Ӯ одами поккору беғараз ва хушмуомилаю меҳрубон аст. Чун эҷодкор ҳаёташро бидуни навоварӣ тасаввур карда наметавонад ва вақти ҳаррӯзаашро пайи эҷоди тарона, оҳангҳо ва ободонии маҳалли зисташ сарф мекунад. Саъй мекунад, то бо сурудҳои марғубаш дар дили ашхоси касбу ҳунари гуногун ҷой гирад. Дар тӯю маъракаҳои мардум ширкати фаъол дошта, маҳфилороӣ мекунад ва табиатан ташкилотчию серташвиш аст.
Номи Фарҳод Камолов шояд барои бисёриҳо ошно бошад. Ӯро чун шахси ташкилотчӣ, иштирокчии фаъоли ҳама гуна маъракаю чорабиниҳои сатҳҳои гуногун мешиносанд.
Ӯ дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад ва ҳунари ромишгарӣ дорад. Мавсуф фаъолияти ҳунариашро аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси корманди техникӣ оғоз кардааст. Сипас, чанд муддат дар гурӯҳи эстрадии «Гулшан» кор карда, санъаташро такмил дод. Баъдан бо талошу заҳмати зиёд гурӯҳи ҳунарии «Сим-сим»-ро иборат аз ҳашт нафар таъсис дод, ки дар шаҳри Душанбе бештари маҳфилҳоро бо таронаҳои дилнишину марғубашон фараҳ мебахшанд. Бо шоири афғон Рошиди Ромиз ҳамкории зич дошта, чанд суруду оҳанг низ эҷод намудааст.
Фарҳод баробари овозхони хуб будану садои дилчасп доштанаш, метавонад мардумро атрофи ягон масъалаи ҳалношуда гирди ҳам орад.
Ба андешаи ӯ, дар маҳаллае, ки зиндагӣ мекунад, вазъ беҳбудӣ мехоҳад. Ф. Камолов бо ҳаводоронаш замоне талош бар он кард, ки дар ин шаҳрак раис бошаду дар нашъунамояш саҳм гузорад ва онро ба яке аз маҳалҳои намунавии пойтахт табдил диҳад.
Номбурда дар маҳаллаи 103- юми пойтахт аз шахсони соҳибэҳтиром ба ҳисоб меравад. Сокинони ин шаҳрак ӯро чун шахси мустақилу пурдон дар кораш мешиносанд, ки нисбат ба камбудиҳо оштинопазир аст ва дар ҳоли ба миён омадани мушкилӣ фавран пайи ислоҳаш мешавад. Масалан, яке аз ташаббускориҳое, ки ӯ нишон додааст, рабт дорад ба дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев. Маҳз зери роҳбарии Ф.Камолов дар байни сокинони маҳалла корҳои ташвиқотиву фаҳмондадиҳӣ бо мақсади ободонии шаҳрак пайваста вусъат меёбад ва чанд нуқтаҳои партовҳои ҷамъшуда дар баъзе гӯшаву канори шаҳрак ба низоми муайян дароварда шудааст.
Атрофиёнаш мегӯянд, ки монанди Ф.Камолов кам шахсеро ёфтан мумкин аст, ки дилаш ба ободонию шукуфоии як гӯшаи пойтахт бисӯзад. Номбурда чун инсони заминию самимӣ, орӣ аз заифиҳои имону виҷдон дар хизмати халқу Ватан будан мехоҳад.
Ӯ дар фикри дурусткориву саховатмандӣ буда, мехоҳад бо амали некаш ба мардум нафъе расонида бошад. Ба ин маънӣ шоир гуфтааст:
То шиносад ахтари иқболи халқ,
Баҳри нафъи худ намегӯяд сухан.
Фарҳод Камолов сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти сокинони маҳалла саҳм мегузорад. Ӯ мутмаин аст, ки ҳамчун шаҳрванд ба манфиати халқу Ватан хизмат карда метавонад.
Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»