Аз номи шумо бӯи геран меояд…

№37 (3338) 13.03.2015

Инак, намоиши навбатӣ ба охир расиду пардаи саҳнаи Театри давлатии  ҷумҳуриявии лӯхтаки Тоҷикистон пӯшида шуд ва Геран бо лӯхтаки дар дасташбуда, ба  пардозхона даромад. Аз толори театр садои қарсаки тамошобинони хурдсол ба гӯш  мерасид. Ӯ бошад, ҳанӯз аз дунёи қаҳрамонаш баромада наметавонист. Чанд муддат дар назди оина бо худ гуфтугӯ дошт. Гуфтугӯ аз солҳои сипаригашта ва имрӯз. Вақт чӣ гуна тез мегузарад. Гӯё, ки акнун театр ба бинои нав кӯчида, нахустнамоиши «Саргузашти Нанук»-и Ш.Қиёмовро дар таҳияи З.Ҷаводов пешкаши мухлисони хурдсол  гардонида бошад. Аммо аз ин байн расо 30 сол гузашт. Сӣ баҳор, сӣ мавсими театрӣ ва сӣ соли умри одамӣ.

Геран боз ба оинаи барқади  пардозхонааш дуру дароз нигариста, солҳои гузаштаро варақгардон намуд.

Ӯро Офаридгор маҳз барои зебоипарастӣ ва шеъру сухан офаридааст. Ҳанӯз хондану навиштанро аз худ накарда буд, ки  бадоҳатан шеър мегуфт. Падару модар аз истеъдоди ногаҳонии фарзандашон дар ҳайрат монданд. Вақте ки мактабхон шуд, аз синни ёздаҳсолагӣ ба навиштани шеър ҷиддӣ даст зад. Дар 16-солагӣ аллакай шеърҳои нисбатан шоирона менавишт.

Падар, ки худ аз шеъру шоирӣ бохабар буд, ба духтараш хондани ашъори классиконро тавсия дод. Махсусан Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём, Бедил ва Соибро. Геран баробари омӯзиши ашъори  гузаштагонамон ба адабиёти рус низ таваҷҷуҳи зиёд пайдо кард ва шеърҳои Пушкин, Лермонтов, Анна Ахматова ва дигарҳоро бо шавқ аз бар намуд. Вақте ки дар синфҳои болоӣ таҳсил мекард, ашъори Анна Ахматова, Марина Светаева ва Сергей Есенин ӯро мафтуну шайдои хеш  гардониданд. Ҳама гумон доштанд, ки Геран дар оянда шоираи  ширинкалом шуда, баробари шоираҳои  маъруфу маҳбуби мо ҷо мегирад. Аммо тақдир ӯро ба дигар сӯйи зиндагӣ раҳнамоӣ кард.

Аз синни 15- солагӣ ҳамчун шогирди сардори сехи Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Булбул  Искандарова ба кор даромад ва таҳсилро дар мактаби шабонаи коргарҷавонон давом дод. Булбул Искандароваи номдор ба духтараки резапайкар ва нозукандом модарвор муносибат мекард. Дар муддати кӯтоҳ шогирди навашро бо нозукиҳои касби бофандагӣ ошно намуд. Баъдтар Геран бо тавсияи устодаш факултети  бофандагии Техникуми индустриалии шаҳри Душанберо хатм намуд. Ӯро дар ин коргоҳи он айём бузургу пуриқтидор ояндаи дурахшоне дар пеш буд.

Аммо…

-Нағз дар хотир дорам, ки соли 1985 дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ эълоне чоп шуд, ки тариқи озмун барои Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки Тоҷикистон актёру актрисаҳои ҷавонро ба кор мегиранд. Бо тавсияи модарам дар озмун иштирок намудам. Аъзои ҳакамон хеле сахтгир буданд. Яке аз онҳо актрисаи Театри лӯхтаки шаҳри Москва ба номи С.Образсов — Нина Смирнова хеле серталаб ва хӯрдагирӣ мекард. Бо вуҷуди ҳамаи ин, аз озмун гузаштам ва чун актриса ба Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак ба кор қабул шудам,- мегӯяд ӯ.

