Дар гузашта суннатҳои мардуми ориётабор, бавижа, тоҷикон, аз кишоварзӣ ва корҳои саҳроӣ оғоз меёфт. Бино ба нигоштаи падари таърих Ҳеродот, қавмҳои ориётабори скифу саккоиҳо маросими «Шаҳбарзагов»-ро анҷом медоданд. «Шаҳбарзагов» дар китоби «Авасто» хеле ситоиш ёфтааст.
Бобати Шаҳбарзагов гажгов, қутос (говмеш) аз тури ваҳшӣ дар «BOS PREIMEIDENUS» — қомуси илмӣ – фарҳангии ҷаҳонӣ» ва «Энсиклопедияи советии тоҷик» (саҳ. 321-322. Д, 1980. ҷ.2.) омадааст: «Тури ваҳшӣ чандин ҳазор сол пеш аз милод, дар Аврупою Осиёи вусто, Осиёи кабир ва Осиёи асғар паҳн гардида, ром ва дастомӯз кардани онҳоро турҳо ва саккоиҳо тақрибан (ҳашт) 8 ҳазор сол пеш, баъд аз он дар Осиёи вусто, Осиёи Марказӣ, Ҳинд, кишварҳои баҳри Миёназамин ва Аврупо ба роҳ мондаанд.
Мардуми кишвари Ориёно – (оринажодон), бахусус, тоҷикон ва дигар мардуми Шарқи Наздику Осиёи Вусто, аз қадимулайём ба солшуморӣ «Соли мулчар» ниёз доштанд. Ҳисоби мулчар барои корҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ таърихӣ ва кишоварзӣ истифода мешуд. Он тақвимҳо пурмуҳтаво ва дақиқу санҷида буда, синну соли шахсро низ бехато муайян мекунанд.
Шаҳбарзагов, бақар, наргов ва гов дар тақвими ҳисоби мулчар дар ҷойи дуюм аст. Ин тартиби солшуморӣ дар заминаи таҷрибаю аёният дар илму амал тайи солҳои зиёд ба даст омадааст. Он такрору тағйироти ҳодисаҳои табиат аст, ки дар рӯи кураи замин ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи тақвимҳои гуногун, дар натиҷаи гардиши сайёраҳо дар гирди офтоб ва офтоб дар гирди меҳвари худ аз рӯи ҳаракат ва гардиш аз рӯи бурҷҳои дувоздаҳгона ба вуҷуд меояд.
Аллома Абурайҳони Берунӣ дар осораш «Минтақ-ул-буруҷ-фи-тақвим», «Осор — ул — боқия» ва ҷуғрофидон Номбӣ Омулӣ дар «Китоб-ул-ғурра» ва Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ дар «Ат-тақвим» ва «Наврӯзнома» бар ин ҳаводиси рӯзгор аз назари илми мантиқӣ ниҳоят дақиқу саҳеҳ озмоиш гузарониданд.
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» нигоштае дорад: — «Гуфтанд, ки дар «илми анвоъ» китобе таълим кардаанд, ки зайқа бисту якум ва бисту дуюми аз (ситорагон) сайёрагони бурҷи Савр аст, аъроб ин дуро «Қалби дабарон» мегӯянд».
Яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона, Савр ин исми моҳи дуюми ҳиҷрӣ — шамсӣ рамзи гови дӯшоӣ аст. Он моҳи Савр ва моҳи Урдубиҳиштӣ солшумории форсӣ — ҳиҷрӣ ба шумор меравад. Мавсими бор овардани дарахтону меваҷот ва насловари чорпоён, бахусус говон, маҳсуб мешавад.
Ҳамин тавр, Шаҳбарзагов дар тақвиму илму фарҳанг, маросими кишоварзӣ на танҳо восита барои илму амал ва корҳом саҳро, балки ҳамчун рамзи садоқат, шуҷоат ва далерӣ низ эътироф мешавад.
Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и Абумансурӣ Худованд барои Фаридун модагове бо номи Бармоя ато мекунад, то аз шири ӯ бузургу қаҳрамону далер шавад.
Дар фарҳанги Мисри қадим яке аз худоҳо Птах — Шаҳбарзагов буд. Одамсару ба мисли гов, Худованди кишоварзӣ ва фаровонии ҳосил ба ҳисоб мерафт.
