Ба забон умри ҷовидон бахшиданд

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро дар радифи машҳуртарин забонҳои ҷаҳон ҷой дода, дарозии умри онро  аз ғановатмандӣ, осори зиёди серсоҳаи ҷаҳонӣ, махсусан, ширинии сухан, қабатҳои зиёди маъноӣ доштанашро ба эътибор гирифта, ба риштаи таҳқиқ кашида, дар ҳар мавзӯъ оид ба забон доманадору пурмазмун мулоҳиза меронад. Чуноне ки омӯзгори «Литсей барои хонандагони болаёқати ­равияи иқтисодӣ»-и шаҳри Душанбе Хайринисо Солиева иброз дошт:

  — Аз рӯи мулоҳизаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғосибон дар давраҳои гуногуни таърих ба сари ин миллат ҷабру ситами зиёд меоварданд. Донишмандону олимон дар атрофи роҳбарони сиёсию иҷтимоии худ ҷамъ омада, бо сухан дар пойдорию устувории забони миллӣ  саҳм мегузоштанд. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат дар баромадҳояшон ташвиқ менамояд, ки аҳли ҷомеа ин забонро мисли гузаштагони соҳибэҳтироми худ дӯст доранд, эҳтиром намоянд ва  ҳамеша азизу арҷманд нигоҳ доранд ва батаъкид ёдовар мешаванд, ки миллати сарбаланди тоҷик тавонист дар марҳилаҳои ҳассос ва  дар озмоишҳои бешумори таърих асолати миллиашро ҳифз намояд.

Ин забон дар аҳди Сомониён бо покию шириниаш ҷаҳонгир шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заҳматҳои олимону донишмандонро пеши рӯй оварда, дар пайи ҳифз кардани забони миллӣ ҳамагонро сафарбар менамояд. Саҳлангорию бе­эътиноиро нисбат ба забон сабаби коҳиш ёфтани асолати забони модарӣ медонад.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи забони давлатӣ чунин иброз доштанд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст.Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Ин талошҳои Пешвои миллат бенатиҷа намонд. Дар бораи рушди забони модарӣ пай дар пай тадбирҳои судманд андешида шуд.

Бо шарофати ин забон осори гузаштагони бузурги мо — Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саноӣ, Аттор, Шайх Саъдӣ, Ҳофиз, Соиб, Носири Хусрав, Толиби Омулӣ, Фитрат, Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ, Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо шахсиятҳои муътабари дигар нашр шуда, ба миллат шуҳрати ҷаҳонӣ ва ба забон умри ҷовидона бахшиданд.

5 — уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин сана Рӯзи забони давлатӣ эълон карда шуд. Тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузорию муошират эътироф гардид. Масъалаи рушду нумӯъ ва ҳифзи тозагии забони тоҷикӣ ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»