Аз либоси миллӣ ифтихор мебояд

№6 (3800) 13.01.2018

margilan1«Ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих ва суннатҳои худро қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад».

Эмомалӣ РАҲМОН 

Соли 1969 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон рӯйдоди  фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст: дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Осиёи Миёна ва азназаргузаронии санъати миллӣ (ҳунармандӣ, кашидадӯзӣ, бахиядӯзӣ, атласбофӣ) тарроҳони тоҷик ҷойи намоёнро ишғол намуданд. Атласи тоҷик, куртаи нафиси аз шоҳӣ дӯхтаи зани ҳунарвари тоҷик харидори зиёд пайдо кард. Ҳайати доварони озмуни ҳунарҳои бадеӣ, ки аз намояндагони шаҳрҳои бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — Москва, Ленинград (ҳоло Санкт — Петербург) ва Иваново иборат буданд, ба масъулони Тоҷикис­тон маслиҳати нек доданд: ҳамин куртаҳо ва либосҳои миллиро, ки барои ҳар синну сол — тифл, наврас ва духтари қадрас хеле муносиб дӯхтаед, ба озмунҳои ҷаҳонӣ пешбарӣ намоед. Санъати нафиси аълодӯхти ҳунармандони тоҷикро бигузор оламиён бубинанд. «Либоси атлас — зебандаи духтари тоҷик аст» — чунин буд хулосаи эшон.

Маъхазҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои хаттӣ аз хусуси ҳунарҳои халқи мо, бофандагони замони Сомониён ва давраҳои гузаштаи таърихӣ маълумоти зиёд додаанд. Дар асарҳои илмӣ — тадқиқотии Б. Ғафуров, Н. Неъматов, А. Ю. Якубовский, А. М. Беленитский, Ю. Яъқубов ва дигарон анъанаи мактаби суғдии шоҳибофии асрҳои VI-IX, ба Византия ва мамолики атрофи Баҳри Миёназамин, давлатҳои Булғору Лаҳистон ва Фаронса интиқол дода шудани абрешиму шоҳии гузаштагони тоҷикон мисолҳои мушаххас мавҷуданд.

Муҳаққиқони тоинқилобии рус, ки ба ҳаёти мардум, урфу одати халқи кӯҳистон, расму оини тоҷикон, маданияту рафтор ва либос, анъанаҳои дигари мардум эътибори ҷиддӣ дода, тадқиқот ҳам бурдаанд ва китобу рисолаҳои онҳо садсолаҳо муқаддам дар Санкт-Петербургу Маскав ба табъ расидаанд, навишта буданд: «Тоҷикон-мардуми бумии эронӣ, бо симо ва қаду қомати зебо, забони форсӣ ва табиати хоси худ фарқ доранд» (А. Остроумов, «Ведомостҳои Туркистон» №28, соли 1884). Ё қимати баланд ва харидори зиёд доштани банорас, парпашша, беқасаб, адрас ва дигар молу матои миллии гузаштагони ҳунарманди мо аз тарафи академик А. А. Семёнов дар тадқиқоташ таъкид шудааст. «Матоъҳои олиҷаноби ҳунармандони Мовароуннаҳр байни дигар амволи Шарқ бо тозагӣ, дилнишинии ранг ва бадоштияш фарқ карда меистод», — қайд намудааст муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик.

Тамаддуни башарӣ муъҷизаҳои хеле зиёдро дар авроқи таърих ҷой додааст, мисли аҳромҳои Миср, сикаи Искандар, Боғи муаллақ. Вале сандалӣ, ки ҳаври сӯзонаш банду буғумро мулоим мекунад ва ба аъзои инсон нафъ мебахшад, патент (шаҳодатнома) надорад. Ҷомаи ғафси серпахта низ маҳсули дасти модар ва зани тоҷик аст. Онро ҳамчун ихтирои мардуми мо дар ҷое қайд накардаанд. Ҳол он ки аҳамияти ҷома дар ҳама гуна шароит маълум аст. Беҳтарин ва арзандатарин ихтирои халқи мо — гаҳвора, ки тифли тоҷик нахустин садои форами инсонӣ – аллаи дилнавози модарро мешунавад,чун кашфиёти беназир муаррифӣ нагардидааст. Ба ин се ихтирои бузурги халқ атласу адрасро низ илова намудан зарур ва ногузир аст.

Иди атласу адрас (декабри соли 2015, Қасри Арбоби Хуҷанд) ёдам меояд. Суханони ҳароратбахши Пешвои муаззами миллат, ки зимни ширкат дар ин чорабинӣ иброз намуданд, ба равнақи атласу адрасбофӣ мусоидат намуд: «Бештар тараққӣ додани саноати матоъбофӣ, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва пайдо намудани истеъдодҳои ҷавон заминаи муносиб хоҳад гузошт».

Зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ВМКБ модарони нурониро дучор омадам, ки сару либоси миллиро муқаддам дониста, бо он ифтихор мекунанд. Ёдам омад ҳофизаи дӯстдоштаи халқамон Нигина Рауфова, ки бо либоси хушдӯхти маҳаллӣ, куртаи дилнишини атлас дар бар, ба саҳна мебаромад. Он ҳам тарғиби ҳунару зебоӣ ва ҳам маҳсули дастони пурэъҷози халқ буд. Имрӯз, ки бо ташаббуси Сарвари давлат эҳёи анъана ва либоси миллӣ равнақ гирифтааст, ҳар яки моро лозим аст унсурҳои фарҳанги миллиро ҳифз намуда, такомул бахшем.

Мунзима НУЪМОНЗОДА,

директори Муассисаи давлатии «Таҳсилоти

ғоибона барои наврасон ва калонсолон

дар назди Вазорати маориф ва

илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»