Баҳоре баъд аз куруно…

№ 19.05.2020

Баҳор ояд, баҳор ояд дигар бор,

Ки орад аз насими фарвардин бор.

Парасту кунҷи айвон лона монад,

На ғам дар хонумону хона монад.

Гаҳе бо ҳафтрангии камонҳо

Камар бандад чу домод осмонҳо,

Арӯсаш хиттаи сабзи замин аст,

Тариқи ҷовидони ишқ ин аст,

Ки гирӣ ончунон дилбар дар оғӯш,

Ки худро дар барат созад фаромӯш.

Канори сабзро бар ту кушояд,

Лабони лолааш бар ханда ояд.

 Дамад чун пуштаҳо сарсинаи ӯ,

Ки сар монӣ саҳар бар синаи ӯ.

 Тамоми рӯз масти васл бошӣ,

Ба шаб орӣ зи рӯз ин бори кошӣ.

 Дигар бор ин баҳор ояд пур аз гул,

Зи савти гул шавад мадҳуш булбул.

 На ёре дар фироқи ёр нолад,

Дар оғӯши ҳарими ёр болад.

 Муғаннӣ сар кунад аз нолаи най,

Шавад дашту даман то волаи вай.

 Гули хуршед хандад аз сари кӯҳ,

Шавад ҳар кас зи шодӣ ҳамсари кӯҳ.

 Дили бигрифта чун дарё кушояд,

Фараҳзо мавҷ пушти мавҷ ояд.

 Миёни шаҳр дар анбӯҳи мардум

Кунад аз шодӣ одам хешро гум,

 Ки гаштаст ӯ зи пешин меҳрубонтар,

Ба додар додару хоҳар ба хоҳар.

 Наёрад ёд аз номи куруно,

Ки шуд соф аз даруну аз буруно.

 Зи офат то раҳонад ҷони инсон,

Табибонро фаришта сохт Яздон.

 Дигар инсон ба сони меҳр хандад,

Ба ҳар ҷинсе чу бар худ меҳр бандад.

 Дигар аз хорбунҳо гул бирӯяд,

Зи нақши сумбҳо сунбул бирӯяд.

 Баҳоро, хокро афлок месоз,

Заминро аз кудурат пок месоз.

 Гул афшон бар мазори рафтагон ту,

Ки гул буданду гул рафтанд он сӯ.

 Ба он гулҳо заминро нармтар кун,

Дили моро ба дунё гармтар кун.

 Дареғо, сарви озодӣ ба кишвар

Зи хоки поки маҳрумон кашад сар.

 Баҳоро, рӯдҳоро кун равонтар,

Маро ҳам ҳамраҳи онон ҷавонтар,

 Ки бо азми дигар аз ҷо бихезам,

Ва хоки бадсиголонро бибезам,

 Ки ин ҷо сарзамини мардхез аст,

Адолат бо қасоват дар ситез аст.

 Ба ҳам овар ту ҳар қалби шикаста,

Ки он бар ҳилми ту уммед баста.

 Баҳоро, хорҳоро гул бигардон,

Ки ҳаст ин шеваи гардуни гардон.

 Чу бошад зиндагонӣ, сар барорем,

Ки мо аз зодагони сарбадорем.

 Ба ҳар ҳоле, биё, хандон бишав боз,

Ва Наврӯзи навоинро деҳ оғоз!

Аскар ҲАКИМ,

Шоири халқии Тоҷикистон