Аз таърихи парчамдории тоҷикон

№ 23.11.2022

Парчам муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, ифодагари соҳибистиқлолию  соҳибватании ҳар халқу миллат мебошад.

 Парчам ва пайдоиши он  таърихи зиёда аз 4 ҳазорсола дошта, аввалин парчамҳо дар Хитой, Миср ва Эрон пайдо шудаанд. Мардуми тоҷик аз азал соҳиби парчам буд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз Дирафши Ковиёнӣ ёд мешавад.

Фурӯҳиш  з-ӯ сурху зарду бунафш.

Ҳаме хондаш  «Ковиёнӣ дирафш»

 Ин ҷо Дирафши ковиёнӣ ливои Коваи оҳангарро дар назар дорад, ки аз замонҳои қадим Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номуси  ҳар як миллату  халқият маҳсуб меёфт. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ  бори аввал Коваи оҳангар пешдомани чармини худро ҳамчун парчам ба муқобили Заҳҳоки хунхор истифода намуда, ба пирӯзӣ ноил гардид ва аз ҳамон давра то имрӯз мо парчамро  ҳамчун рамзи пирӯзӣ истифода мебарем.

   Дирафш аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, парафкандан сохта шудааст. Вожаҳои «ахтар ва дирафш»-ро дар замонҳои пешин чун  «Нишон» ва  «Парчам» ба кор мебурданд.

   Дирафши Ковиён то замони сукунати давлати Сосониён  дирафши миллии тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шакли он тағйир ёфта дар қисми болои он парандаи заррин – мурғи ҳумо ҷой дода шуд.

  Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри VII мансубанд, тасвири Парчами Суғдиёнро метавон мушоҳида  кард.   Деворнигора чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар  бо ёронаш ҷонибе  равона аст ва дар сари найзаи ду нафари онҳо парчамҳои зардранги  сегӯша дида мешавад. Чуноне, ки дар «Шоҳнома» омадааст, ҳар як паҳлавони бузургу номдори сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст.

     Соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърих- Куруши Кабир Империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиён таъсис  дода шуд. Дар парчами Ҳахоманишиҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.

     Соли 1753 манғитиҳо дар Бухоро ба сари ҳокимият омаданд. Соли 1785 хони манғит — Шоҳмурод хонигарии Бухороро ба Аморат табдил дода, худро амир эълон кард. Парчами Иморати Бухоро сабз буда, дар байнаш тасвири моҳ ва як ситора дошт. Ҳамчунин, дар парчам панҷаи даст ва бо хати арабӣ  калимаи тавҳид  навишта шуда буд. Бо шарофати Инқилоби октябр парчами сулолаи манғитиён  аз байн рафта, Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии  Тоҷикистон таъсис ёфт.

    Парчами аввалини давлати сотсиалистии Тоҷикистон баробари таъсисёбии ИҶШС соли 1922 эҳё гардид. Конститутсияи соли 1924 –и  Иттиҳоди Шӯравӣ парчами сурхи дар кунҷи боло тасвири дос ва болға, дар болои он ситораҳои панҷгӯшадоштаро қонунӣ  гардонид .

Дар моддаи 93 Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 1931 дар бораи Парчами давлатии ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон сухан мерафт, ки мутобиқи он парчам аз матои сурх иборат буда, дар қабати болои чапи он бо ҳарфҳои зарҳалӣ «Тоҷикистон» навишта шуда буд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Ҳамин тавр, дар рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 парчами нав қабул карда шуд .

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид», ки 19 ноябри соли 2009 қабул гардидааст, аз ҳамон вақт ин ҷониб ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Файзулло ҚУРБОНОВ,

Фариштамоҳ   САФАРОВА,

Омӯзгорони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе