Солҳои 90-уми асри гузашта, муқовимати шадиди ғояҳо ва ақидаҳо, мухолифати беамони тарафҳои даргир, ғолиб омадани ақли солими инсонӣ ва ба меҳнати бунёдкорона рӯй овардани мардумро хуб дар хотир дорам. Суханони қатъӣ ва боварибахши бародарам — шахси шинохтаи ноҳия дар қалби ҳазорон одам маъво гирифта буд:
- Мардум, пурсабру батоқат бошед, сахтиҳо ва озори айём мегузарад, имтиҳону санҷиши ҳаёт сипарӣ мешаванд. Аз шаҳри Хуҷанд башорати сулҳ расид. Сулҳ баҳор аст, ки баҳор оварад, гуфтаанд. Мардуми мо дӯсту тифоқ мешаванд.
Аз шунидани ин суханҳои ҳароратбахш халқи ҷамъомада орому осуда мегашт. Ҳусейн Холмадов дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и Ҷамоати деҳоти «Саричашма», воқеъ дар иҳотаи кӯҳҳои сарбафалак, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини якуми раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) Ҳусейн Холмадов далелҳое овард, ки бори аввал мешунидам:
- Онҳое, ки ба тадқиқи мардуми мо машғул гаштаанд, зиёданд, — идома дод ӯ. — Мо на ҳамаи онҳоро медонем. Яке аз он мардони ҳақгӯй ва муҳаққиқи номдор Николай Павлов дар васфи халқи тоҷик суханони шоиста гуфтааст: «Аз рӯйи адолат бояд гуфт, ки то ҳол тоҷикон халқи ҷонсахттаринанд. Дар ин ҷаҳон кам миллатест, ки ба мисли тоҷикон зарбаҳои сахт хӯрда бошад, вале агар онҳо камтар имкони нафасросткунӣ ёбанд, аз нав эҳё мешаванд».
Зиндагиномаи фарди наҷибу давраоро, хештаншиносу ватандӯст, ободгару созанда — Ҳусейн Холмадов ибратбахш ва лоиқи омӯзишу пайравист. Номбурда дар хонаводаи шахси серфарзанд ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Холмад Амиров ба камол расида, аз айёми мактабхонӣ ба табиати пурафсуни диёр ва чашмаҳои зулол, рӯдҳои пуртуғён ва кӯҳҳои мудом пурбарф бо кунҷковӣ дида медӯхт. Падар ва амакаш — Шариф Амиров дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардонавор ҷангида, пас аз ғалабаи оламшумули таърихӣ ба Шӯрообод баргаштанд ва дар ободии рӯзгор, пешрафти ҳаёт саҳми муносиб гузоштанд.
- Муваффақият насиби одамони хоболуд намешавад, — мақоли халқиро ба фарзандон — чор писару ду духтар таъкид менамуд падари рӯзгордида. — Ду-се сол кофӣ аст, ки тифл забони модарашро омӯзад, лекин барои одами накукор будан даҳсолаҳо ранҷу азоб кашидан лозим меояд, номи нек беҳ аз сарои зарнигор, гуфтаанд.
Ҳусайн Холмадов — фарзанди нахустини оила (аз писарҳо) хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, аз устодони донишгоҳ, олимони намоёни ҷумҳурӣ — Талбак Назаров, Нуралӣ Гадоев, Зафар Абдуллозода, Ҳотам Аъзамқулов, Ҳабибулло Саидмуродов асосҳои илми иқтисод, банақшагирии хоҷагии халқ, молия ва қарзро омӯхт. Соли 1974 донишгоҳро хатм карда, дар Идораи кишоварзии собиқ ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Ҳамадонӣ) ба кор пазируфта шуд. Солҳои минбаъда дар вазифаҳои иқтисодчӣ, сариқтисодчии совхози пахтакории ноҳияи зикршуда, директори совхози Фрунзе (ҳоло номаш тағйир ёфтааст), директори совхози «Гулистон» дар ноҳияи Шӯрообод, муовини якуми раиси ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддини Шоҳин) барои ободӣ ва пешрафти хоҷагиҳо, осудагии рӯзгори мардум талош варзид.