Худо – олиҳа Шаҳбарзагов рамзи гови муқаддаси фиръавнҳои Миср буд. Шаҳбарзагови дигар Анис ном дошт, мардум ӯро дӯст дошта, парастиш мекарданд. Ин гов дар пешонааш рахи секунҷаи сафед дар паҳлую думаш 29 нишона дошт. Вақте ки гов фавтид, мардум 60 рӯз азо гирифт ва рӯза дошта, хайрот анҷом доданд.
Дар китоби муқаддаси қадимаи ҳиндувон «Маҳабҳарата» ва «Рамаяна» Шаҳбарзагов бо исми Шатарма ва Шарза чун худои дини буддоӣ-олиҳа Шива рамзи далерӣ, шуҷоат ва покиву назокат буд. Аз даврони гузашта то ҳол мардуми сарзамини Ҳиндустон барзагов, бахусус гови сафедро, парастиш мекунанд.
Дар асотири Юнони қадим ҷавонмарди паҳлавону зирак Ясон бо барзагови пурзӯру азимҷусса заминро шудгор кард ва тухми сеҳрнок кошт.
Дар «Қуръон»-и карим низ зикри шаҳбарзагов ҳаст. Сураи дуюми китоби муқаддас «Бақара» зикри гов ном дорад ва аз 286 оёт иборат аст. Дар яке аз оятҳои китоб қиссаи куштори марде ҳикоят мешавад, ки дар он қотил худро ошкор намекунад. Офаридгор ба Довуд (а) пайғом медиҳад, ки то ба воситаи Шаҳбарзагов муъҷизаи илоҳӣ рух диҳад ва қотил маҳкум шавад. Дар сураи «Анъом» ва «Ёсин» Офаридгор ҳушдор медиҳад, ки чорпоёнро офарид, то инсон онро тарбия карда, чун ғизо, даво ва пӯшок истифода баранд.
«Оё надидаед, ки аз дасти мо сохтааст, барояшон чорпоёнро офаридем ва чорпоёнро барояшон ром сохтем, аз он баъзе савори он ҳастанд ва аз он баъзеро мехӯранд ва аз чорпоён барояшон манфиатҳо ва ошомиданиҳо ҳаст». Сураи «Ёсин», оёти 71-76.
Мурод аз фармудаи Офаридгор Шаҳгов гови дӯшоӣ аст, чунки шири гов беҳтарин ғизо ва даво барои насли башарият мебошад.
Дар Тоҷикистони биҳиштосо соли Шаҳбарзагов аз рӯи ҳисоби нуҷум ва ахбору манбаъҳои дақиқи илмӣ соли пур аз хайру баракат хоҳад буд. Дар соли Шаҳбарзагов кишоварзӣ рушд карда, гандум, наску нахӯд фаровон хоҳад шуд. Сабзавоту полезӣ ҳосили фаровон медиҳад. Ангуру себ, ноку анҷир ва зардолую шафтолу дар боғот серҳосил гашта, аз порсола арзон ва хонадону дастурхони мардумро ғанӣ мегардонад.
Инчунин, дар соли Шаҳбарзагов дар таърих масалан, моҳи январи соли 1925 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил ёфт. Соли 1949 конфронси давлатҳои сегона: СССР, ИМА, Британия дар Олмон баргузор ва рӯйдодҳои аҷоибе ба амал омадааст. Олмон ба ду лагер: сотсиалистӣ ва сармоядорӣ ҷудо шуд. 12 апрели соли 1961 аввалин инсон — кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз кард. Аз оғози баҳори соли 1985 дар Иттиҳоди Шӯравӣ бозсозӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа, Давлати Шӯравӣ пароканда гашт. Тоҷикистон соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шуд.
Соли 1997 сулҳи тоҷикон ва хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Тирамоҳи соли 2009 1300 — солагии фарзанди шарафманди миллати тоҷик — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) ҷашн гирифта шуд.
Умуман, касе, ки дар соли Шаҳбарзагов зода шудааст, баору номус, соҳиби иродаи қавӣ ва эҳтиром аст.
Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,
рӯзноманигор