Ба ҷои ҷазо

№10 (4593) 06.01.2023

(Ҳикоя)

policeman-write-fine-police-officer-uniform-writing-penalty-to-automobile-driver-intruder-violation-road-parking-car-city-196937937Ҷэк, пеш аз он ки суръати ҳаракат­ро паст кунад, нигоҳе ба суръатсанҷ андохт. Дар ҷое, ки суръати ҳаракат 80 километр иҷозат дода шудааст, ӯ бо суръати 120 километр мерафт ва давоми чор моҳи охир бори чорум буд, ки мошинашро нозири роҳ нигоҳ медошт. Мошинро ба канори рости роҳ нигоҳ дошта, худ ба худ мегуфт: «Магар инсон ҳамин қадар бетолеъ мешавад?».

Нозири роҳ дафтари ғафс дар дасташ аз мошин фаромад. Вақте ки Ҷек дид ӯ дӯсти полисаш Боб аст, худро ба курсӣ пахш кард. Ин вазъият бадтар аз муҷозот буд, зеро ба сабаби риоя накардани қоидаи роҳ аз ҷониби дӯсташ боздошта шуд. Хиҷолат кашид.

- Салом, Боб! – гуфт ӯ чеҳраашро моил ба табассум карда. – Якдигарро дар чунин ҳол вохӯрдан бисёр нохуш аст, ҳамин тавр не?

- Салом, Ҷэк! – Боб табассум намекард.

- Маро боздошт кардӣ. Ба назди зану бачаҳоям мерафтам.

- Дар ҳақиқат? – бетафовут ба назар мерасид Боб.

- Рӯзҳои охир ба хона дер мерафтам. Бачаҳоям дер боз маро надидаанд. Ҳамчунин, Диана ба ман гуфт, ки имшаб гӯшту картошкаи бирён мехӯрем. Медонӣ манзурам чист?

- Манзуратро медонам, қоидаи роҳро вайрон карданатро ҳам мефаҳмам, — гуфт Боб.

«Ман бояд коре кунам, бояд усулро тағйир диҳам» — фикр мекард Ҷэк. Ӯ ҳам кӯшиши аз мошин фаромадан дошту ҳам гап мезад.

-  Вақте ки маро доштӣ, суръати ҳаракатам чанд буд?

- 120 километр. Хоҳиш мекунам ба мошинат гузашта шин.

- Боб, илтимос як лаҳза исто. Вақте ки туро дидам, ба суръатсанҷи мошин нигаристам. Суръати ҳаракатам 100 километр буд.

- Лутфан, Ҷэк, ба мошинат савор шав! – таъкид кард Боб.

Ҷэк бо асабоният савори мошин шуд ва дарро сахт пӯшид. Боб ба дафтараш чизе менавишт.

«Чаро шаҳодатномаи ронандагиамро намепурсад?» — фикр мекард Ҷэк. Ӯ Бобро гоҳ-гоҳ дар шабнишиниҳои дӯстон медид. Барои он ки дигар бо ӯ рӯ ба рӯ наояд, тасмим гирифт муддати тӯлонӣ ба он шабнишиниҳо намеравад.

Боб омад ва хоҳиш кард, ки тирезаро кушояд. Коғазе дар даст дошт. Дӯсташ, ки дар аввал каме тарсида буд, коғазро ба даст гирифта, «Ин муҷозот нест!» гуфту хурсанд шуд. Боб, ки коғазро ба дӯсташ дода, аллакай аз он ҷо рафта буд, чунин навиштааст:

«Дӯсти азизам, Ҷэк, ман як духтар доштам. Ҳанӯз шашсола буд ва нафаре бо суръати баланд мошин ронда, ӯро ба ҳалокат расонд. Ронанда барои хатояш муҷозот шуд ва се сол ба ҳабс маҳкум гардид. Ӯ аз маҳбас озод шуда, ба назди бачаҳояш рафт. Онҳоро оғӯш гирифт, бӯиду такрор ба такрор бӯсид. Аммо барои он ки ман духтарамро бибӯяму бибӯсам, бояд то биҳишт интизор шавам. Он мардро ҳазор бор кӯшиши бахшидан кардам. Ин хеле душвор буд. Шояд муваффақ шуда бошам, вале то ҳол духтарамро фикр мекунам. Аз ту хоҳиш мекунам, Ҷэк, ба хотири ман боэҳтиёт бош, чунки ҳоло танҳо як писарам мондааст.».

Ҷэк муддате аз ҷояш наҷунбид. Баъд ба худ омад. Мошинро оҳиста-оҳиста ронда, хонааш рафт. Вақте ки ба хона расид, чизе нагуфт, хомӯшона зану бачаҳояшро ба оғӯш гирифт.

Таҳияи М. УСМОН,

«Садои мардум»