Бо пайки хуш бурун о, азми висоли Ваҳдат,
Ҷашни тавофуқ омад — рӯзи ҷалоли Ваҳдат.
Бо дасти кам наоӣ, лутфу карам намоӣ,
Савти Аҷам сароӣ, дар рӯи шоли Ваҳдат.
Аз дасти ғам раҳидан, ҳам аз алам буридан,
Аз ғусса орамидан, ҳар рӯзу соли Ваҳдат.
Ҷашни таваллуди нав, базму тараддуди нав,
Соли таҷаддуди нав, файз аст соли Ваҳдат.
Баҳри бақои давлат, меҳру вафои миллат,
Саъю талошу ҳиммат, сарфи ҷамоли Ваҳдат.
Некии рӯзгорон, хушрӯзии ҳазорон,
Дарёи бӯсаборон аз рӯи оли Ваҳдат.
Ободии кишвар, хушбахтии саросар,
Бедориҳои Сарвар фархунда фоли Ваҳдат.
Пойдор тахти миллат, покиза рахти миллат,
Аз ӯст бахти миллат, бикшода боли Ваҳдат.
Аз Шайнакӣ чӣ пурсӣ аз ифтихори ҳастӣ?
Бигрифта ҷоми мастӣ рӯзи висоли Ваҳдат !
Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ, муаллими калони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода