳоят машғул шав.
- Ин хел нагӯед, раис,- ба суҳбат ҳамроҳ шуд сариқтисодчии хоҷагии давлатӣ Абдусамад Идрисов, ки марди донишманду дурандеш буд. Дар Душанбе садҳо ҷавонони таҳсилкарда орзу доранд, ки устодони фарзона онҳоро барои идомаи таҳсил ҳидоят кунанд. Ба рӯи писари ту бахт хандидааст. Маълум аст, ки донишу маҳораташ ба роҳбарон писанд аст. Ба вай бовар доранд. Шукрона кун ва дуо деҳ.
Амаки Маҳмадҷон ба писараш нигаристу бо аломати ризо сар ҷунбонд…
Солҳо гузаштанду бисёриҳо ҳангоми вохӯрию суҳбатҳо ба амаки Маҳмадҷон арзи сипос мекарданд, ки фарзанди онҳоро писари донишмандаш табобат кард. Ӯ аз фарзанди худ ифтихор мекард.
- Ман бо тавсияи устоди азизам Аъзам Тоҳирович дар мавзӯи «Сангҳои кӯфташудаи иҳлил дар кӯдакони ширхора» ба пажӯҳиш оғоз намудам.
Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар шаҳри Ленинград соли 1987 баргузор шуд. Олимони маъруфи замон он ҷо ҷамъ шуда буданд. Олими гурҷӣ Д. Д. Мурванидзе ба маърӯзаи Додарҷон баҳои баланд дод. Гуфт, ки кори анҷомдодаи шумо барои унвони докторист. Агар қонунҳои амалкунанда иҷозат медоданд, пешниҳод мекардам, ки ба шумо унвони доктори илми тибро диҳанд. Мо шуморо вазифадор мекунем, ки як-ду соли дигар заҳмат кашед, ба унвони докторӣ ноил шавед.
Додарҷон ба Тоҷикистон баргашт. Кори илмиашро идома дод. Афсӯс, ки болои Тоҷикистонро абри тира пӯшиду фоҷиаи бузург рух дод. Дигар масъалаи соҳиб шудан ба унвони докторӣ аз ёдаш рафт. Ҳарчанд кори илмӣ омода буд, вале вазъият имкон надод, ки рисолаи докториашро ҳимоя кунад.
- Ман мутахассиси касалиҳои гурдаи кӯдакон мебошам. Дар вазифаи ассистенти кафедраи ҷарроҳии кӯдакон шаш-ҳафт сол кор кардам. 15 сол мудири шуъба будам. Дар Тоҷикистон бемории дарди гурда байни кӯдакон хеле зиёд аст. Дар давраи фаъолиятам беш аз 2800 ҷарроҳӣ гузаронидам. Хушбахтона ҳамаи он хуб анҷом ёфтааст.
Додарҷон бори аввал дар зиндагӣ аз марги нобаҳангоми ҳамсараш дард кашид. Ҳамсари нозанинаш баъд аз тавлиди писараш Манучеҳр бемор шуд. Ӯро дар Беморхонаи марказии шаҳраки Ғарм ҷарроҳӣ карданд. Ҳамагӣ нуздаҳсола буд. Баъд аз ҷарроҳӣ ба худ наомад. Дар беморхона ҷон доду писари шашмоҳааш бе модар монд. Бо мурури солҳо дарди ҷонгудози ҷудоӣ Додарҷонро азоб медод. Дард гум шуд, аммо ҳанӯз сӯзаш мондааст.
Се сол баъд аз марги ҳамсараш оиладор шуд. Аз зиндагии якҷоя соҳиби чор фарзанд шуданд. Имрӯз фарзандонаш ба мисли падару модар ба Ватану миллат содиқона хизмат мекунанд…
Додарҷон ба тибби тоҷик хизмати арзанда кардааст. Аз тавсифномаи ба ӯ додашуда порае ба ёдам меояд:
«Аз тарафи Маҳмадҷонов Д.М. 131 мақолаи илмӣ, 23 таклифи навоварӣ, 6 дастури методӣ, монография бо номи «Урологияи кӯдакон» ва 3 монография бо ҳаммуаллифон ба чоп расидааст. Муаллифи 5 ихтироот мебошад. Аз соли 1991 ҷарроҳи дараҷаи олӣ буда, бо нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон сарфароз шудааст. Аз соли 2011 то ҳол сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба урологияи кӯдакона мебошад».
- Даврони истиқлолият шароити хуб барои кормандони тиб фароҳам омад. Замони шӯравӣ барои мо маҳдудият буд. Истиқлолият ин маҳдудиятро аз байн бурд. Ман ба Амрико рафта, чор моҳ таҷриба омӯхтам. Се-чор маротиба барои такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Халқии Хитой рафтам.
Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, — мегӯяд ӯ.
Пардаи торикӣ фазои деҳаро батадриҷ мепӯшонд. Аз нав абри сиёҳ осмонро фаро мегирифт. Тундар нақора мезад ва аз омад-омади борон дарак медод. Аз ҷо баланд шудам ва бо Додарҷони Маҳмадҷон худоҳофизӣ кардам. Дилам намехост аз суҳбати ин табиби донишманд бархезам, вале димоғи сӯхтаи ҳаво маро саросема кард…
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»