Аз сапеда дил кандан кори сахт душвор аст

№10 (4593) 06.01.2023

Ҳар дӯконерост савдои дигар,

Маснавӣ дӯкони фақр аст, эй писар.

Ҳар шоире, ки ба шаҳри адабиёт ворид мешавад, дӯконе боз мекунад ва ба сару савдои хеш машғул мегардад. Аз ин ҷост, ки шоирон бо ҳузури хеш ба гулбоғи адабиёт рангу бӯ ва таровати хос меоранд. Агар ба адабиёти муосири тоҷик назар андозем, савдои шеърро дар дӯконҳои гуногун мушоҳида мекунем ва шоиронеро мебинем, ки ин бозорро гарм нигаҳ медоранд.

Субҳия низ ба адабиёти мо оҳиста, вале бо нафаси гарм ворид шудааст ва имрӯз чун шоири ғазалсаро машҳур аст. Забони шеъри ӯ содаву равон буда, ширинии хосе дорад, ки таваҷҷуҳи хонандаро зуд ба худ мекашад. Аммо ин ҷо, мо аз ишқ суҳбат мекунем, ҳамон ишқе, ки Субҳияро гирифтор кардааст ва мисраъ-мисраъ ғазалҳояш пайғоме аз он эҳсоси ширин, вале дардолуд, зебо, вале ҷонсӯз аст. Мо дар китоби «Шамими ёсҳои бунафш»-и шоир ин ишқро ба тамошо менишинем ва хӯшаҳои нури онро мушоҳида мекунем.

Ишқ, дил ва ғазал се вожае ҳастанд, ки дар ин китоб таҷаллӣ мекунанд, бо ҳамдигар нафас мекашанд, зиндагиро дар вожаҳо сӯзу соз мебахшанд. Ғазал барои шоир воситаест, ки ҳис ва андешаро тавлид мекунад. Агар ба таври дигар гӯем, ғазал мисли пулест, ки шоир аз дил ба даргоҳи ишқ мекашад. Рӯи ҳамин пул ишқ дому дона мегузорад ва дилро сайд мекунад. Ин пул гоҳе навори киноро мемонад, ки ба ҳам расидани дил ва ишқро ба тасвир мекашад.

Имшаб ба хилват мекашам дарду азобамро,

То кас набинад аз ғами ту печутобамро.

Имшаб даруни сина исён мекунам, оре,

То аз нигоҳи ғайр пӯшам изтиробамро.

Субҳия дар худ мепечад, дарду азоб, изтиробу печутоби худро дар ҳиҷоби шеър пинҳон кардан мехоҳад, аммо шеър мисли маҳтоб рух менамояд ва роз ошкор мегардад.

Эй ишқ, эй шаҳри хароби олами эҳсос,

Шояд, ки бар дасти ту биспорам ҳисобамро.

Ҳамон эҳсоси дард, фарёди дил, ранҷ, ашк, шодӣ, умеду ноумедист, ки ишқро дар чашми шоир мисли як шаҳри хароб менамоёнад, шаҳри аз ҳам пошидаву шикаста ва дар айни ҳол ҳамаи ин эҳсосотро дар худ танида.

Нафаси зане, ки дили худро гирифтори доми ишқ сохтааст ва Сиёваши армонҳояшро дар оташи он раҳо кардааст, дар вожазори ғазалҳо дамида мешавад ва аҷиб он аст, ки ин ҳама дарду изтироби шоир бо садои ҷонсӯз, вале нарми вожаҳо яке мешавад.

Рӯзу шабам фироқи туро озмудан аст,

Милоди дида чашм ба рӯят гушудан аст.

Аммо ишқи шоир «таронаи зебои зиндагист», ки барои ситудани меҳри ёри хеш эҷод шудааст. Эҳсоси поки дили зан қодир аст, ки ин ҳама дарду ранҷи ишқро таҳаммул кунад ва онро ба таронаи зебои зиндагӣ мубаддал созад.

Гар ишқи ман таронаи зебои зиндагист,

Шояд барои меҳри ту аз дил ситудан аст.

Ғазалҳои Субҳия равону латиф, зебову дилнишинанд. Забони шеъри ӯ забони меҳр ва дӯстдоштанҳост.

