ҲАР КӢ БО ҲАМСОЯ ДӮСТӢ НАДОРАД…
Боре подшоҳ Си ба подшоҳ Лу мегӯяд:
- Мо ҳамсоя ҳастем. Биё, ба ҳамдигар кумак мерасонем. Рафту душманон ба сарзамини шумо ҳуҷум намоянд, ман дарҳол ба ёрӣ мешитобам. Агар ба шоҳигарии ман ҳамла карданд, шумо ба имдод мерасед.
Лу дар ҷавоб гуфт:
- Иттифоқро аз миёни зӯрон бояд ҷуст. Шоҳигарии шумо аз шоҳигарии ман чандон калон нест. Дар ҷануби Хитой подшоҳ Тин зиндагӣ мекунад, ки хеле тавоност ва мехоҳам, ки вай иттифоқчии ман бошад.
- То шоҳигарии вай чӣ қадар роҳро тай намудан лозим аст? — пурсид Си.
- Бо аспи бодпой дар бист рӯз расидан мумкин.
Он гоҳ Си гуфт:
- Агар шумо ба дарёи мо афтед, оё беҳтарин шиноварони шоҳигарии Тин шуморо наҷот дода метавонанд? То онҳо расида меоянд, ки шумо ғарқ мешавед. Агар дар қасри шумо сӯхтор ба амал ояд, одамон барои об овардан ба ҳавзи наздиктарин мешитобанд ё ин ки ба баҳре, ки дар он тарафи кӯҳ воқеъ аст? Дуруст аст, ки дар баҳр об зиёдтар аст, лек то ба он мерасанд, ки аз қасри шумо танҳо хокистар боқӣ мемонад…
- Шумо оқилона ҳарф задед, — гуфт подшоҳ Лу.
- Дар хотир доред: Ҳар кӣ бо ҳамсояаш дӯстӣ надорад, ба ёрии дӯстони дур умедвор нашавад!
ҲАРИСИ ЗАР
Дар яке аз шоҳигариҳо судхӯре умр ба сар мебурд. Ҳарчанд пулу моли зиёд дошт, вале шабу рӯз дар бораи сабика (реза)-и тилло меандешид.
Рӯзе ба мағозаи ҷавоҳирот ворид шуда, дар раф тиллорезаҳоеро дид, ки рӯи ҳам ба монанди хишт чида шудаанд. Ӯ ҳарисона, мисли ин ки ҷоду шуда бошад, ба онҳо назар кард ва оҳиста яке аз онҳоро ба кисааш андохта, ҷониби баромадгоҳ рафт. Мағоза аз харидорон пур буд ва онҳо диданд, ки чӣ тавр ҳарис тиллоро ба ҷайбаш зад. Дуздро боздошт карда, тиллоро гирифта ба ҷояш гузоштанд. Сипас аз ӯ пурсиданд:
- Умед доштӣ, ки ин тиллоро ба осонӣ аз они худ мекунӣ? Магар надидӣ, ки атроф пур аз одам аст?
- Не, — гуфт ӯ. — Ман ҳеҷ касро надидам. Тиллоро дидам, танҳо тиллоро.
- Вай, дар ҳақиқат, аблаҳ будааст, — садо баланд кард соҳиби мағоза. — Ҳайрон нашавед, — лабханд зад пири хирадманде, ки он ҳамаро шоҳид шуда буд. — Барои одаме, ки ҳариси зар аст, дигарон вуҷуд надоранд.
НЕКИИ ҒАЙРИОҚИЛОНА
Замоне дар Хитой шоҳе буд, ки парандаҳоро дӯст медошт. Вай фаҳмид, ки кӯдакон кабӯтаронро бо камонғӯлак мепаронанд, аз ин рӯ, амр дод:
- Агар касе ба дарбор парандаи зиндаро меорад, соҳиби як мушт биринҷ мешавад.
Инро шунида бачаҳо дигар кабӯтаронро намепаронданду доми бисёр ниҳода, кабутар медоштанд. Ба зудӣ ҳуҷраҳои дарбор аз кабӯтарон пур шуданд.
Иттифоқан, рӯзе ба назди шоҳ хирадманде аз шоҳигарии ҳамсоя омаду кабӯтарони бисёрро дида, пурсид:
- Ба шумо ин қадар паранда чӣ лозим?
Шоҳ гуфт:
- Дигар онҳоро бо камонғӯлак намекушанду ба ман зинда меоранд.
- Чӯҷаҳоро кӣ сер мекунад? пурсид хирадманд.
- Кадом чӯҷаҳоро? — ҳайрон шуд шоҳ.
- Аз парандагоне, ки акнун дар қаср зиндагӣ мекунанд, дар ҷангал чӯҷаҳои нотавон мондааст. Кӣ онҳоро мехӯронад?
- Дар ин бора ман фикр накардаам, — иқрор шуд шоҳ.
Он гоҳ хирадманд гуфт:
- Дуруст, ки кабӯтаронро дӯст медоред, лекин зулме, ки дар ҳаққашон кардед, касе накарда буд. Лонаҳои дар ҷангалбуда пур аз чӯҷаҳои мурдаанд. Шумо панҷсад кабӯтарро наҷот бахшида, панҷ маротиба зиёдтарро нобуд кардед.
- Одами хуб будан чӣ қадар душвор аст! — гуфт шоҳ озурдаҳолона.
Дар ин ҳолат хирадманд гуфт:
- Некиро низ бояд боақлона анҷом дод. Зеро ақл бе некӣ бад аст, вале некӣ низ бе ақл чандон хуб нест.
Тарҷумаи Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»