Баҳор мерасад

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Паси тиреза ҳаво софу осмон шаффоф,

Канори роҳ дамидаст сабзаи бисёр.

Диҳед мужда, ки сардии фасли дай бигзашт,

Баҳор мерасад, эй ошиқон, баҳор, баҳор!

 

Садои қаҳқаҳаи об мерасад бар гӯш

Зи ҳар канор ба монанди хандаҳои нигор.

Дигар бас аст! Алорағми ғусса бархезед,

Баҳор мерасад, эй ошиқон, баҳор, баҳор!

 

Зи ҷомаҳои хазонии худ бадар оед,

Ба тан кунед либоси баҳории ғами ёр.

Канори сабза нишинеду сабз андешед,

Баҳор мерасад, эй ошиқон, баҳор, баҳор!

 

Чароғи лола фурӯзон чу шуд ба домани дашт,

Дигар чи ёд биёред аз чароғи мазор?

Ҳанӯз зинда, ки ҳастед, шодмон бошед,

Баҳор мерасад, эй ошиқон, баҳор, баҳор!

Бобаки СУҒДӢ