Аз пушти дари хотира

№11 (4431) 18.01.2022

Эй кабӯтар номаро бар ҷониби ҷонон бубар,

Пеш аз ин гар нома мебурдӣ, ту ҳоло ҷон бубар.

Аз хазинаи радиои тоҷик суруди ҳофизонеро, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, мешунавониданд ва қатори чанд сарояндаи номдор Саймуддин Бурҳонов ҳам суруд хонд. Байти боло матлаи суруди вай буданд. Овози ширину дилрабои ӯ моро ба гузаштаи дур бурд…

Пеши назар симои зебову нуронӣ ва чеҳраи хандони сарояндагии номдор ҷилвагар шуд. Суҳбати ӯро ба ёд овардам. Он қадар ғазалу рубоӣ медонист, ки ҳисобаш гум ва гоҳо байтҳои алоҳидаро чунон шарҳ медод, ки аз суханшиносии вай дар ҳайрат мемондед.

Рӯзи дигар дар ҳуҷраи кории хабарнигорони рӯзномаи ноҳиявӣ дар бораи шодравон Саймуддин Бурҳонов ва ҳунари овозхонии ӯ баҳс шуд. Ривоҷиддин Тоҷиддин, корманди рӯзнома бо шавқу рағбат дар бораи суруди мазкур, ки бори аввал шунида буд, қисса кард.

Яке аз шабҳои моҳи сентябри соли 1968 тӯи хонадоршавиам буд. Меҳмонҳо аз деҳаҳои атроф ҳузур доштанд. Он солҳо маъракаҳо асосан дар ҳавлиҳо гузаронида мешуданду кӯдакон ҳам иштирок мекарданд.

Дар маърака Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Саймуддин Бурҳонов таронасароӣ кард. Ӯ аз ишқ мехонд, аз Ватан, аз модар, аз табиату ҳусни зебои диёр мехонд. Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, касе хоҳиши хона рафтан на­дошт. Баъд аз анҷоми ҳар як сурудаш аз ҳар гӯшаи маърака садоҳои эй раҳмат, офарин, зинда бошӣ, овозат хаста нашавад, ба гӯш мерасид.

Суруди навбатии ӯ «Эй кабӯтар» ном дошт, ки ба гуфти худи ҳофиз онро бори аввал дар маърака месароид. Ҳарчанд мардум хоҳиши шунидани сурудҳои нав ба навро доштанд, лекин ӯ ба сароидани ҳамин суруд маъракаро ҷамъбаст кард. Пагоҳӣ сартарошонро низ ӯ гузаронид.

Бо сетор хонд, бо сеторе, ки саросар нақшин буд бо сеторе, ки барояш хеле азиз ва аз устоди азизаш Мудин Бадриддин ба ӯ ёдгор монда буд.

Саймуддин Бурҳонов соли 1928 дар деҳаи Ярхичи собиқ ноҳияи Ҳоит дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Лекин тақдир ба ӯ бевафоӣ карду соли 1933 модари азизаш ва соли 1934 падари бузургвораш аз дунё гузаштанд. Ӯ дар тарбияи модаркалонаш монд. Барояш давраи мушкили зиндагӣ оғоз гардид. Ба ҳама сахтии зиндагӣ нигоҳ накарда, хубу аъло мехонд. Овози хушу дилкаш ва истеъдоди худододи ҳофизӣ дошт. Тағояш Мудин Бадриддин, ки дар деҳаи Ярхич зиндагӣ мекарду дар қатори ҳофизони шинохтаи ҳамон давра ном бароварда буд, гоҳ — гоҳе ӯро наздаш хонда, машқи навохтан ва сурудхониаш медод. Мудин Бадриддин дастпарвари мактаби Аҳмади Танбурӣ — яке аз сарояндагони шинох­таи сурудҳои классикӣ буд.

