Ҳазор сол бизӣ…

№40 (4460) 29.03.2022

photo_2022-03-29_11-57-56Бурҳониддин Каримзода, адиб ва рӯзноманигори хушсалиқа, марди фурӯтанест, ки дили бекина дорад ва дар ҳар лаҳзаи кору зиндагӣ ҷӯёи ризои Худованд аст. Бо ҳар шиносу ношинос, бародару баробар. Дар ҳадисе омада: «Бузургтарин тавозӯъ ин аст, ки ба ҳар мусалмон салом кунед». Ҳар рӯзи кории Бурҳониддин бо салом оғоз меёбад. Ӯ пас аз боз намудани дари утоқи кориаш ба ҳуҷраҳои ҳар як ҳамкасб даромада, салом медиҳад ва аз ҳолу аҳволашон самимона пурсон мешавад. Дар охир аз ҳамкорамон Ворис, ки дар мизи кунҷи утоқи хабарнигорон менишинад, дуои баракати кору зиндагӣ дархост мекунад ва ба дафтари кориаш бармегардад. Он гоҳ аз ғалладони миз порае нон ё халтаи кулчақандро бароварда, бо санг мекӯбад, нони мулоимро реза мекунад ва пасон тирезаро боз карда, кабӯтарону қумриҳоро зиёфат медиҳад. Мурғакони хушпар ба Бурҳониддин болафшон гӯё арзи сипос мекунанд.

Миёни парандагон кабӯтари якпое низ ҳаст, ки пеш аз ҳама, дар назди тиреза пайдо мегардад ва бо дидани валинеъмат сарашро ба ҳар тараф ҳаракат дода, хушҳолӣ менамояд. Бурҳониддин нонрезаҳоро пеши ӯ мерезад, вале мусичаву майна ва кабӯтарони дигар зуд ба зиёфат ҳамроҳ гардида, ӯро аз сари «хон» дур месозанд. Пас аз пароканда гаштани села барои кабӯтарак боз ғизо мегузорад. Рӯзҳои истироҳат ва рухсатӣ на танҳо мо — ҳамкорон муштоқи дидори ин ҳамкори хубамон мешавем, балки он кабӯтараки якпо низ дилтанг мегардад ва соатҳо пушти тирезаи ӯ чашм ба роҳ мешинад…

Қаҳрамони матлаб факултети китобшиносӣ ва библиографияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро (соли 1979) хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1981, пас аз адои хизмати ҳарбӣ, дар идораи ахбори Радиои Тоҷикистон оғоз ёфт.

Бурҳониддин он айёмро ба хотир оварда мегӯяд, ки пеш аз оғози кор аз Худованди меҳрубон хостам забони маро аз гуфтани сухани дурӯғ ва ғаразнок нигоҳ дорад. Ҳамкасбон низ мегӯянд, ки боре ҳам аз забони Бурҳониддин ҳарфи дурӯғ ва ё ғаразнок нашунидаанд. Ӯ 12 соли умрро ба кори радио бахшида, дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст ва соли 1985 «Муҳаррири сол»-и Радиои Тоҷикистон низ эълон гардидааст. Ҳамчунин, аксар навгониҳо дар фаъолияти идораи ахбор ва барномаҳо дар он солҳо бевосита бо Б. Каримзода алоқаманданд. Яке аз сабабҳои дар байни шунавандагони радио маҳбубият пайдо намудани барномаи «Паёми рӯз» гузоришҳои Бурҳониддин Каримзода аст, ки то ҳол садои ӯро мешиносанд.

Соли 1993 Б.Каримзода ба Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳайси мудири  шуъбаиилмӣ-тадқиқотӣ ба кор омад. Аз рӯзҳои нахустини фаъолият мақолаҳои ҷолибу тадқиқотии пажӯҳишгари ҷавон дар рӯзномаҳои «Садои мардум», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон» пайдо гардиданд. Вале танқисии рӯзгор ӯро водор намуд муддате дар матбаа низ фаъолият намояд. Аммо соли 1998 ӯро боз ба китобхона, ба вазифаи котиби илмӣ даъват намуданд. Рӯзноманигори ҷӯянда ва ташаббускор дар он ҷо нашрияи «Китоб» — ро таъсис дод, ки воқеан зарур ва хонданӣ буд. Солҳои 2003 – 2008, аввал дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва сипас дар Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон кор карда, бо кумаки дӯст ва ҳамкасбаш Муҳаммадюсуф Шодиев аввал маҷаллаи рангаи «Нақлиёт» ва пасон нашрияи «Раҳнавард»-ро таъсис дод. Пас аз пайвастани Донишкадаи нақлиёт (соли 2008) ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ бо даъвати директори вақти АМИТ «Ховар» Зафар Саидов ба ҳайси тарҷумон — муҳаррири масъул дар агентӣ ба кор гузашт. Ҳамон сол ӯро ба нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» ба кор даъват карданд.

Дар муаррифии китоби «Корвони зиндагӣ», ки мақолаҳои дар солҳои гуногун навиштаи Б. Каримзодаро дар бар мегирад, шоир ва рӯзноманигор Ворис нигоштааст: «Бурҳониддин Каримзода умри бобаракаташро сарфи пешаи рӯзноманигорӣ намудааст. Ҳамроҳи мардум нишаставу бархоста ва дар ҳар нафас бо онон зиндагиро таҷриба кардааст. Хирад, фарҳанг ва суннатҳои мардумӣ шахсияти ӯро сохтаанд».

Б. Каримзода муаллифи китобҳои «Ду хазонбаҳор» (1998), «Сайре ба гулистони Рамазон» (2001), «Нишони зиндагӣ», «Ҷаҳони одамият» (2004), «Сӯфие аз Пчеф» (2006), «Қадри инсон ва меҳнати ҳалол», «Зиндагӣ дарёст», «Парвози шоҳини зингӣ»,«Асрори пурасрор» (соли 2009) ва «Корвони зиндагӣ» мебошад, ки дар арафаи ҷашни 60-солагиаш (2019) ба табъ расидаанд.

«…Тавассути компютер кайҳонро назораю мушоҳида мекунанд, амалиёти бузурги табобатӣ мегузаронанд, истеҳсолотро идора менамоянд… Мо паси он нишаста, қартабозӣ мекунем… шашкаву шоҳмот мебозему дар тараққиёти илму истеҳсолоти ватанӣ «ҳисса» гузошта, бо майнаҳои «пур» ба хона бармегардем». Ин порае аз мақолаи «Компютер барои қартабозӣ» — и аз маҷмӯаи «Корвони зиндагӣ» — ст, ки ҳамкорамон, устод Ворис онро иқтибос оварда менависад: «Дар ин суханон танз не, балки дард аст, ҳушдор аст. Нависанда таъкид мекунад, ки бояд ҳамқадами замон бошем, ҳар лаҳзаи зиндагиро ғанимат донем, бисозем, кишварро ободу зебо гардонем».

Б. Каримзода аз кору эҷод ва ҷустуҷӯ фориғ нест, ба қадри ҳар лаҳзаву ҳар нафас мерасад. Соли 2006 асари Кале Кёнккаля ва Ҳейни Сарасте «Тамоми олам хонаи ман аст»-ро тарҷума кардааст. Муҳаррири китобҳои Шайх Абдумалик «Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ» (1999), Р. Саидӣ «Ҷонам фидои модарам» (2001), Б. Аҳмадов «Аз кӯҳҳо то қасрҳо» (2003) , Н. Олим «Хӯшае аз ҳар гӯшае» (2011) ва А. Аҳмадов «Сохтмончиёни Тоҷикистон» (2013) аст.

Муаллимаи фанни ҷуғрофияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 — и ба номи А. Мирзоеви шаҳри Норак Фирӯза Ҳабибуллоева, ки солҳои 2008-2013 дар рӯзнома фаъолият намудааст, ҳар сол дар Рӯзи матбуот ва мавлуди Б. Каримзода, ки 31 март аст, устодашро ба ёд оварда, ба идора занг мезанад.

- Устод марди хеле пок, хоксор ва тозакоранд, — мегӯяд ӯ. — Дар шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа се нафар будем. Устод, ман ва Миҷгона Мирзоева. Баъзан матолиби омодакардаи моро то даҳ бор хат мезаданд. Камбудиҳоямонро дар рӯямон мегуфтанд, роҳнамоӣ мекарданд. Ба шарофати устод ҳоло дар шаҳри Норак маро ҳамчун журналист мешиносанд ва баъзан мақолаҳоям дар рӯзномаи шаҳрӣ ба табъ мерасанд. Ба мо ҳамчун падар ғамхор буданд. Ба фикрам, шиори устод дар зиндагӣ, пеш аз ҳама, покӣ аст.

Назруллои Олим дар «Нишони одамият» (2014) ном китобаш, ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Б. Каримзода бахшидааст, менависад: «Устод Бурҳониддин Каримзода оромтабиат, чеҳрагарм, хушмуомила, инсони одию ҳалим ва дилсӯз аст. Барои ӯ карру фар ва худнамоӣ бегона аст, сухани бисёрро намеписандад ва дар ғайби касе сухан намегӯяд, ба ваъдаи додааш ҳамеша устувор аст».

- Ду сол аст таҳти роҳбарии Б. Каримзода кор мекунам, — мегӯяд Шарофат Абдулвоҳидова. — устод ба ҳадде хоксоранд, ки пеш аз ислоҳ ворид кардан ба мақола ҳамчун муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа наздам меоянду андешаи маро пурсон мешаванд: «Ин ҷумларо ин тавр нависем, беҳтар нест?», «Ин калимаро ихтисор кунем, дуруст намешавад?» ё ҷумлаатон хуб асту ба фикрам, чизе намерасад»…

Мушоҳида нанамудаам, ки нисбат ба касе муомилаи бадро раво дида бошанд. Меҳрубонанд, ҳамеша аз ҳолу аҳволи кас пурсон мешаванд.

Б. Каримзода узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ ва дорандаи медали «100 — солагии матбуот», падари 7 фарзанд ва набераҳои зиёд аст. Ҳамчун рӯзноманигори асил пайваста дар такопӯ ва ҷустуҷӯст.  Ҳамеша ба кори хайр меандешад, гуфтору рафтори беҳударо дӯст намедорад.

- Зиндагӣ неъмати боарзиш ва нотакрор аст. Ба қадри он бояд расид ва лаҳзаеро ҳам дар ғафлат нагузаронид. Инсон, агар кори хайр накарда бошад, дасти афтодаеро нагирифта бошад, дармондаеро раҳнамоӣ накарда бошад, номаш низ баробари маргаш мемирад, — ҳамеша таъкид мекунад ӯ.

Мавсуф кони ҳикмат аст. Таҷрибаи рӯзгор, мутолиаи пайваста, нишасту бархост бо мардони хирадманд ӯро камол бахшида, соҳиби обрӯву эътибор намудааст, вале фурӯтану шикастанафс.

Гар мо ба гарди домани марде намерасем,

Шояд, ки гарди домани марде расад ба мо.

Тафсири ин байт бозгӯи зиндагии ин марди шариф аст. Муносиб аст, ки дар ҳаққи ӯ бигӯем:

Ҷуз ин дуо-т нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!

Нӯъмон НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»