Азизу ғамхор ва сарчашмаи муҳаббат

№32 4294 09.03.2021

08Занро чароғи хонадон, сарчашмаи меҳр ва зебу зинати ҷаҳон меноманд. Доир ба мақоми зан — модар аз нигоҳи ислом суҳбате доштем бо сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов.

- Дар бораи ҷойгоҳи  модар дар «Қуръон» каме  маълумот диҳед.

- Мақоми волидайн, алалхусус модар, дар дини мубини ислом хеле баланд аст. Чунончӣ, дар ояти 14-уми сураи «Луқмон» таъкид шудааст: «Мо ба инсон  накӯӣ кардан ба падару модарашро амр кардем. Модар ӯро дар болои заифии худ нуҳ моҳ (дар батнаш) ҳамл намуд. Ҷудо кардани тифл аз (шири) модар ду сол аст. (Мо ба инсон фармудем): «Ту ба Ман ва падару модарат шукр кун, ки бозгашти ту ба сӯи Ман аст».

Ҳамчунин  дар сураи «Нисо» (Занон) ояти 36 амр шудааст: «Худоро  бипарастед, ҳеҷ чизро шарики Ӯ масозед ва ба падару модар эҳсон (некӣ) бикунед…».

Тавре дар ин оятҳо мебинем, баъди ибодати Худованд ва шукри Ӯро ба ҷо овардан ба падару модар некӣ кардану шукрашро ба ҷо овардан таъкид шудааст, ки ин аз баланд будани мартабаи падару модар гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҳадисҳои зиёди ҳазрати Муҳаммад (с) низ эҳтироми падару модар таъкид шудааст. Аксарият ҳадиси «Биҳишт зери пойи модарон аст»- ро шунидаанд. Мавлоно  Абдураҳмони Ҷомӣ ҳадиси  мазкурро чунин ба риштаи  назм кашидааст:

Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,

Гарде аз роҳи модарон бошад.

Хок шав зери пойи ӯ, ки биҳишт,

Дар қадамгоҳи модарон бошад.

Дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ нақл аст, ки шахсе аз ҳазрати Муҳаммад (с) пурсид: «Эй Расули Худо (с), аз ҳама бештар ба кӣ некӣ кунам?»

Расули Худо (с) дар ҷавоб гуфтанд, ки «Ба модарат некӣ кун!»

- Боз ба кӣ?

- Ба модарат.

- Баъд аз он ба кӣ?

- Ба модарат.

Дафъаи чорум гуфтанд, ки «Ба падарат ҳам». Ҳикмати эҳтироми модарро бештар таъкид  намудани Паёмбар (с) дар он аст, ки модар зимни ҳомиладорӣ, ба дунё овардани фарзанд ва шир додану тарбия кардани он  машаққати зиёд мекашад. Аз ин рӯ, фарзанд бояд ба модар шафқати зиёдтар намояд. Тавре шоир фармудааст:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Воқеан, тамоми нобиғаю мутафаккирони олам  парвардаи домони поки модаранд. Модар ба мо на танҳо сухан гуфтану роҳ рафтан, балки дӯст доштану меҳр варзиданро низ ёд медиҳад. Қалби модар мисли баҳр  бекарону паҳновар, чун дарё пурталотум ва монанди чашма софу зулол аст. Меҳри модар мисли хуршеди тобон бепоён мебошад. Ба қавли шоир:

Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар,

Фаро гирад  ҷаҳонеро саросар.

Намегардад валекин ин баробар,

Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.

- Мувофиқи таълимоти ислом фарзанд барои адо намудани ҳаққи падару модар чӣ масъулият дорад?

- Дар «Қуръон»-и Маҷид 19 маротиба эҳсон ва некӣ ба падару модар таъкид шудааст. Тавре дар боло гуфтем, баъд аз ибодати Худованд некӣ кардан ба падару модар аз  муҳимтарин масъулияти ҳар як инсон аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) ризои Худовандро дар ризои падару модар гуфтаанд:

Хоҳӣ, ки Худой аз ту хушнуд шавад,

Сармояи умри ту ҳама суд шавад,

Дар банди  ризои  падару модар бош,

То ҷумла гуноҳат ҳама  нобуд шавад.

Дар китоби «Риёзун носеҳин»-и Мавлоно Муҳаммади Рибҳомӣ омадааст, ки падару модар ба фарзанд 80 ҳақ доранд, ки 40 дар ҳоли ҳаёт ва 40 ҳақ баъди аз олам рафтани онҳост. Муҳимтаринашон он аст, ки иззати падару модарро ба ҷо орӣ, бо онҳо дағалона сухан нагӯӣ, ҳангоми даъват бе баҳона наздашон ҳозир шавӣ, зимни мулоқот бо онҳо чеҳракушод бошӣ, хоҳиши онҳоро ба ҷо орӣ, садоятро аз онҳо баланд накунӣ, бе рухсати волидайн сафар накунӣ, бо пулу мол ба онҳо  кумак расонӣ ва хизматашонро ба ҷо орӣ.