Бо сабаби мушкилиҳои зиндагӣ модаркалонаш маҷбур мешавад ӯро ба Хона — интернати кӯдакони ноҳияи Ҳоит супорад. То синфи шашум он ҷо тарбия гирифта, баъд аз вафоти модаркалонаш ба деҳаи Ялдамич ба хонаи тағояш меояд. Дар давраҳои таътил ба зодгоҳаш рафта, дар назди устодаш санъати навозандагӣ ва ҳофизиашро такмил медод.

Бар асари заминларзаи шадиди соли 1949 деҳаи Ярхич низ ба монанди дигар деҳаҳои Ҳоит валангор гардид. Ҳазорҳо одам қурбони ин ҳодисаи мудҳиш гардиданд. Зиндамондаҳо ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ кӯч бастанд. Аз ҷумла, М. Бадриддин ба шаҳраки Ғарм меояд. Муддате ин ҷо зиндагӣ карда, баъдан ба ноҳияи Вахш меравад.

Дар ҳамон сол С. Бурҳонов ғоибона ба Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия дохил шуда, дар як вақт ба омӯзгорӣ машғул мешавад. Дар мактабҳои миёнаи шаҳраки Ғарм ва 7-солаи деҳаҳои Бедак ва Кочон кор кардааст. Саводи баланд ки дошт, дар таълиму тарбияи насли наврас ҳам муваффақ буд. Дар баробари синфҳои ибтидоӣ, ба хонандагон аз фанни суруд ҳам дарс мегуфту роҳбарии маҳфили ҳаваскорони мактабҳоро ба уҳда дошт. Ҳамин тавр, то соли 1964 омӯзгорӣ кард. Он солҳо тӯи арӯсии ҷавонон бе иштироки ҳофиз намегузашт ва ҳама кӯшиш мекарданд, ки ҳофизи маъракаашон Саймуддин бошад. Ӯ низ даъвати ягон нафарро рад намекард.

Аз ашъори оламгири ниёкон мехонд. Худованд ба ӯ овози ширину форам ва ширадору ҳунари волоро насиб карда буд.

Аз шунидани сурудҳояш кас илҳом гирифта, фароғат мекард. Як давра бо Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Акашариф Ҷӯраев шиносоӣ пайдо карда, аз мактаби бузурги ӯ низ омӯхт. Бо ҳофизони номдори замони худ Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Абдулло Назриев, Шумқор Одинабеков, Саломатшо Назриев, Ҳусейн Насриддин ва дигарон дӯстӣ ва ҳамкорӣ дошт. Якҷо бо онҳо дар чандин консерти сатҳи ҷумҳурӣ суруд хондааст.

Ӯ тавонист, ки сурудҳои «Аҷаб дилбар», «Оҳуи дар кӯҳсор», «Куртаи шоҳӣ», «Эй кабӯтар», «Ханҷар ба ҷонам мезанӣ», «Парвонаи ишқ», «Чӣ медонӣ» ва чандтои дигарро сабт намояд, ки алҳол дар фонди ­тиллоии радио маҳфузанд. Бо ин сурудҳояш ӯ дар ҷумҳурӣ шуҳрат пайдо кард. Ҳамин буд, ки ҳунари волои ӯ соли 1960 бо унвони баланди Ҳофизи халқии Тоҷикистон қадр карда шуд.

Маҳбубияти зиёд дош­танашро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи роҳбари театри халқии ноҳия таъин намуданд. Зери роҳбарии ӯ ҳофизони ҷавону умедбахш Аврод Бурҳонов, Фозил Одилов, Давлат Ҷӯрабеков, Муҳаббат Ҷомиев, Донёрбек Абдуллоев, Шумқор Эшонов, Асрор Шамсов, Арбоб Азизов ва чанде дигарон барои кор даъват шуданд. Ӯ дар ин вазифа 22 сол пурмаҳсул кор кард.

Дар давраи роҳбарии ӯ фаъолияти театри халқии ноҳия хеле боло рафт. Кормандони он ба дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ сафарҳои зиёди эҷодӣ дош­танд. Бо мақсади пурра гардонидани хотираҳоям дар бораи шодравон С. Бурҳонов бо чанд тан аз шиносу наздикони вай ҳамсуҳбат шудам.