Кори заҳматталаби эҷодии ӯ дар театр аз соли 1985 оғоз ёфт.Бо гузашти вақт роҳбарияти Вазорати  маданияти РСС Тоҷикистон барои ҳунарпешаҳои ҷавони театр аз шаҳри Ленинград устодони касбиро даъват карданд ва чанд рӯз машғулиятҳои «Устод ва шогирд» (мастер- класс) гузаронида шуданд.

Геран бо ҳавасу орзуҳои зиёд ба театр омада, тамоми рӯз  машғули ҳунаромӯзӣ буд. Он айём сохтмони бинои нави Театри лӯхтак дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошт ва мавсими нахустини кушодашавии театр ҳам наздик мешуд. Ҳайати эҷодии театр таҳти сарварии саррежиссёри театр Зафар Ҷаводов ният карданд, ки намоишномаи «Саргузашти Нанук»- и Шамсӣ Қиёмовро дар саҳна гузоранд. Машқҳо дар бинои Хонаи пионерони шаҳри Душанбе мегузаштанд. Ба зиммаи актрисаи ҷавону навкор Геран иҷрои нақши Шоҳпаракро гузоштанд.

Ҳафтуми сентябри соли 1985 Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки Тоҷикистон мавсими нави худро бо намоишномаи «Саргузашти Нанук» оғоз кард. Тамошобинон аз нахустнамоиш бо табъи болида ва як ҷаҳон таассурот баромаданд. Шодии актрисаи ҷавон Геран  Одинаеваро ҳадду канор набуд.

Рӯзҳои нахустини фаъолият дар театр  барои ӯ- як духтараки навкори  бистсола хеле мушкил буданд. Таҷрибаи кофӣ надошт.  Намоишномаҳо ба ду забон  мегузаштанд.

- Ман аз Александр Сергеевич Якобсон ба ҳаракат даровардани лӯхтакҳоро  омӯхтам. Апаи Маҳинабону Гасанова ҳамеша маро дастгирӣ карда, кумаку мададрасони мани навкор буд. Пас аз як сол Зафар Ҷаводов иҷрои нақши асосӣ- Нанукро  ба ман бовар кард. Чунин муносибат ба ман рӯҳу илҳом бахшид,- мегӯяд Геран Одинаева.

Бо чунин тарз фаъолияти эҷодии ӯ дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки Тоҷикистон оғоз ёфт. Баъдҳо, ки таҷрибааш зиёд гардид, якбора дар як намоишнома панҷ нақшро бозӣ мекард. Дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки Тоҷикистон чунин ҷоиз аст, ки як актёр метавонад баробар дар панҷ ё шаш нақш бозӣ кунад. Масалан, дар спектакли «Даҳ шоҳзода»-и М.Гусева ва Н.Потапенко (режиссёр З.Ҷаводов, соли 1988), ки дар асоси ривоятҳои ҳиндӣ барои калонсолон таҳия шуд, Маҳинабону Гасанова ҳашт нақши ин спектаклро худаш иҷро намуд. Зебо Муродова низ якчанд нақшро бозӣ кард.

Актрисаи ҷавон низ аз устодонаш кам наомада, панҷ нақшро ба уҳда гирифт ва аз иҷрои онҳо бо сарбаландӣ баромад.

Бояд зикр намуд, ки якбора дар чанд нақш бозӣ кардан осон нест. Вақте ки характери  қаҳрамонҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад, овозро ҳам бояд дигар кард. Яъне, дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки Тоҷикистон роли асосиро  диапазони овози актёр ҳал мекунад.

