Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ҳифзи ваҳдат тақозои замон аст

№82 (4344) 24.06.2021

КОЛАЖЖ-3333Халқи тоҷик ҳар сол 27 июн, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегирад. Ин сана барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, зеро маҳз ҳамон рӯз халқи тоҷикро, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ басо ранҷ кашид, ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат овард.

Мегӯянд, барои он ки бунёди ояндаи босаодат муяссар гардад, бояд ба қадри имрӯз бирасему гузаштаро аз ёд набарорем. Зеро иштибоҳу хатои гузашта метавонад сабақ бошад. Аз ин лиҳоз, месазад, ки каме аз он рӯйдодҳои даҳаи охири асри гузашта ёдовар шавем, то ба қадри суботу осоиштагии ҳозира бирасем.

Замоне ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон дар вартаи даргириҳо байни гурӯҳҳои силоҳбадаст қарор дошт. Ҷангу кашмакашиҳои бемаънӣ шиддат мегирифт ва якпорчагии мамлакат таҳти хатар буд. Сарвари давлат хиради азалии халқи куҳанбунёди тоҷикро пеша карда, аз рӯзи аввали ба фаъолият шурӯъ кардан бо тадбирҳои хирдмандона ва созанда баҳри аз вартаи фалокат берун баровардани мамлакат, ба Ватан баргардонидан ва сарҷамъ намудани гурезагони тоҷик нақшаи мукаммалро роҳандозӣ намуданд. Бешубҳа, натиҷаи он талошу давутозҳои Сарвари давлат аст, ки ҳоло Тоҷикистони амну осоишта мебошад.

 Имсол халқи созанда, бунёдкор ва куҳанбунёди тоҷик бистучорумин солгарди ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Яъне, бисту чор соли якдиливу ҳаммаромӣ, иттифоқу ҳамабстагиро. Маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ самаровар ва боис ба шукуфоию пешрафти мамлакат гардидааст. Бояд гуфт, ки  тайи солҳо Тоҷикистон тавонист ба кишвари зебову дилкаш мубаддал гардад. Ваҳдати миллист, ки байни мардум якдилӣ, дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор аст.

Қобили зикр аст, ки пас аз қабули Конститутсияи мамлакат тадриҷан қонунҳое таҳия ва қабул гардиданд, ки заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро таҳким бахшиданд. Ҳамчунин, нақши санадҳое, ки дар рафти гуфтушуниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи оштии миллӣ қабул шуданд, хеле муҳим буданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997, № 485), қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999) ва таъсиси парлумони думаҷлиса — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият бахшиданд.

Илова бар ин, пас аз қабули Конститутсия зарурати гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои дигар фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзимдароваранда ба миён омад. Бо ин мақсад якуми декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбӣ» қабул карда шуд, ки тибқи он, ислоҳот то ба ҳол идома дорад. Инчунин, соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сох­тори судӣ» ва ғайраҳо қабул шуданд.

Бо қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори судии мамлакат ба низом дароварда шуд.

Бинобар ин, ваҳдати миллӣ арзиши муқаддас ба ҳисоб меравад, ки эҳтиром ва пос доштани он масъулияти баландро тақозо менамояд. Ин нукта ҳам қобили зикр аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби дигарон эътироф шуда, баҳои баланд гирифтааст. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди кишварро мебояд, ки ба қадри сулҳу осоиштагии Тоҷикистон расида, ваҳдати миллиро ҳифз намояд.

Дар ин замина, кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон донишу малака ва кӯшишу ғайратро баҳри пойдор ва мустаҳкам нигоҳ дош­тани ваҳдати миллат, тартибу низом дар кишвар равона месозанд. Зеро дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи ваҳдат тақозои замон ­мебошад.

А. ХАЙРИДДИНЗОДА,

раиси Суди иқтисодии