Нози ишқро кашидану дарди ишқро бар­доштан сахт душвор аст, аммо шоир дар ин дунё фақат ҳамин ишқро дорад. Сӯхтан, гудохтан, ғам, дард, эҳсоси нигаронӣ ва тарси фироқ драматизмро дар аксари ғазалҳои шоир тақвият бахшидааст:

Рӯзе, ки сарнавишт қалам зад баҳори ман,

Бо хатти ғам навишт магар чашми чори ман.

* * *

Ба рағми кӯрии чашми фалак маёзорам,

Сапедаам, ки хаёли ту то саҳар дорам.

Дар ғазале, ки бо ин матлаъ оғоз мешавад:

Куҷо донӣ, чӣ мушкил дорад ин дил,

Аламҳои ту дар дил дорад ин дил.

Азобу фироқи қаҳрамони лирикӣ ба тасвир кашида шудааст. Ба бовари шоир ҳарчанд ғазали дил комил аст, аммо бе чашми ёр мавзун нест. Ёри ғоиб, ҳарчанд ки ошиқро дар оташи фироқ месӯзад, ба ӯ ранҷу озор меорад, вале боз ҳам дар чашмонаш хушгил менамояд. Дарди ҳиҷронро аз ёр не, озори замон мепиндорад:

Зи озори замон ҳарфе надорад,

Ки чун ту ёри хушгил дорад ин дил.

Ишқе, ки шоир аз он суҳбат мекунад, пайғоми покиҳову сабуриҳост. Ишқи мастурест, ки дар дил хона дорад, ҳамон ишқест, ки бо пардаҳои ҳаё печидааст, мисли бӯи гул дар барги гул ва он ишқ шеър аст, шеъри бебаён:

Як шеър буд, ишқи ману ту, баён набуд,

Шукри Худо, ки чашми касе дар миён набуд.

Ва поинтар мефармояд:

Гуфтам худам барои худам соя мешавам,

Вақте касе ба ҷуз ғами ту соябон набуд.

Дар шеъри Субҳия ишқ ҳолу ҳавои заминӣ ё маҷозӣ дорад. Ёри дили ӯ, ҳарчанд нопайдост, дар осмонҳо нест, балки дар осмони дили шоир мақом дорад. Бо вуҷуди ин гоҳо байтҳое дар шеъри ӯ ҳолу ҳавои ирфонӣ касб мекунанд, ки бо ишқи заминӣ омехта мешавад ва ин як раванди табиӣ ба назар меояд. Намуна:

Хоҳам нашавад ошиқу беишқ бимирад,

Он дил, ки дар он замзамаи ишқи Худо нест.

Ранг ва замон дар ашъори шоир ҳамеша дар ҳоли тағйир аст, аммо садоқат, меҳр, вафо ­тағйир намеёбад. Субҳия аз «билоди меҳрубониҳо салом» меорад. «Зиндагониро шабеҳи лаҳзае, ширину талх» дар фосилаи бомдоду шом мешиносад. Дар фосилаҳо ишқ мисли як рӯъёи зебо шоирро имтиҳон мекунад.

Имшаб нигоҳи хастаи ман пурбаҳона буд,

Ашкам ба рӯи бистари шаб дона – дона буд…

Рафтӣ куҷо, наёмадию ишқ ҳам гузашт,

Оне гувоҳи қаҳри ту бошад замона буд…

Оташи ишқ аст, ки дар дили шоир забона мезанад ва мисраъ-мисраъ ғазалҳои ӯро доғ месозад. Субҳия аз сарзамини ишқ меояд ва пайғоми эҳсоси буданро замзама мекунад:

Субҳаму аз бомдоди ишқ меоям яқин,

Гармии меҳрам зи чашми офтоб овардаам.

* * *

Шеър, эй ишқи Худо, тозатарат мегӯям…

* * *

Барои ҳар қадамат кохи ишқ ороям…

* * *

Эй ишқ, бо ҳузури ту изҳор мешавам…

Ниҳоят шоир дар ғазале мегӯяд:

Як чаман вафо хоҳам ёри сустпаймонро,

Шоха-шоха гул орам субҳи ишқдомонро…

Аз Сапеда дил кандан кори сахт душвор аст,

Гар ба чашми кам бинӣ лолаи кӯҳистонро.

Воқеан ҳам, шеъри шоир ҷозибае дорад, ки ошиқони каломи нобро ба худ мекашад ва аз Сапедаву ғазали Сапеда дил кандан «кори сахт душвор аст».

ВОРИС,

 «Садои мардум»