Батадриҷ репертуари театр ва Геран Одинаева бою рангин мешуд. Ӯ дар намоишнома ва спектаклҳои «Чӯҷаи заррин»- и В.Орлов (соли 1986 бо ду забон), «Замзамаҳои най»- и Ч.Иброҳимов ва З.Ҷаводов (соли 1986), «Офтобак, маҳтобак ва хурӯсак»- и Ш.Қиёмов (режиссёр З.Ҷаводов, соли 1986), «Лаклак ва хӯса»- и Л.Лопейская ва А.Кручилов (режиссёр З.Ҷаводов, соли 1987), «Ҳасанак алфасанак»- и Н.Бақозода (режиссёр З.Ҷаводов, соли 1988), «Бахтинур ва заркокул»- и Ҳ.Нуров (режиссёр З.Ҷаводов, соли 1989), «Вагончаро кӣ дуздид?»-и П.Висотский ва О.Колчинская (режиссёр З.Ҷаводов, соли 1993), «Масхарабоз Балдурин»- и Утс Бросс ва З.Ҷаводов (соли 1990), «Зарифи далер»-и Ф.Тошмуҳаммадов (режиссёр И.Машрабов, соли 1990), «Бешаи макр»- и Р.Самадов (соли 1994), «Ҳадя»- и В.Костинский (режиссёр И.Машрабов, соли 1996) ва ғайраҳо нақшҳои ҷолиб  офаридааст.

Солҳои барои ҷумҳуриамон мушкил Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки Тоҷикистон лаҳзае аз фаъолият бознамонд. Ҳунарпешаҳои театр Маҳинабону Гасанова, Зебо Муродова, Дмитрий Якобсон, Геран Одинаева, Изатулло Сафаров, Усмон Давронов, Неля Узакова, Ҳотам Салимов, андак баъдтар Ситора Муҳаммадҷонова, сарфи назар аз ҳамаи монеаҳо ва вазнинии рӯзгор, театрро тарк накарданд. Он айём аз ҳайати эҷодӣ дар театр ба ғайр аз директор ва саррежиссёр се кас монданд: Геран Одинаева, Зебо Муродова ва Ҳотам Салимов. Андак пас Азиз Рӯзиев ва  Гулбегим Золшоева ҳайати театрро зиёд карданд. Артистони театр маоши кам  мегирифтанд ва аз ин рӯ, ҳама аз пайи рӯзгор ҳар сӯ парешон шуданд. Бо вуҷуди ин мушкилот Геран Одинаева дар театр кор карда, бо Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамкорӣ дошт. Шеърҳояш дар маҷаллаи «Помир» ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп  мешуданд. Аз шеърнависии ӯ дӯстону ҳамкоронаш огоҳ буданд ва навиштани гимни Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл»-ро, ки дар шаҳри Душанбе гузашт, ба зиммааш гузоштанд. Оҳангсози шинохта Шуҳрат Ашӯров ба матн оҳанги хеле мувофиқ эҷод кард. Минбаъд, ҳангоме ки ин фестивал дар шаҳри Душанбе доир гардид, он садо дод.

Ӯ шеърҳои зиёде ба забони русӣ эҷод кардааст, аммо боре аз паси чопи китоб нашудааст. Як лаҳзаи аҷиб Геранро бо инсони шариф ва некхоҳ таърихшинос ва рӯзноманигори маъруф Зафар Дӯстов рӯ ба рӯ кард.

-Ҳар дафъае, ки аз гузаргоҳи зеризаминии Мағозаи марказии пойтахт («ЦУМ») мегузаштам, марди нуроние китобҳои гуногунро мефурӯхт. Ба ман чанд китоби наву куҳна маъқул шуданд, аммо ҳамроҳам маблағ надоштам. Он кас китобҳои интихобшударо ба ман дароз карда гуфт: «Духтарам, ман кам нафарони  китобхонро медонам, ки ин асарҳоро интихоб карда бошанд. Бигир, онҳоро хон ва баҳравар шав». Пас бо ин марди наҷиб аз наздик шинос шудам. Он кас Зафар Дӯстов буданд ва баъдҳо барои чопи маҷмӯаи нахустини шеърҳоям раҳнамоӣ кард. Бо кумаки Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби шеърҳоям таҳти унвони «Остывщее солнце» (Душанбе, «Мустаон», соли 2003) аз чоп баромад. Аз ин лиҳоз, аз устоди арҷманд Зафар Дӯстов хеле сипосгузор ҳастам,- изҳор намуд Геран.

