Ба наврӯзи ҷамшеду ҷашни Сада

№14 (4434) 28.01.2022

Чашни-Сада-дар-Восеъ-59Сада яке аз ҷашн­ҳои ниёкони тоҷикон аст, ки 10-уми баҳманмоҳ (30-31 январ) барпо мешавад. Мардуми кураи замин тағйироти куллиеро дар тақвим аз сар гузаронидаанд. Аз рӯи ҳисоби солшумории мелодӣ 22 декабр «Шаби ялдо» (шаби дарозтарин) фаро мерасад. Аз 25 декабр мувозинати Офтоб ба кураи Машриқ майл мекунад.

Аллома Абӯмуҳаммад Нойби Омулӣ дар асараш — «Китоб  ул — ғурра» чунин навиштааст: «Яке он аст, ки офтоб аз нуқтаи фалак-ул-бурҷ дар ҳаракат оғоз карда, ба ҳамон нуқта бозмегардад ва ин солро «соли шамсӣ» номанд. Дувум он аст, ки Офтоб 360 маротиба тулӯъ кунад ва инро «соли вусто» гӯянд, зеро ки аз «соли қамарӣ» зиёдтар ва аз «соли офтобӣ» камтар аст».

Он вақт мардуми ориётабор, бавижа тоҷикон, аз қадим ҷашн­ҳои зиёди бошукӯҳеро таҷлил мекарданд. Аз осори антиқа ва пурмуҳтавое чун «Авасто», «Худойномак», «Ёдгории зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Шоҳнома» — и Абӯмансурӣ, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Осор – ул – боқия»-и аллома Абӯрайҳони Берунӣ, «Таърихи Бухоро» — и Муҳаммад Наршахӣ, «Булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Таърих-ур-русул-вал-мулук»-и Ҷарири Табарӣ, «Таърихи табарӣ»-и Абдуалии Балъамӣ, «Зайн — ул-ахбор», «Таърихи найсон»-и Абусаиди Гардезӣ ва осори дигари пурмуҳтавое чун «Ҳудуд-ул-олам», «Аҷоиб-ул-махлуқот», «Таърихи Сиистон» ва «Тақвим»-и Ҳакими Умари Хайёми Нишопурӣ чунин бармеояд, ки мардуми ориёӣ аз рӯи расму оини ҷашнҳои Барзгарон, Пурдгон, Обрезон, Озар, Тиргон, Хурдодгон, Шарбатхӯрон, Наврӯз, Фаридун, Навгон, Нилуфар, Меҳргон ва Садаро бо шукӯҳи хоса барпо мекарданд.

Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» фармудааст: «Ва охири зимистон 10 рӯз, ки аз Баҳман мегузашт, ва мешумурданд. Ва аҳли Караҷ ин шабро «Шаби газанд» мегӯянд. Ва мақсудашон ин аст, ки сармо шахсро дар ин шаб мегазад. То ки дар ин шаб расм шуд, ки оташ барафрӯзанд ва чун шӯълавар шавад, ҳайвоноти ваҳширо ба оташ меандозанду мурғҳоро дар канори ин оташ меандозанду дар шӯълаи он мепазанд. Ва дар канори ин оташ нишаста ба ҳазлу шӯхӣ машғул мешаванд».

То солҳои 60-уми асри гузаш­та тоҷикони кӯҳистон ин расму оинро пос медоштанд. Дар водии Даштиҷуму Терай мардони деҳоти Варӣ, Қабоқ, Амбрути хам, Анҷиркон, Кри-шол ба мавзеи Дунбакон ва Калоти аспон, Себҳои Самарқанд омада аз кабк, мурғи ҳилол, нахчир, архар дар оташи гулхан кабоб мекарданд. Чандин шабу рӯз гулханҳои оташи сурху зарду кабуд фурӯзон мегашт. Мумкин яке аз сабабҳои рангоранги оташ аз сардии ҳаво низ бошад. Ҳезуми фаровон аз дарахтони арча, заранг, бурс, бурида, маросими шабонарӯзии «чил кунда бисӯз»-ро барпо мекарданд. То субҳ гирди оташи гулхан нишаста, фалаксароӣ карда, аз болои оташ ҷаҳида, рақсу бозӣ мекарданд…

Истилоҳи «Сада» дар қомуси «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин омадааст: «Яке аз ҷашнҳои ориёни қадим, ки рӯзи 10 Баҳманмоҳ (30-31 январ) барпо мешудааст ва дар ин рӯз оташи бисёр меафрӯхтанд».

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада он ҷашни фархунда кард.

(Ҳаким Фирдавсӣ)

Сада аз шумораи «100» ва пасванди «А» гирифта шуда, рӯзи 10-уми моҳи 11-уми солшумории Яздигурдӣ – шамсӣ ҷашн гирифта мешуд.

Ҳаким Умари Хайём чунин гуфтааст: «Баҳманмоҳ, яъне ин моҳ ба ҳамон монанд дар хушкӣ ва сардӣ чун моҳи Дай. Ва тири Офтоб андар ин моҳ дар хонаи зуҳал бошад, бо Ҷадӣ пайванд дорад».

Азбаски аз 10 моҳи Баҳман то ҷашни Наврӯз 50 шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада мегӯянд.

Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» асосгузори ин ҷашнро Ҳушанги далер меҳисобад.

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дигар сарчашмаҳо ҷашни Садаро ба даврони Кайюмарсу Исфандиёр ва Фаридуну Ҷамшед нисбат медиҳанд:

Ҷашни Сада, амнро, расми кибор бошад,

Ин айши Каюмарс, Исфандиёр бошад.

Адибони форсу тоҷик, ба мисли Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Умари Хайём ва Адиб Собири Тирмизӣ ғазалиёту рубоиёт, қасоиди зиёд дар васфи ҷашни Сада эҷод кардаанд.

Хурсандиовар аст, ки дар кишвари азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо ҷашнҳои ниёкон Наврӯз, Сада ва Меҳргон эҳё шуда, бо шаҳомоти хос таҷлил мешаванд:

Ба Наврӯзи Ҷамшеду  ҷашни Сада,

Ки нав гаштӣ оин оташкада.

(Низомӣ)

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,

узви Иттифоқи журналистон,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон