Ӯро ҳамеша бо эҳтиром «ака» мегуфтам. Дар урф ва фарҳанги муошират ба ҳар шахси бузургсоле ба нишони эҳтиром ва қаробат «ака» мегӯянд. Аммо ҳар дафъае, ки ӯро «ака» хитоб мекардам, ҳамеша ин ҳис дар вуҷудам аз худ дарак медод, ки ӯ воқеан бародари бузурги ман аст. Ин эҳсоси қаробати инсониро аслан ӯ дар дили ман илқо карда буд, бо самимият, бо муҳаббат, бо меҳрубонӣ, бо хулқи хуш, бо ҳамнавоӣ ва бо ҳар эҳсоси амиқу латифи инсоние, ки бародар нисбат ба бародар дорад. Аммо ҳазорон афсӯсу дареғи умри одамӣ, ки ӯ бо рафтанаш моро аз ин ҳама хайру хубӣ маҳрум кард ва ҷойи як бародари бузургро дар канор тиҳӣ гузошту рафт. Ва дардноктар аз ҳама ин аст, ки ҳеҷ чизи дигаре наметавонад ин неъмати аз дастрафтаро талофӣ кунад.
Лаҳзаҳое, ки танҳо мемонам, симои моил ба табассуми акаи Нуриддин дар назарам зоҳир мешавад, аммо ӯ дигар бо ман мисли пешин сухан намегӯяд, вале ҳама ҳарфи дилашро дар нигоҳаш мехонам. Балки ин суханро бо гӯши ҷонам мешунавам: «Аз одами нек номи нек мемонад». Ӯ ҳамеша ин маъниро дар суҳбатҳо талқин мекард, ки номи некро намешавад ба инсон туҳфа кард ё онро аз бозор харид, номи некро одам бояд бо амалҳои нек соҳиб шавад.
Зиёд сухан намегуфт, аммо ҳар суханро санҷида мегуфт, бештар мусоҳибашро мешунид. Ин хислаташро ман хеле меписандидам, ки холӣ аз ҳикмат набуд. Дуруст аст, ҳар кӣ бештар мешунавад, бештар фаро мегирад, бештар меомӯзад ва дар сухану назари дигарон бештар тафаккур ва тааммул мекунад. Ҳамин буд, ки ҳамеша ҳамсуҳбаташро ботамкин гӯш мекард. Ҳангоми суҳбат бештар аз гузашта нақл мекард. Ба мӯйсафедон эҳтироми хос дошт. Онҳоро кони ҳикмату намунаи ибрат ва пайванди рӯзгори дирӯзу имрӯз медонист. Худ ҳам, ба қавле, як ганҷури пурбори хотирот ва саргузаштҳои талху ширин буд. Барои ман ин тавонмандияш ҳамеша қобили таваҷҷуҳ буд, ки дар робита ба ҳар як мавқеият ва муносибати пешомада аз кулбори хотирот ҳикояти муносибе барои гуфтан дошт. Ва иттифоқан дар баёни саргузашт истеъдоди аҷибу наҳваи зариф дошт. Аз хотираҳои қиблагоҳаш бобои Раҳмон қисса карданро дӯст медошт. Зоҳиран, аз нақлҳояш, тавре ки мо хулоса мекардем, бо падараш мисли як рафиқ, як ошно, як дӯст муносибат доштааст акаи Нуриддин. «Худораҳматӣ, бо вуҷуди он ки шахси эҳтиёҷманд буд, хайру эҳсон карданро ба муҳтоҷон бисёр дӯст медошт, — нақл мекард акаи Нуриддин дар бораи қиблагоҳаш. — Ҳар гоҳ ҳоҷати ятимеро бароварда мекард, таҳти таъсири он амали хайр то чанд рӯзи дигар хушҳол мегашт. Ҳамин ки нафақаашро мегирифт, барои ятимҳои кӯчаву маҳал ягон чиз харида медод, баъд монанди як «гунаҳгор» аз худораҳматии модарам «узрхоҳӣ» мекард: — Марям, як кор кардам, ҷангам намекунӣ? — изҳор мекард ба модарам бо оҳанги дилёбӣ».
- Боз чӣ кор кардӣ? — мепурсид модарам бо як ҷиддияти сохта, ки гӯё аз чизе хабар надорад (дар асл хулқу атвори шавҳарашро хуб медонист).
- Аз сари пули нафақаам барои сағераҳои кӯча камтарак харҷ кардам.
- Кора кардӣ, нав аку мепурсӣ, — гӯё сиёсаташ мекард раҳматии модарам, аммо дар таҳи дилаш аз хайри сарвари хонадон хушнуд мешуд, зеро худораҳматии модарам ҳам одами бисёр дастбахайр буд. Ятимони бародарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳидшудаашро худораҳматии модарам худаш асра карда буд, дарди ятимонро хуб медонист», — қисса мекард акаи Нуриддин аз бобои Раҳмону момаи Марям.