Сокини деҳаи Ғарми боло Ҳабиб­раҳмон Абдуҷамилов, ки ҳамсояи наздики ӯ буд, дар борааш хотираҳои зиёд дорад.

Аз ҷумла ӯ зикр кард, ки дар хоксориву фурӯтанӣ, самимияту одамгарӣ, меҳмоннавозиву инсондӯстӣ мисли шодравон Саймуддин дар ҳаёт инсонҳо хеле камшуморанд. Афзуд, ки он вақтҳо ҳар бегоҳӣ дар чойхона-фароғатгоҳи деҳа одамони зиёд ҷамъ мешуданд. Бо навбат яке аз онҳо ҳамаро зиёфат медод. Он ҷамъомадҳо бе сурудхонии ӯ намегузаштанд. Ҳар як сурудаш маънии хеле баланд дошта, шунавандаро ба риояи одобу ахлоқи инсонӣ, дӯстдорию муҳаббат доштан ба якдигар даъват мекард.

С. Бурҳонов дар деҳаи Ғарми боло бо духтари дӯстдоштааш оила барпо намуда, то охири умр хушу хурсандона зиндагӣ кард. Тӯли зиндагии якҷоя соҳиби чор фарзанд шуда, яке аз фарзандонаш Субҳониддин роҳи падари бузургворро интихоб кард, дар тӯйҳо ва ҷамъомадҳои ноҳиявию даъватӣ суруд мехонад. Ҳар як сурудаш рӯҳи падарро зинда карда, пеши назари мардум симои қиблагоҳашро ҷилвагар мегардонад.

Соли 2008 — ум барои Субҳониддин хотирмон ва фаромӯшнашаванда аст. Он сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт сафари корӣ доштанд. Бахти Субҳониддин омад карду дар назди Пешвои миллат суруди омодакардаашро хонд. Бо супориши Пешвои миллат ӯ ба шуъбаи овозхонии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов қабул шуда, баъд аз хатми он ҳоло ҳамчун сарояндаи ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки сарояндаи ҷавону умедбахши ноҳия Бурҳониддин фарзанди Субҳониддин набераи шодравон Саймуддин Бурҳонов мебошад, ки алҳол миёни мардум маҳбубияти зиёд дорад. Номбурда ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2020 мебошад.

- Бобоямро надидаам, вале пайваста сурудҳои эҷодкардаи ӯро, ки сабт гардидаанд, гӯш мекунаму қавл медиҳам, ки то охири умр дар пайраҳаи ӯ қадам мезанам, — мегӯяд ӯ.

Зиндаёд Саймуддин Бурҳонов дар ҷодаи санъат равиши худро ёфта бошад ҳам, худро ҳамеша шогирди устоди азизаш Мудин Бадриддин медонист. Соли 1952 ӯ ба аёдати устодаш Мудин Бадриддин ба ноҳияи Вахш меравад, чанд рӯз ҳамроҳаш мемонад. Дар бозгашт устодаш ба ӯ асбоби мусиқӣ — сеторашро туҳфа мекунад, ки то охири умр бо ҳамон мехонд.

Ӯ орзуи зиёд дошт. Мехост бо эҷоди сурудҳои тоза хотири ҳаводоронашро шод гардонаду дар ин роҳ шогирдони нав ба навро тарбия намояд.

Шукри беҳад аз он мекард, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шуду муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахси дурандешу ғамхору дилсӯз Сарвари давлати он.

Ҳазорҳо афсӯс, ки замони ҷанги таҳмилӣ ӯ қурбони тири ноҷавонмардон гашту бо ормони зиёд ҷаҳонро тарк гуфт.

Ба хотири зиндаву ҷовидонӣ нигоҳ доштани номи ин ҳофизи нотакрор бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия яке аз кӯчаҳои шаҳраки Ғарм номи ӯро дорад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»,

Ривоҷиддин ТОҶИДДИН,

рӯзноманигор