Такомули «Шашмақом» чунин масир дорад
Оид ба моҳияти «Шашмақом» мухтасар метавон гуфт, ки ба шарофати он фарҳанги ғанӣ ва нотакрори миллати мо ба оламиён рӯнамоӣ гардида, дар ақсои олам маҳбубияти зиёд доштанаш далели бебаҳс аст
Ҳамон тавре пажӯҳишгарон собит кардаанд, «Дувоздаҳмақом» ва меросбари он «Шашмақом» аз суннатҳои силсилахонии замони Сосониён маншаъ гирифтааст. Муҳаммади Нишопурӣ дар асараш «Рисола дар илми мусиқӣ» овардааст: «Ҳафт пардаи аввал (аз «Дувоздаҳмақом») аз ихтирооти Борбад буда, панҷ пардаи дигарро устодони баъдӣ тасниф намудаанд».
Тавре аз рисолаҳои мусиқии асрҳои XIII-XVII «Китоб-ул-адвор»-и Урмавӣ, «Мақосид-ул-адвор» ва «Мақосид-ул-алҳон»-и Абдулқодири Гӯянда, «Рисолаи мусиқӣ»-и Ҷомӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и Кавкабии Бухороӣ, «Туҳфат-ус-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ бармеояд, «Дувоздаҳмақом» дар Эрону Озарбойҷон, Самарқанду Бухоро, Ҳироту Хуҷанд маъмул буд. Аввалин нишонаҳои ба «Шашмақом» табдил ёфтани «Дувоздаҳмақом» дар нимаи дуюми асри XVI оғоз гардидааст.
Истилоҳи «Шашмақом» маротибаи аввал соли 1856 рӯи кор омада, доир ба он дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Мӯсохоҷаи Туркистонӣ (соли 1884) маълумот ироа шудааст. То солҳои бистуми асри гузашта жанри мавриди назар аз рӯи муқаррароти гуногун, аз ҷумла силсилавӣ, иҷроӣ, таснифӣ, аз устод ба шогирд рушд кард.
Иҷрокунандагони асили «Шашмақом» дар охири асри XIX ва ибтидои садаи XX Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ, Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Мирзо Назрулло, Левӣ Бобохон (Левича), Домулло Ҳалим, Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷӣ Абдулазиз буданд. Соли 1920 оҳангсоз ва мусиқидони рус В. А. Успенский (1879-1949), сабти нотавии «Шашмақом» — ро аз донандагони он Б. Носирзода (1845-1928) ва Б. Абдуғанизода (1859-1927) ба нота гирифт ва маҳсули заҳматаш соли 1924 бо номи «Шесть музыкальных поэм» (макомы) дар Москва ба чоп расид.
Боиси таассуф аст, ки солҳои 30-юми асри гузашта дар Тоҷикистон ақидае роиҷ гардид, ки «Шашмақом» мусиқии дарборӣ буда, ба замони нав мувофиқ нест. Дар робита ба ин, нимаи дуюми солҳои сиюми асри ХХ як идда композиторон ва мутахассисони мусиқӣ С. Баласанян, А. Ленский, С. Урбах ва дигарон барои ташкил ва инкишофи мактаби мусиқии касбӣ-композитории тоҷик ба Тоҷикистон омаданд. Ба мусиқии қадимаи тоҷикон жанрҳои нави мусиқии аврупоӣ опера, балет, симфония, консерт, кантата, оратория ва ғайра ворид гардид. Илова бар ин, омӯзиши мусиқӣ ба тарзи аврупоӣ ба роҳ монда шуд.
Ҷанбаи манфии ин раванд дар он зоҳир мегардид, ки ташаккули мусиқии нави касбӣ дар муқобилгузорӣ бо мусиқии анъанавии тоҷик сурат гирифт. Мувофиқи сиёсати он вақт намуди нави мусиқии касбӣ бояд шакли «куҳна»-и онро иваз мекард, зеро ба ақидаи баъзеҳо омезиши мусиқии анъанавии тоҷик бо мусиқии нави касбӣ — композиторӣ (русиву ғарбӣ) ғайриимкон буд. Ин таҳриф боиси таназзули қонуниятҳои мусиқии суннатӣ ва тахриби мактаби «устод-шогирд» гардид.
Беҳтарин намояндагони мактаби иҷроии мақомхонии Бухоро Бобоқул Файзуллоев (1897-1977), Шоҳназар Соҳибов (1903-1972) ва Фазлиддин Шаҳобов (1911-1974) бо ҳидояти устод Айнӣ (1878-1954), дастгирии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров (1908-1977) ба нота гирифтани суруду оҳангҳои «Шашмақом»-ро оғоз карданд. Бояд зикр кард, ки дар ин кор саҳми композитор И. Рогалский низ бориз аст.
Ҷилди якуми «Шашмақом» бо номи мақоми «Бузург» соли 1950 ва мақомҳои дигар (умуман дар панҷ ҷилд, зери таҳрири мусиқишиноси рус Виктор Михайлович Беляев (1886-1968) то соли 1967 ба табъ расиданд. Соли 1964 дар назди Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати РСС Тоҷикистон ансамбли «Шашмақом» таъсис ёфт, ки дар рушди минбаъдаи санъати мақомсароӣ нақши бузург гузошт.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ба шарофати дастгириву таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи сифатан нави такомули мақомсароӣ шурӯъ гардид.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ ва номи устоди «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Дар ин замина, ҳар сол Рӯзи «Шашмақом» таҷлил мегардад. Дар партави ин фармон, дар шаҳру ноҳияи мамлакат дастаҳои мақомсароён ташкил ёфтанд.
Муҳимтар аз ҳама, соли 2003 бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони фарҳангии байналмилали ЮНЕСКО «Шашмақом»-ро шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ эълон намуд.
Дар маҷмӯъ, «Шашмақом» яке аз шоҳкориҳои инсоният ба ҳисоб рафта, ба мо мансуб буданаш боиси ифтихормандист.
Таҳияи Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»