Ба ӯ ҳам тоҷ ҳам тахт аст зебо

№ 15.11.2016

Худовандо, сафо додӣ ба тоҷик,

Аҷаб як Пешво додӣ ба тоҷик.

Варо фаҳмида баҳрат соя хондӣ,

Ба тахти зар паи хидмат нишондӣ.

Ба қалбаш меҳри беандоза ҷо шуд,

Шабаш чун рӯзи равшан пурзиё шуд.

Ба аҳли байт  қарзашро адо кард,

Тавофи кӯҳи Марвеву Сафо кард.

Чу сайри хонаатро пеша кард ӯ,

Паи кори накӯ андеша кард ӯ.

Ба ҳар чӣ хост, ӯро даст додӣ,

Муҳайё карда баҳраш сулҳу шодӣ.

Ба ӯ ҳам тоҷ  ҳам тахт аст зебо,

Ба  халқаш беғалат бахт  аст зебо.

 Мақсадҷон САМИЕВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000