Бо қарори Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон 28 феврали соли 1991 деҳаи Шӯрообод маркази ноҳияи навтаъсиси Шӯрообод тасдиқ гардид. Яқин аст, ки дар он марҳила сохтмони роҳу дигар иншооти муҳим, аз ҷумла муассисаҳои таълиму тарбия, беморхона, дар мадди аввал қарор дошт. Ҳусайн Холмадов, ки дар давраи нисбатан душвор муовини якуми раиси ноҳия интихоб гардид, зиёда аз даҳ сол (солҳои 1995-2006) дар ин вазифаи масъул кор кард. Имрӯз, ки аз нооромӣ, айёми пуркулфат беш аз ду даҳсола сипарӣ гардид, мардуми огоҳ ва шоҳидони ҳол хидматҳои ин фарди фидоии халқу Ватанро тавсиф менамоянд. Аз ҳама муҳим, ӯ дар дили мардуми водӣ тухми умед ба рӯзҳои некро кишта, боварии онҳоро ба ободии диёр, саодати насли ҷавон, мустаҳкам намудани ваҳдату ягонагии халқҳои ҷумҳурӣ, хотима бахшидан ба кинаю нифоқ ва бенизомӣ бештар мекард. Ин байтҳои дилангез, ки аз забони ӯ садо медод, иттифоқу якдилиро тарғиб менамуд:
Ҳар чӣ дар олам харобӣ рух диҳад,
Аз нифоқ аст, аз нифоқ аст, аз нифоқ.
Он чӣ таъмири харобиҳо кунад,
Иттифоқ аст, иттифоқ аст, иттифоқ.
Тӯли ин солҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин даҳҳо мактабу дармонгоҳ, меҳмонхонаву хонаҳои зебои истиқоматӣ бунёд гардид.
- Аз андарзи гузаштагон каломи се нафар бузургмарди таърихи миллат — Анушервон, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва Низомулмулк ба ман бештар писанд аст, мегуфт Ҳусейн Холмадов. — Анушервони одил ҳикмате дорад беқиёс: «Кишвар ба сипоҳ ва сипоҳ ба дороӣ ва дороӣ ба хироҷ ва хироҷ ба ободонӣ ва дод устувор гардад». Ҳоло ибтидои кор аст. Давлати мо беш аз пеш рушду нумӯъ хоҳад ёфт.
- Ёд дорӣ, раис, дар рӯзҳои мушкил чӣ навъ халқро насиҳат мекардӣ, афтодагону маҷрӯҳонро дилбардорӣ менамудӣ? — мепурсад яке аз пирони кори ноҳия Маҳмадамини 78 — сола ва ба суханаш идома медиҳад:
- Солҳои 1997-2006 аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ мекашидем, лекин Ҳусейн Холмадов мо — халқи одӣ ва заҳматкашро тасаллӣ медод. Боре, дар авҷи кори саҳро, ки ду ҳафта селу тарма фаромад ва илоҷи ба замин даромадан набуд, вай маро ба ниҳолшинонӣ, побел кардани қитъаи алоҳида барои шинонидани ниҳол ташвиқ намуд.
- Аз он айём беш аз даҳ-дувоздаҳ сол сипарӣ гардид, — ҳикояти солҳои душвору пуразиятро ба анҷом расонд марди меҳнат. — Кайҳост, ки дар нафақаам, аксарияти шоҳидони ҳол даргузаштанд, роҳнамои мардуми мо — Ҳусейн Холмадов низ қазо кард. Сарнавишти одамӣ чунин будааст. Лекин боғе, ки бо маслиҳатҳои беғаразаш бунёд гашт, имрӯз бӯстони пурнакҳатро мемонад. Солиёни зиёд аст, ки мардуми водӣ ва хоҷагиҳои ҳамсоя аз он ниҳол мегиранд, барои пайванд намуна мебаранд.
Ёди неки марди номдори водӣ дар қаъри дилҳост. Ҷигарбандонаш чароғи манзили падарро фурӯзон медоранд ва дар хидмати халқи Ватан мебошанд. Ҳамсари ӯ — Зебуниссо Шокирова, ки тамоми умр ба таълиму тарбия машғул буда, имрӯз кору таҷрибаи чилсолаи омӯзгориашро ба ҷавонон меомӯзад.
Дар маҷмӯъ, инсони поксиришт, фарзанди номбардори диёр Ҳусейн Холмадовро мардуми ҳақшиносу қадрдон ба некӣ ёд мекунад. Ба ибораи дигар, аз кори нек номи нек мемонад.
Амирӣ Гулхумор Холмад, табиб