БАҲОР МУБОРАК!

№37-38 (4777-4778) 28.03.2024

Баҳор омад, муаттар шуд

машом аз мавҷи накҳатҳо,

Муҷалло дидаҳо, дилҳо

гулистон аз муҳаббатҳо.

 

Сабақ такрор кун, сайқал

бидеҳ зеҳн, эй баҳороин,

Ватанро гулбасар аз

озмунҳо бину сабқатҳо.

 

Чароғистон шавад ҳар дил,

баҳористон шавад ҳар гул,

Ҳумоюн авҷи гулҳо,

авҷи дилҳо, авҷи ҳикматҳо.

 

Баро аз хона бар берун,

баро аз кӯча берунтар,

Ба саҳро рахт банд, эй дил,

бубинӣ то тароватҳо.

 

Баҳорон фасли сарсабзию

дилёбию бедорист,

Шавед, эй аҳли дил, бедор

дар дунё зи ғафлатҳо.

 

Ба чашми кам набин касро,

касе болотар аз кас нест,

Ки ҳар кас дар қиём ояд,

бапо созад қиёматҳо.

 

Чу булбул бо чамантабъӣ

бизан чаҳ — чаҳ, ту Хайрандеш,

Идора дар ирода гул кунад,

ваҳдат ба давлатҳо.

Хайриддин ХАЙРАНДЕШ