Ман он замон дарёфтам, ки ин ҳисси ҳамдардиву ҳамнавоӣ бо дигарон дар тинати акаи Нуриддин ва бародару хоҳараш аз куҷо сарчашма гирифтааст. Борҳо дидаам, ки ӯ ҳангоми адои некие, ки ба дигарон мекард, чӣ қадар хушҳол мешуд ва аз ғояти фараҳмандӣ чашмонаш барқ мезад ва чеҳрааш медурахшид.
Оре, ҳар кӣ қадри дигаронро бидонад, Худо хораш намекунад, балки дараҷоташро боло мебарад.
Ин ҳикматро акаи Нуриддин ба фарзандон низ омӯхтааст. Осори тарбияти падар дар одобу рафтор ва хулқу атвори фарзандон ҳувайдо аст. Мисли як боғбони дилсӯзе, ки ҳар як ниҳоли боғашро бо меҳр парвариш мекунад, акаи Нуриддин бо тарбияти наку фарзандони шоиста ва баркамоле ба ҷамъият тақдим кардааст.
Воқеан, ӯ боғдориро хеле дӯст медошт. Дар ин боб, агар бигӯям, ки ӯ як деҳқони асили тамомъиёр буд, муболиға намекунам. Кору заҳмати пайвастаи акаи Нуриддин дар замин, мазрааҳои серҳосилу боғҳои пурбори бунёдкардааш далели муҳаббати амиқи вай ба касби деҳқониву қадрдонии замин аст. Заминро хуб идора мекард. Дар ҳар қитъаи киштбоб зироат мекошт ва бар паҳнои теппаҳову пуштаҳои бекори атроф боғ бунёд мекард. Боғи бунёдкардааш дар деҳаи тарккардаи падарияш Шингихо низ аллакай ҳосил медиҳад. Мардуми маҳаллӣ дар ин боғҳову мазрааҳо соҳиби кор ва ризқу рӯзии ҳалоли деҳқонӣ гардидаанд. Худ ҳам дастурхонашро ҳамеша бо ҳосили заҳмат меорост. Ба ғайр аз қанду қандалот, боқӣ неъматҳои рӯи дастурхонаш аз ҳосили дастранҷи худаш буд. Ман ҳеҷ гоҳ рӯи суфрааш нони бозориро надидаам. Аз гандуми деҳқонии худ орд мекард ва аз орди деҳқонии худ нон мехӯрд. Ин барояш мояи ифтихор буд ва ӯ воқеан ҳам ин ҳақро дошт, ки аз касбукори деҳқонӣ биболаду ифтихор кунад.
Акаи Нуриддин фарди хеле нуктадон буд, аз ҳар илме баҳра дошт ва ҳамеша бо ин сифати хеш ҳамсуҳбатонро ба ҳайрат мегузошт. Кас тааҷҷуб мекард, шахсе, ки якумр аз паси кори деҳқонӣ гаштааст, аз куҷо ин қадар маълумот дорад? Боре аз ӯ пурсидам, ки бо ин ҳушу заковати саршор чаро дар ягон донишгоҳ таҳсил накардед? Посухаш хеле табиӣ ва қонеъкунанда буд:
- Солҳои навҷавонии мо бо худ мушкили зиёде дошт ва худораҳматии қиблагоҳам он замон дасттанҳо буд. Модарам доим таъкид мекард, ки дасти падарро гирем, танҳояш нагузорем. Ҳамин тавр, вақте ки аз мактаб бармегаштам, обу тӯша гирифта, ба сари замин, ба кумаки падар мешитофтам.
Оҳиста-оҳиста бо замин унс гирифтам, заминро дӯст доштам, бо замин мондам. Ҳар кӣ бо замин муомила кунад, ба ивази яки додааш даҳу саду ҳазор мегирад. Баракати замин дигар аст. Ростиву саховатмандиро аз замин бояд омӯхт, — мегуфт акаи Нуриддин.
Ҳоло суҳбатҳои ширину пурҳикмату пурмазмунашро хеле пазмон шудаам, ҷояш дигар дар канорамон холии холист. Ӯ акнун ба ҷаҳони дигар сафар кардаву ҳасрати дидори гармашро бароямон гузоштааст. Худованди бахшандаи меҳрубон биомурзадаш, ки инсони шариф ва нек буд. Дуо мекунем, ки хонаи охираташ обод бошад. Тӯшаи сафари охираташ аз мо дуои неку зикри хайр аст. Ва ҳақ ба ҷониби шайх Саъдии Шерозист, ки мефармояд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикр хайр зинда кунад номро.
Тоҷиддин Пирзода,
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор