1 апрел - Рӯзи ханда

Ҳазорон бор ҷонат гуфтаам ман

№41 (4303) 01.04.2021

zhena1Ду абрӯи думи мушат маро кушт,

Ақиқи ҳалқаи гӯшат маро кушт.

Гаҳе ки бо тараб биншаста будем,

Паёпай соғари нӯшат маро кушт.

 

Занак, то кай диламро мехарошӣ!

Маро таъна занӣ аз бемаошӣ,

Нафаҳмидам, ту дар «Кошонаи ҳусн»

Маникюрӣ ва ё ки сартарошӣ?!

 

Киноя мезанӣ ҷонам, киноя

Ба ман, марди ҳақири беҳимоя.

Суханҳои ту садҳо соя дорад,

Ту то кай мезанӣ, охир, кифоя!

 

Занак, холи ду рухсорат маро кушт,

Ду гесӯи думи морат маро кушт.

Ба теғи чашм ҳар гоҳе бикуштӣ,

Худо ҳозир, к-ин корат маро кушт.

 

Зи сар то пои ту як мӯ ғалат нест,

Занак, гапҳои ту як мӯ ғалат нест.

Ту аз қаҳру ғазаб мӯям кашидӣ,

Дар ин ғавғои ту як мӯ ғалат нест.

Занак, побанди ту якумр ҳастам,

Асири панди ту якумр ҳастам.

Мани гӯлу гарангу марди лавло,

Ғуломи фанди ту якумр ҳастам.

 

Ҳазорон бор ҷонат гуфтаам ман,

Зани ширинзабонат гуфтаам ман.

Вале як бор лаббай, ҷон, нагуфтӣ,

Нагуфтӣ ту, ба ҳаққи нон, нагуфтӣ.

 

Занак, аз қаҳру нози ту шудам сер,

Дилам ғалбер шуд, ғалбер, ғалбер.

Яқин донам, пагаҳ ё рӯзи дигар,

Пушаймон мешавию мешавад дер.

 

Занак, ҷому сабуямро шикастӣ,

Миёни гуфтугӯямро шикастӣ.

Ниҳоли орзу мепарваридам,

Ниҳоли орзуямро шикастӣ.

Ҷӯрабек МУЪМИН