Имсол панҷумин Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Бо шарофати озмун, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, ҷойгоҳи китоб дар ҷомеа дигарбора боло рафт. Озмун мардумро ба китобхонӣ таҳрик доду фурӯғи маънавиро дар ҷомеа афрӯхт. Инак, панҷ сол аст, ки дӯстдорони китобро аз дурдасттарин рустоҳо дар пойтахти кишвар ба ҳам меорад. Панҷ соли баргузории озмунро метавон панҷ соли кашфи истеъдодҳои наву умедҳои тоза номид, умедҳое, ки ояндаи ҷомеаи моро бо донишу фаҳмишу фаросате, ки аз китоб бардоштаанд, рӯшантару шукуфотар аз дирӯзу имрӯз хоҳанд кард. Бузургтарин ҳадафи озмуни мазкур ҳамин аст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки…
Аз соли 2019 масъулин чораҳои зиёд андешидаанд то обрӯи озмун боло равад. Ҳайати ҳакамони нуктасанҷи озмун, ки аз зумраи донишмандони кишваранд, ба минтақаҳо сафар намуда, истеъдодҳоро кашф ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳнамун месозанд. Умуман, ҳар тадбире, ки ба нафъи ин чорабинии муҳими фарҳангӣ мебошад, он татбиқ мегардад, ки ба манфиати кор аст. Аз ҷумла, дар тӯли панҷ сол номинатсияҳои озмун тағйир ёфтанд. Маблағгузорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир шудани чорабинӣ зиёд ва имтиёзҳо бештар пешбинӣ гардид. Ғолибони даври чорум ва барандаи «Шоҳҷоиза» баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба донишгоҳ ва ихтисоси интихобкардаи худ, бидуни санҷиш, ройгон қабул мешаванд. Соли аввали баргузории озмун барандаи «Шоҳҷоиза» бо 50 ҳазор, соли дуюм бо 60 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Ин маблағ ҳоло 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин сол маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун 850 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмӯъ се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштирокчиён ин сол миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду ба се нафар ва ғолибони ҳар номинатсия ба 6 нафар расид. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ аз 95 ба 121 афзуд. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун ғолиб мегарданд, бо маблағ, нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мешаванд. Имсол шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва «Шоҳҷоиза» мегарданд, 15 адад зиёд гардида, ба 61- то расид. Волидоне, ки фарзандонашон дар сабқат пирӯз мешаванд, бо нишони «Маорифпарвар» қадр мегарданд.
Назари коршиносон ва ҷомеа ба озмун комилан мусбат аст. Онро муҳимтарин падидаи фарҳангии панҷ соли охир ва муҳимтарин воситаи ҷалби на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки тамоми ҷомеа ба омӯзиш арзёбӣ менамоянд. Андеша доранд, ки дар озмун касе мағлуб намешавад, чунки агар иштирокчӣ дар озмун ғолиб наояд ҳам, мутолиаи китобҳо барояш манфиатовар аст ва донишҳои андӯхтааш роҳнамои зиндагӣ мегардад. Воқеан, дар замоне, ки вазъияти сиёсии ҷаҳон печида асту аз ҳар ҷониб талошҳои ба тафаккури насли наврасу ҷавон таъсиррасонӣ ва ба гурӯҳҳои ғаразнок ҷалб сохтани онҳо мушоҳида мегардад, роҳандозии чунин як озмуни ҷомеапарвар ба манфиати имрӯзу ояндаи кишвар аст.
Аз ин лиҳоз, иқдоми наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо таваҷҷуҳи сокинони кишварро ҷалб намуд ва мардум иштирок дар ин сабқатро ифтихор медонанд. Самари озмун ҳам аллакай дар ҷомеа эҳсос мегардад. Волидон фарзандонашонро ба китобхонӣ талқин мекунанд. Китобу китобхонӣ тавассути радио, телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма аз пештара бештар тарғиб мегардад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ навишта ва барномаҳои зиёдро метавон вохӯрд, ки рисолати аслиашон китобхон кардан ва бо ин роҳ бедор намудани мардум мебошад. Ҳафиз Раҳмон, ки ба ҳайати ҳакамони озмун шомил аст, баъд аз маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории озмуни имсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пешниҳод намуд, ки он озмуни миллӣ эълон шавад. Устод дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии худ чунин навишта: «Ин тадбирро аз ҳама тадобирҳои дигар бояд болотар гузошт, бояд онро озмуни миллӣ эълон кард… онро муҳташамтар, комилтар, зеботар ва фарогиртар бояд кард…».
Дастрасӣ ба китоб ҳамоно мушкил боқӣ мемонад
Хоса ин мушкил барои довталабоне, ки дар навоҳӣ зиндагӣ мекунанд, зеро довталаб дар сурате ба озмун омодагии хуб мегирад, ки ба адабиёти тавсияшуда дастрасӣ дошта бошад. Китобхонаҳои мо, махсусан дар навоҳӣ, ба қадри кофӣ ба адабиёт таъмин нестанд ва ба ин сабаб довталабон ба баъзе китобҳое, ки хонданашон барои ширкат дар озмун воҷиб аст, дастрасӣ надоранд.
Соли гузашта Шаҳло Сайдалиева (хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ноҳияи Данғара) соҳиби «Шоҳҷоиза»-и озмун дар соли 2022 ба мо аз дастрас набудани баъзе адабиёт изҳори нигаронӣ намуда буд.
- Модарам ва устодам адабиётеро, ки тибқи низомнома хонданашон воҷиб аст, аз китобхонаи марказӣ ва китобхонаи Қасри фарҳанги ноҳия ба ман дастрас намуданд. Хусусан, осори адибони ҷаҳонро. Аммо китобҳое буданд, ки аз ноҳия дарёфти онҳо мушкил буд. Ба ин хотир, беш аз як моҳи қабл аз даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллӣ будам, — афзуд ӯ.
Ғолиби мутлақи озмун дар соли 2020 Раъно Насриддинова, ки дар Сор — дурдасттарин деҳаи Панҷакент зиндагӣ мекунад, аз набудани китобхона дар деҳаашон нигаронӣ мекард. Ин сол низ довталабон ошкоро гуфтанд, ки китобҳои заруриро намеёбанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои бартараф намудани ин мушкил бояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»