Алҳол ӯ китоби навашро таҳти унвони «Планета кукольного театра» ба чоп омода кардааст. Китоби нав аз таърихи лӯхтакҳо, театрҳои кӯчагӣ, таъсири  лӯхтакҳо дар тарбияи кӯдакон ва ҳоказо қисса мекунад.

Геран Одинаева бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ дар спектаклу намоишномаҳо бозӣ мекунад. Тарҷумаи шеърҳо аз тоҷикӣ ба русӣ низ ба қаламаш тааллуқ доранд. Масалан, спектакли «Ҳадя»- ро барои тамошобинони хурдсоли русзабон «Сюрприз» тарҷума карданд, аммо дар навиштани матни шеърҳо мушкилӣ кашида, ба ҳамкорашон Геран Одинаева муроҷиат намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки Тоҷикистон зери роҳбарии саррежиссёри он Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ маълуму машҳур аст. Намоишнома ва спектаклҳои театр дар фестивалу озмунҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби диплом ва  ҷоизаҳо гардидаанд.

-Дар хурдсолӣ лӯхтакбозиро нағз медидам ва соатҳои дароз бо  дугонаҳоям лӯхтакбозӣ мекардам. Кӣ медонист, ки ин шуғли кӯдакӣ дар оянда касби асосии ман хоҳад шуд?

Ба ҳар ҳол лӯхтакбозӣ хеле аҷиб аст. Лӯхтаки беҷонро гирифта, ба ҳаракат даровардан ҳам ҳунари  ҳар кас нест. Вақте ки ҳунарпешаҳои театри мо лӯхтаки беҳаракатро ба даст гирифта, вобаста ба  табъи дилашон ба сухану ҳаракат  медароранд, лӯхтак механдад ва лозим  шавад, гиря ҳам мекунад. Ҳатто роҳ мегардад. Магар ин муъҷиза нест?

Метавон гуфт, ки актёри театри лӯхтак сеҳргар аст. Охир ӯ лӯхтаки беҷонро зинда карда, ба ҳаракат медарорад, ба ӯ хулқу атворро ато мекунад.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Геран Одинаева дар солҳои 1985- 1990 дар баробари иҷрои нақшҳо дар театр, инчунин шаш намоиш ва барномаҳои солинавиро барои мухлисони хурдсолаш пешкаш намудааст.

Дар байн актрисаи дӯстдоштаи мо Геран Одинаева фурсат ёфта, факултети режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуд ва маҳорату малакаи худро боз ҳам афзун кард.

Ӯ худро хушбахт меҳисобад, ки бо шахсиятҳои шинохта ва маъруфи фарҳангӣ, ба мисли Артисти халқии Тоҷикистон Шамсӣ Қиёмов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов, оҳангсозони маъруф, Арбобони шоистаи санъати Тоҷикистон Фирӯз Баҳор, Геннадий Александров, Константин Тушенок, Амирбек Мӯсоев, Қудратулло Яҳёев, шоири маҳбуби бачаҳо Наримон Бақозода ҳамкории эҷодӣ дошт. Аз ҳар кадоме ба худ чизе гирифт ё омӯхт. Бесабаб нест, ки Наримон Бақозода аз ҳунарнамоии ӯ илҳом гирифта, дар  сифаташ навиштааст:

 Аз номи шумо бӯи геран меояд,

Аз чеҳраатон рашки чаман меояд.

Аз санъататон ба лӯхтакони беҷон,

Ҷон ба тану ба лаб сухан меояд.

Хаёлҳои ширину гуворои Геранро ҳамкоронаш пароканда карданд. Охир дар пеш Иди байналмилалии Наврӯз қарор дорад. Барои табрики кормандони театр матни пурмазмун ва шеърҳои мувофиқ навиштан лозим аст. Ин корро танҳо Геран Одинаева метавонад иҷро кунад. Ӯ бо майли том аз назди оина хеста, қаламу коғаз ба даст гирифт. Пас аз чанде матни зебо ва шеъри наву расо тавлид меёбад.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»