Мардуми мо бадахлоқтарин инсонро «оқи волидайн» мегӯянд. Яъне, касе, ки падару модарашро  озор дода, онҳоро норозӣ гардонидааст. Шахсе, ки бадкирдорӣ намуда, дуои неки падару модарашро намегирад, ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ комёб намешавад. Ба волидайн ҳатто бо  оҳанги эътироз «уф» гуфтан низ гуноҳ мебошад. Чунончӣ дар сураи «Исро», оятҳои 23 — 24 омадааст: «Ва Парвардигори ту  ҳукм кард, ки ба ҷуз ӯ дигареро ибодат макунед ва ба падару модар накукорӣ  бикунед. Агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба пиронсолӣ бирасанд, пас ба онҳо «уф» магӯ ва ба онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани нек бигӯ! Ва аз ҷиҳати меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паҳн кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончӣ, маро дар хурдсолӣ тарбият карданд».

Ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Се дуо ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст: Дуои  мазлум (ҷабрдида), дуои мусофир ва дуои падару модар». Аз ин рӯ, ҳар инсон бояд барои гирифтани дуои неки падару модар кӯшиш намояд.

- Мақоми зан аз дидгоҳи ислом чӣ гуна  аст?

- Марду зан дар покизагии ахлоқи инсонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башар вазифаи  муштарак доранд. Ҳар ду ҳамдигарро дар зиндагӣ пурра мекунанд. Чунончӣ, дар  сураи «Бақара», ояти 187 таъкид шудааст: «Занон барои шумо ба ҷои либос ҳастанд. Шумо ҳам барои занон ба ҷои либос ҳастед». Яъне, чӣ тавр инсон ба либос эҳтиёҷ дорад ҳамон гуна ҳар шахс ба ҳамсар низ эҳтиёҷ дорад. Бақои  насли одамӣ тавассути  оиладорӣ идома  меёбад.

Зан дар зиндагӣ чандин ҳайсияту ҷойгоҳ дорад: модар, хоҳар, духтар ва ҳамсар. Мард бояд бо ҳамаи онҳо муносибати хуб ва эҳтиромона дошта бошад.

Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Ба ҳар кас, ки чаҳор чиз дода шавад, ба ӯ хайри дунёву охират дода шудааст: парҳезгорӣ, ахлоқи хуб, бурдборӣ (сабр) ва зани солеҳа».

Ҳазрати Довуд алайҳиссалом фармудаанд: «Зани солеҳаву  нек  монанди тоҷи тиллоӣ аст, ки ҳар вақт шавҳар ба ӯ нигоҳ кунад, аз дидани ӯ хушҳол мешавад».

Расули Худо (с) дар ҳаҷҷи видоъ, пас аз он ки Худовандро  ҳамду сано ва мардумро панду андарз гуфтанд, чунин фармуданд: «Огоҳ башед ва нисбат ба занон бо некуӣ рафтор кунед!»

Дар ҷойи дигар омадааст, ки занро ба хотири яке аз ин чаҳор чиз издивоҷ мекунанд: барои ҳусну ҷамолаш, насабаш (духтари кӣ буданаш, ҷоҳу мансаби падараш), молаш ва ахлоқаш. Расули Акрам (с) ба зани  хушахлоқ хонадор шуданро тавсия додаанд. Дар «Қуръон»-и Маҷид таъкид шудааст, ки «бо занон зисти нек кунед» («Ва ошируҳунна бил  маъруфи»).

Аз нигоҳи ислом мард бояд ба ҳамсараш  маҳрияи  муайяншударо пардозад, ӯро  якумра ба унвони шарики ғаму  шодӣ ва мояи ороишу осудагии зиндагӣ қабул кунад. Мард вазифадор аст, ки мувофиқи қудрату тавон ӯро ба маскан (манзил зист) таъмин намояд. Инчунин, барои омӯзиши масъулиятҳои динӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҳамсараш кӯшиш кунад. Мард бояд бо ҳамсараш хушахлоқу кушодарӯй бошад ва бо ӯ шӯхию саргармӣ намояд. Бояд айбу камбудии  ҳамсарашро назди дигарон нагӯяд. Агар ҳамсараш камбудие дошта бошад, дар танҳоӣ онро гуфта, барои ислоҳаш кӯшиш намояд. Аз бадгӯӣ ва баён кардани созу асрори хонаводааш дар назди дигарон худдорӣ  кунад.

- Барои инсон аз модар дида, шахси азизу муътабар, мунису ғамхор ва мушфиқу дилсӯз нест. Мутаассифона, имрӯз иддае  номи поки модарро бо дашном олуда месозанд…

Рӯзе ҳазрати Муҳаммад (с) ба саҳобагон гуфтанд, ки касе падару модарашро дашном диҳад, ӯ  лаънатшуда аст.

Саҳобагон пурсиданд, ки чӣ хел як нафар падару модари худро  дашном медиҳад?

- Расули Худо (с) гуфтанд: «Шахсе падару модари касеро дашном  диҳад ва тарафи муқобил дар ҷавоб модари ӯро  дашном диҳад, пас ӯ (шахси аввал) падару модари худро дашном додааст. Зеро агар ӯ падару модари шахси дигарро дашном намедод, дар ҷавоб ба унвони падару модараш дашном намешунид.

Дар ин маврид Шайх Саъдии Шерозӣ хуб фармудааст:

Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,

Бар кас макун, эй бародари ман.

Гар модари хуш дӯст дорӣ,

Дашном мадеҳ ба модари ман.

Аз ин бармеояд, ки мо на танҳо модари худ, балки  модари дигаронро низ эҳтиром кунему бад нагӯем. Зеро модар шахси азизу  ғамхор ва сарчашмаи муҳаб­бати беканор аст.

Мусоҳибон

Нарзибой АШӮРОВ,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»