Хатсайре, ки имкон медиҳад сайёҳон зимни як сафар аз чанд намуди саёҳат баҳравар гарданд
Чанде пеш бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ рӯзноманигорон ва намояндагони вазорату идораҳо бо хатсайри сайёҳии Душанбе — Айнӣ — Панҷакент шинос шуданд. Он дар ҳамкорӣ бо ширкати логистикии «Аsian Express» дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ шуда, имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар, дар баробари тамошои мавзеъҳои назаррабои водии Зарафшон, ҳамчунин, аз ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ боздид намоянд. Пеш аз оғози сафар раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода доир ба захира ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон маълумот дода, изҳор дошт, ки бояд ҳар чӣ бештар минтақаҳои тамошобоби кишвар таблиғ шаванд, то сайёҳии дохилӣ низ рушд ёбад.
Хатсайри Душанбе — Айнӣ — Панҷакент роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ, иншооти зиддитармавӣ, нақбҳои автомобилгард, конҳои канданиҳои фоиданок ва заводу фабрикаи шафати роҳ саёҳати шаҳрвандонро рангоранг менамояд…
Сайёҳони хатсайри нахустинро раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар деҳаи Зосун истиқбол гирифт. Ӯ доир ба ноҳияи Айнӣ, ки яке аз минтақаҳои сайёҳиву саноатии кишвар мебошад, маълумот дод. Аз ҷумла, зикр кард, ки ноҳия бо Искандаркӯл, кӯлҳои Аловиддин, кӯҳҳои Фон, парваришгоҳи «Сойи Вота» ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангии «Манори Варз», оромгоҳҳои Шамси Табрезӣ, Нақибхон Туғрал, Хоҷа Исҳоқи Валӣ, қалъаи Муғ ва даҳҳои дигар маъруф аст.
Намояндагони ВАО ва вазорату идораҳо дар деҳаи Зосун қабри Нақибхон Туғрали Аҳрориро зиёрат карда, хона — музеи шоирро тамошо карданд. Қобили зикр аст, ки дар доираи таҷлили 150-солагии Нақибхон Туғрал соли 2015 Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии шоир, ки аз оромгоҳ, пайкара, гулгашт ва хона — музей иборат аст, навсозӣ шуд.
Хона-музеи шоир дар заминаи хонаи истиқоматие, ки аз ҷониби ӯ соли 1904 сохта шудааст, ташкил гардид. Дар он сарулибос, ашёи рӯзгор, китоб ва дигар экспонатҳо ҷой дода шуда, нақшу нигор ва шакли меъмории хона дар шакли асл маҳфуз аст.
Набераи шоир Муаттарахон Икромова ва директори Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии Нақибхон Туғрал Хоҷааҳмадхон Алихонов доир ба ҳаёту осор ва марги фоҷиавии Туғрали Аҳрорӣ маълумот дода, гуфт, ки номбурда соли 1865 дар деҳаи Зосун таваллуд шуда, таҳсилро дар Самарқанд ва Бухоро давом медиҳад. Пас аз хатми мадраса ба зодгоҳаш бармегардад, аммо то замони ба қатл расидан робитаашро аз марказҳои тамаддуни тоҷикон, хусусан, шаҳри Самарқанд, наканд. Замони дар қайди ҳаёт будан девони ашъори шоир (соли 1916 дар Когон) ба нашр расидааст.
Аскарони сурх Нақибхон Туғралро ҳамчун донандаи забони русӣ барои барқарор кардани Ҳукумати Шӯравӣ дар болоби Зарафшон ҳамроҳ мегиранд. Соли 1919 дар яке аз муҳорибаҳои бебарор барои ишғоли деҳаи Вешаб, шоир ба туҳмат гирифтор шуда, 28-уми июни ҳамон сол дар мавзеи Боғи Шамоли деҳаи Сангистон қатл мешавад.
Пас аз деҳаи Зосун саёҳат дар маркази ноҳия — деҳаи Варзи Манор давом кард. Он ёдгории асри X-XI буда, таҳкурсиаш бо санг дар масоҳати 4х4 бо баландии 1,7 метр сохта шуда, қисмати болоиаш бо баландии 13 метр аз хишти хом бунёд ёфтааст. Дар дохили он барои баромадан ба қисми болоӣ зинапоя мавҷуд аст. Бино ба гуфти масъулини бахши фарҳанги ноҳия, он аввалин манор дар водии Зарафшон мебошад, ки соли 2008, бо мақсади эмин доштан аз харобшавӣ, бо конструксияи металлӣ шишабандӣ шуд.
Пас аз Манори Варз меҳмонон Қасри фарҳанги ноҳияро тамошо карданд. Он дар заминаи собиқ бинои синамо бунёд шуда, соли 2015 пас аз бозсозӣ аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино бо санъати меъмории миллӣ оро дода шуда, аз утоқҳои кории кормандони бахши фарҳанг, толор бо 400 ҷойи нишаст, осорхона, синфхонаи компютерӣ, толорҳои омӯзиши сурудхонӣ, рақс ва ҳунарҳои мардумӣ иборат мебошад.
ШАҲРЕ БО ЗАХИРАИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ
Моро дар деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент муовини якуми раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода ва дигар масъулин пешвоз гирифтанд.
Мақбараи Муҳаммади Башоро яке аз ёдгориҳои нодир дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, асрҳои XI ва XIV сохта шудааст. Маълум, ки дар он олим ва орифи машҳур Муҳаммади Башоро дафн гардида, баъдан, чанд нафари дигар, ки дар обод кардани мақбара саҳм гузоштаанд, ба хок супорида шудаанд.
Хона — музеи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ соли 2001 ба ифтихори 60 — солагии шоир дар заминаи хонаи падарии шоир ташкил ёфтааст. Дар он либосҳои шоир дастхату асар, китобҳо ва мизу курсии кориаш ба маъраз гузошта шудааст.
Саёҳат дар ёдгории Саразм, ки таърихи 5500-сола дорад, идома ёфт. Масъулини Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент меҳмононро дар дарвозаи Саразм, ки ба ифтихори ҷашни 5500 — солагӣ хеле зебову рамзӣ бунёд гардидааст, пешвоз гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сентябри соли 2000 ёдгории 5500 — солаи Саразм мамнӯъгоҳи таърихӣ — бостоншиносӣ эълон гардид.
Баъдан, бо супориши Президенти кишвар масоҳати ёдгорӣ муайян гардида, мавзеъҳои коркардшудаи ҳафриёт болопӯш шуданд. Масоҳати он 47 гектар буда, 17 гектараш панҷарабандӣ шудааст. Аммо ҷоиз ба зикр аст, ки Саразм зиёда аз 100 гектар масоҳат доштааст.
ЁДГОРӢ АЗ ДЕВАШТИЧ
Яке аз ёдгориҳои нодири дигари водии Зарафшон шаҳри Панҷакенти қадим мебошад. Он бештар бо суратнигораҳояш машҳур аст. Кофтуковҳои бостоншиносӣ дар он аввали солҳои 30-юми асри гузашта шурӯъ гардидааст.
Дар натиҷаи тадқиқот маълум шудааст, ки шаҳр аз чор қисм иборат аст. Қисми якум шаҳристон, ки масоҳаташ 13,5 гектар буда, дар дохили он нафарони ба тиҷорат машғулбуда ва ҳунармандон зиндагӣ мекарданд, қисми дуюм қалъаи шоҳ дар масоҳати 2 гектар ва қисми сеюм работ дар масоҳати 70 гектар мавҷуд буд. Қисми чоруми шаҳр қабристон аст, ки дар ҷанубу шарқии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Сокинон аз рӯйи оини дини зардуштӣ дафн шудаанд. Ҳангоми ҳафриёт маълум шудааст, ки шаҳр ду дарвоза дошта, дар маркази он ду бинои боҳашамати ибодатхонаи зардуштӣ ҷойгир будааст.
Яке аз ҳокимони он замон Деваштич аст, ки қасри ӯ дар паҳлуи шаҳри Панҷакенти қадим мавҷуд буд.
Дар асри VIII арабҳо ба хотири паҳн кардани дини ислом ба Осиёи Марказӣ лашкар кашида, аксари минтақаҳои он, аз ҷумла, пойтахти давлати Суғд шаҳри Самарқандро, забт кардаанд. Деваштич бо ҳокимони Истаравшан, Шаҳристон ва Хуҷанд робита барқарор намуда, нақшаи муборизаи озодихоҳии миллиро кашид. Арабҳо аз ин амали Деваштич огоҳ шуданд, аз шаҳри Самарқанд ба Панҷакент 10 ҳазор аскар фиристоданд. Солҳои 720-722 арабҳо шаҳрро оташ заданд. Деваштич ба қалъаи Муғ паноҳ бурд. Чун арабҳо ба он ҷо расиданд, Деваштич ба хотири эмин мондани мардуми маҳаллӣ худашро таслим менамояд. Ӯро ба қатл расонида, сарашро ба Бағдод мефиристанд.
САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ИҚТИСОДИЁТРО РУШД МЕБАХШАД
Ҳабдаҳуми июн бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ — омили рушди иқтисодӣ» конференсия баргузор гардид. Муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода дар оғоз, доир ба минтақаҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент маълумот дод. Зикр шуд, ки ҳар сол сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ барои тамошои Ҳафткӯли афсонавӣ, пойгоҳи сайёҳии Артуч, Кӯли калон, ёдгориҳои таърихии Саразм ва Панҷакенти қадим, оромгоҳи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мавзеъҳои дигар омада, баробари фароғат, ғизои маънавӣ мегиранд.
Бино ба гуфти номбурда, ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ мунтазам тадбирандешӣ шуда, 23 ширкати сайёҳӣ, 4 маркази истироҳатӣ, 10 меҳмонхона ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Сардори Раёсати рушди сайёҳии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонзода, директори Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, профессор Саидмурод Бобомуллоев, узви Шӯрои ҷамъиятии «Зарафшон» оид ба туризм Шодмонқул Сангинов доир ба иқдомоти амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва захираҳои сайёҳии Панҷакент маълумот пешниҳод карданд.
ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ АбӮабдуллоҳи Рӯдакӣ
Басо рамзист, ки сафари намояндагони воситаҳои ахбори омма ва вазорату идораҳо бо зиёрати оромгоҳи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба охир расид. Масъулин дар бораи ҳаёт, фаъолият ва осори устод Рӯдакӣ, хусусан таърихи пайдо кардани қабр ва офаридани чеҳраи устод Рӯдакӣ, маълумоти ҷолиб пешниҳод карданд.
Метавон гуфт, ки водии Зарафшон бо захираҳои бузурги сайёҳӣ имкон медиҳад, ки сайёҳон зимни як сафар аз саёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ, истироҳативу фароғатӣ ва таърихиву фарҳангӣ баҳравар гарданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Душанбе — Айнӣ — Панҷакент – Душанбе