Аз мулоқоти наврӯзии Пешвои миллат то рушди кинои тоҷик

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

растушовкаШурӯъ аз соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бо зиёиёни кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намоянд. Ин мулоқот ба ҳукми анъана даромад ва натиҷаҳои дилхоҳ дод. Акнун 20-уми марти ҳар сол ҳамчун Рӯзи зиёиёни эҷодкор таҷлил мегардад.

20-уми марти соли 2001 зимни мулоқоти аввалин бо зиёиёни кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари соҳаҳои илму фарҳанг дар бораи санъати кинои тоҷик низ сухан ронда, баҳри пешбурди соҳа чунин пешниҳоди ҷолиб намуданд: «… Кинои тоҷик марҳилаи душвори фаъолияти худро аз сар мегузаронад. Маҳдуд будани имконияти маблағгузорӣ, пароканда шудани ихтисосмандон, куҳна ва корношоям гардидани дастгоҳҳои филмбардорӣ фаъолияти киностудияи «Тоҷикфилм»-ро хеле суст кардааст. Таҷрибаи самарабахши истеҳсоли филмҳои ҳунарии телевизионӣ низ, мутаассифона, аз байн рафтааст. Барқарор кардани ин соҳа хеле зарур мебошад. Имрӯз лозим аст, ки кино – ин соҳаи бисёр муассир ва фарогири фарҳанги мо аз ҷониби Ҳукумат дастгирӣ ёбад».

Агар ин санаро эҳёи кинои тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ гӯем, хато нахоҳад шуд, зеро мулоқоти судманди Пешвои миллат дар дили эҷодкорон ва зиёиён шуълаи умедро барафрӯхт ва баъди ин вохӯрӣ кори киностудияи «Тоҷикфилм» ҷоннок гардид. Акнун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳар сол барои соҳаи кино маблағи муайян ҷудо менамояд. Ниҳоят, аввалин видеофилмҳои бадеӣ «Муҷассамаи ишқ»-и Умед Мирзоширинов соли 2003, «Ангуштарини номзадӣ» соли 2003 ва «Тақвими интизорӣ»-и Сафарбек Солеҳов, «Овора» — и Г. Муҳаб­батова ва Д. Раҳматов соли 2005 рӯи пардаи синамо омаданд. Ягона филми ҳунарӣ, ки дар плёнкаи кино (35мм) наворбардорӣ шуд, «Қиёми рӯз»-и коргардон Носир Саидов дар соли 2009 буд.

Барои боз ҳам вусъат бахшидани фаъолият ва тарбияи мутахассисон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-уми декабри соли 2004 ба имзо расид.

Ин муддат барномаи давлатӣ – «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2006-2010», «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2011-2015», «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2021», «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2023 — 2027» таҳия ва қабул гардиданд, ки бештари ин барномаҳо дар амал татбиқ шуданд ва шуда истодаанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ таъсис ёфт.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва КВД кино ва ­видеои «Тоҷиккино» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ташкил шуд.

Тоҷикфилм имконият пайдо намуд дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои водии Рашт шуъбаву раёсат таъсис диҳад. Муассиса соли 2018 бо Агентии миллии «Ӯзбеккино» меморандиум ба имзо расонд. Соли 2019 миёни «Тоҷикфилм» ва Кинематографияи Ҷумҳурии Халқии Хитой «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи филмбардории муштарак» ба тасвиб расид.

Пешвои миллат, ки аз таърих ва фарҳанги миллат хуб огоҳанд, дар мулоқоти навбатӣ бо зиёиёни кишвар (аз 20-уми марти соли 2002) боз ба соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид карданд, ки дастранҷи эҷодӣ ва ҳамкориҳои аҳли зиёи тоҷик, кормандони фарҳанг ва адибон ҳанӯз ба таври кофӣ дилхоҳ нест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, зикр намуданд: «Иттифоқҳои эҷодӣ бояд дар тарғиби таърихи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва натиҷаҳои он асарҳо эҷод намоянд. Ман иттифоқҳои оҳангсозон, меъморон, синамогарон, журналистон, ходимони театр ва дигар созмонҳои эҷодию ҷамъиятиро дар назар дорам, ки неруи бузурги зиёиён ва офарандагони асарҳои санъати нафисаро гирд овардаанд».

Ходимон ва эҷодкорони фарҳанг, адибон ҳар як мулоқоти Президенти кишварро бо зиёиёни эҷодкор бесаб­рона интизор мешаванд, зеро дар ин мулоқот ҳатман маслиҳату пешниҳодҳо ироа мегардад, ки дар давоми сол онро чун дастури муфид истифода хоҳанд кард.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 2008, зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар изҳор намуда буданд: «Имрӯз дар тамоми қаламрави собиқ Давлати Шӯравӣ суруди «Дидам ҷамоле» аз филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» машҳур аст, ки матну оҳанги он ба қалами шоири машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода ва бастакори озарӣ Андрей Бобоев тааллуқ дорад. Ин мисолҳо намунаи барҷастаи ҳамкориҳои илмию эҷодӣ мебошанд ва ин бурди ҳамаи мост».

Дар мулоқоте, ки 20-уми марти соли 2007 дар толори маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008-ро «Соли бузургдошти фарҳанг» эълон намуда, аз ҷумла, чунин гуфтанд: «Бовар дорам ин тадбир мақоми илму фарҳанг ва арзишҳои миллии моро рушду нумӯи тоза бахшида, шукӯҳу шаҳомати маъракаҳои дарпешистода, аз ҷумла ҷашни қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Рӯдакиро болотар хоҳад бурд».

Айёме, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дари хешро боз намуд, тамошогарони аввалини он иштирокчиёни мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиё буданд. Пешвои миллат таъкид намуданд: «…Зиёиёни эҷодкори моро зарур аст, ки масъалаҳои нав ва мубрами ҳаёт, офаридани чеҳраҳои даврони истиқлолиятро дар илм, адабиёт ва театру кино ҷасурона намоиш диҳанд».

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Шӯрои бадеӣ ва Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон сол то сол чеҳраҳои диловарони даврони соҳибистиқлолии кишварро дар филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ инъикос менамояд.

Минбаъд, на танҳо дар мулоқот бо аҳли зиё, балки дар Паёми ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаҳои ҳалталаб ва эроду пешниҳодҳо оид ба беҳбуди кори кинои тоҷик низ баррасӣ мегарданд.

Соли 2017 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар заминаи Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба имзо расид. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат арзёбӣ мешавад, ки боиси рушди соҳа гардид.

Муждае, ки киносозони Тоҷикис­тон ва Ӯзбекистонро рӯҳбаланд мекунад, ин бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон банаворгирии филми ҳунарии муштарак дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошад. Таҳияи сенарияи филм бо номи «Дурахши ахтарон» ба охир расид ва рӯзҳои наздик банаворгирии он оғоз меёбад.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»