Азизи дилҳо

№44 (4306) 08.04.2021

Эҳдо ба Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар кардаи накӯят,

Армону орзуят,

Пайдову ҷустуҷӯят

Ово ба сӯи пеш аст.

 

Ҳар гуфтаат зи минбар

Ширин бувад чу шаккар.

Пандест бал саросар,

Марҳам ба ҷони реш аст.

 

Бо ҳиммати дуболо

Ҳастӣ ба давр якто.

Баҳрат зи қалби дарё

Бегона балки хеш аст.

 

Ҳар ҷо қадам гузорӣ,

Тухми сафо бикорӣ.

Ободие биёрӣ,

Файзи ту пеш – пеш аст.

 

Имрӯз ҳар диле шод,

Аз дарду ғусса озод.

Ҷамъу саодатобод,

Ҳар хотири пареш аст.

 

Чун сарбаланди дунё,

Бошӣ азиз ҳар ҷо.

Меҳрат ба умқи дилҳо

Бас беҳисобу беш аст.

Гурез Сафар