Аз рисолаи «Минҳоҷ-ул-орифин»

№109 (3255) 20.09.2014

Озори кас махоҳ, то озурда нашавӣ.

***

Беҳудагӯйиро сирри ҳама офатҳо дон.

***

Он кор кун, ки ҳақ писандад.

***

Тарки гуноҳ гир, агар луқмаи ҳалол хоҳӣ.

***

Ҳадди ҳар чизро нигаҳ дор, то дар фитна наяфтӣ.

***

Ҳурмат нигаҳ дор, то муҳтарам гардӣ.

***

Ба ҳақ паноҳ гир, то халос ёбӣ.

***

Дар тангиҳо сабр кун, то фараҳ ёбӣ.

***

Дар амонат хиёнат макун.

***

Дуруштӣ бигзор, то наздики ҳама дӯст гардӣ.

***

Суҳбат бо некон кун, агар кори нек мехоҳӣ.

***

Қаноат кун, агар тавонгарӣ хоҳӣ.

***

Инсофи халқро бидеҳ, то ситамгар нашавӣ.

 

Нақлу ривоятҳо

 

Султони Баҳромшоҳ аз муридони мухлиси Сайид буд. Ин ҳоким шабе машруботи зиёд хӯрда, маст шуд ва дар он мастӣ тамоюл дошт, ки корҳои бад анҷом бидиҳад. Масалан, касеро ноҳақ ба қатл расонад. Дар мастӣ ба хоб рафт ва Алии Ҳамадониро ба олами рӯъё дид, ки ба ӯ гуфт: Эй подшоҳ, аз Худованди мутаол ва расвоии рӯзи қиёмат шарме надорӣ, ки ин тавр бадкориҳоро анҷом медиҳӣ?

Боре анҷоми феъли бад ва иртикоби қатли ноҳақро аз ту ҷилавгирӣ кардам ва дар отия мувозиб бош.

  ***

Дар он рӯзгор зане ошуфтаҳол бо номи  Лоло дар Кашмир зиндагӣ мекард, ки нимурён дар ҳар шаҳру биёбоне роҳ месипард ва таронаҳои маънавӣ месуруд. Чун аз ҷиҳати урёнӣ бар вай таъна мекарданд, мегуфт: шумо марди ҳақиқӣ нестед ва маро ба ҳиҷоб аз шумо ниёзе нест. Ҳамин Лолои урён чун рӯзе аз дур Шоҳи Ҳамадонро дид, фарёд баркашид, ки вой, ӯ мард аст. Пас аз ҳазрат гурехту ҷома пӯшид ва ба хидмат бозгашт ва ислом овард ва ба шарафи тавбаву талқин мумтоз шуд. Дар ин ҳангом синни умри Лоло аз чиҳил сол мутаҷовиз буд.

   ***

Шабе дар хонақоҳи Шайх Азконӣ Алии Ҳамадониро воқеае дар хоб даст медиҳад. Дар он воқеа шайх Азконӣ Сайидро бози сафеде ҳадя кард ва бисёре аз авлиёи Аллоҳ, ки он ҷо буданд, ӯро табрику таҳният мегуфтанд. Алии Ҳамадонӣ таъбири он рӯъёро фарзанд дарк кард. «Баъд аз он ба ҳукми он бузургвор чун дар синни чиҳил расидам, мутааҳҳил шудам, Худои таоло чанде баъд маро фарзанде дод ба номи Муҳаммад».

Сайид Муҳаммад тақрибан 20 сол баъд аз издивоҷи Алии Ҳамадонӣ мутаваллид шудааст (соли 774 ҳ.), аммо дар бораи синни духтари Алии Ҳамадонӣ, ки завҷаи Хоҷа Исҳоқ буда, иттилое дар даст нест, вале ҳамоно аз Сайид Муҳаммад бузургтар будааст.