Фаъолияти ибратбахш

Ӯ аз пайи инкишофи тафаккури насли наврас аст

№158-159 (3143-3144) 19.12.2013

MҚурбон Авғонов 26 октябри соли 1963 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Дастпарвари факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад. Фаъолияти кориашро дар шуъбаи илмӣ — методии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  ба ҳайси методисти калон оғоз кардааст. Баъдан ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба кор омада, аввал дар вазифаҳои лаборант, омӯзгор дар факултети китобдорӣ фаъолият намуда, барои такмил бахшидани фаъолияти касбии худ соли 1994 ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ шомил гардид.  Соли 1997 дар мавзӯи «Ҷанбаҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар мисоли мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиашро ҳимоя кард. Номзади илмҳои педагогӣ.

Солҳои 1999 — 2003 мудири кафедраи библиографияшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Бо  Қарори Кумита оид ба мактабҳои олии Вазорати илм ва сиёсати техникии Федератсияи Россия ба унвони дотсентӣ мушарраф шудааст.

Аз соли 2003 инҷониб директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар мебошад. Зиёда аз 100 асару мақола таълиф кардааст. Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Насли наврас насли ояндасоз мебошад. Биноан, бо назардошти синну сол, сатҳи фаҳмиш ва савияи донишу маданият, онҳоро тарбият бояд кард. Дар ин кор масъулияти калонсолон хеле калон мебошад. Бояд аз  хурдӣ нисбат ба Ватан, арзишҳои инсонӣ дар дили кӯдакон чароғеро фурӯзон намоем. Ин чароғ китоб аст. Китобе, ки дари ҳама илму маърифатро ба рӯйи инсон боз менамояд.

Дар шароити феълӣ ҷомеа барои тарғиби адабиёт, ҷалби наврасон ба китобу китобхона ва кашфи эҷодкорони ҷавон шадидан ниёзманд мебошад. Дар ҷомеа  шахсоне ҳастанд, ки рисолати инсониашонро пайваста дар баланд бардоштани савияи дониш ва тафаккури насли наврас ва кӯдакон мебинанд.

Қурбон Авғонов аз зумраи чунин шахсон буда, даҳ сол инҷониб барои рушди маънавиёти ҷомеаву миллат, бахусус кӯдакону наврасон, пайваста заҳмат мекашад.

Замоне ки ӯ ба Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба кор омад, андешааш атрофи асарҳои бачагона куллан дигар буд. Яъне, чунин мепиндошт, ки барои хурдсолон эҷод намудан нисбат ба калонсолон осонтар аст, вале чун бо офарандагони осори кӯдакона робитаи зич пайдо кард, дарёфт, ки барои кӯдак асареро эҷод намудан ва ё офаридан кори саҳл набуда, меҳнати сангинеро талаб мекунад.

Ҷараёни таълифи адабиёти бачагона аз замонҳои пеш сарчашма мегирад. Масалан, вақте ки осори Убайди Зоконӣ, Сайидои Насафӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ ва даҳҳои дигарро бодиққат мутолиа мекунед, равшан мегардад, ки тавассути образҳои офаридаашон онҳо кӯдаконро ба некиву накукорӣ, бунёдкориву созандагӣ, эҳтироми волидон ва арзишҳои миллӣ раҳнамун мекунанд.  Қ. Афғонов дар яке аз баромадҳояш аз афзудани пайравони ин суханварони мумтоз, ки тадриҷан сафашон зиёд мешавад, истиқбол намуд, вале аз кам рӯ овардан ба адабиёти бачагона ва коҳишёбии сафи адибоне, ки маҳз барои бачаҳо эҷод намоянд, изҳори ташвиш дошт.

-Барои  кӯдак кӯдакона бояд офарид, то дар дарки он офарида душворӣ накашад, зеро кӯдак дили ҳассосу нозук ва хотираи қавӣ дорад. Ҳар чӣ ки ба завқи ӯ мувофиқ аст, тез аз худ менамояд.  Шеърҳои Мирсаид Миршакар «Ман калон мешавам», «Гумон набаред», Гулчеҳра Сулаймонова «Бибиҷон» ва шеъри Бобо Ҳоҷӣ «Алла» муассиру дилнишин буда, якумр дар хотир боқӣ мемонад. Нафаре, ки мақсади барои кӯдак офариданро назди худ мегузорад, аввалан бояд дарку фаҳмиши ӯро ба инобат бигирад, то амсоли адибони дар боло номбаршуда муваффақ гардад-, мегӯяд ӯ.

Бинобар ин, бо мақсади тарғиби китоби тозанашри бачагона, ошноии кӯдакону наврасон бо адибони нав ба арсаи адабиёти бачагона қадамгузошта, ҷалби бачаҳо ба китобу китобхона ва пайдо намудани падидаҳои нав ҳамасола аз ҷониби Китобхонаи  давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Яке аз масъулини ин чорабинии фарҳангӣ номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Авғонов мебошад, ки бо дастгирии вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо шаҳомати хоса ин фестивалро таҷлил менамоянд.

Бояд гуфт, солҳо инҷониб масъулини китобхонаи мазкур бо сабаби надоштани бинои хос баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»-ро дар дигар маконҳо доир мекарданд. Хушбахтона, соли ҷорӣ бори нахуст ин фестивал дар саҳни пештара Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шуд. Алъон як қисми ин бино ба ихтиёри Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар гузошта шудааст.

Муовини директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Беҷода Гуленова  роҷеъ ба фаъолияти корӣ ва хислатҳои ҳамидаи Қурбон Авғонов чунин мегӯяд: -Устод Қурбон Авғонов инсонест некдил, меҳрубон ва нисбат ба кор садоқатманду серталаб мебошад. Бо талошҳои ӯ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанги кишвар аз бинои собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои Китобхонаи  давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар ҷой ҷудо шуд. Бо роҳбарии ин марди наҷиб ҳарҷи зудтар он ҷо муҳити корӣ созмон ёфт. Барои пуршукӯҳ таҷлил намудани  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти  сарварии роҳбари таҷрибадор Қ. Авғонов тавонистем, ки ин фестивалро дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намоем. Алҳол нафаре нест, ки нисбат ба директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар устод Қурбон Авғонов ҳарфи саршор аз меҳр нагӯяд.

Хусусан, донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки аз донишу малака ва таҷрибаи педагогии ин марди шариф пайваста баҳра мебаранд, бо меҳр ҳарф мезананд, — изҳор дошт Б. Гуленова.

Имсол Қурбон Авғонов ба синни мубораки нимасраи умраш қадам гузошт. Ӯро  бо панҷоҳумин баҳори умри бобаракаташ табрику таҳният гуфта, барояш сабурию  сиҳатмандӣ ва обрӯю матонати бештарро таманно менамоем.

Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум»