Мусоҳиба бо раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова дар робита ба Рӯзи Президент
- Шумо солҳо дар вазифаҳои пурмасъул фаъолият доштед ва табиист, ки шинохту хотиротатон аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд аст…
- Бале. Сарфарозам, ки ҳамчун сиёсатмадор, аз тариқи рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» хотирот ва самимияту садоқатамро нисбат ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоям. Зеро дастовардҳоям дар зиндагӣ ва сазовор шудан ба мақому манзалат дар ҷомеаро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонам. Ин эҳсоси эҳтироми на танҳо ман, балки бонувони кишвар ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро яке аз иқдомоти аввалини Сарвари давлат тасвиби фармон аз 3 декабри соли 1999 «Оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» буд.
Баланд бардоштани мақому манзалати занон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба насли ҷавон, бозёфт ва қадршиносии истеъдодҳои нодир хӯшае аз хирмани хислатҳои наҷиби Роҳбари мамлакат маҳсуб мешавад.
- Дар мавриди маҳбубияти Пешвои милат зиёд мегӯянду менависанд. Ба назари шумо, ин ба кадом омилҳо рабт дорад?
- Маҳбубияти беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи мардумӣ будани афкору мулоҳиза, воло будани фитрату завқу салиқа ва бекарон будани дунёи ботинии он кас маҳсуб мешавад. Ин фарзанди фарзонаи миллат аз миёни халқ рӯидаанд ва ҳадафҳояшон бо эҳтиёҷоти мардум тавъам аст. Албатта, расидан ба ин мақоми олӣ барои Сарвари давлат осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватан боис шуд, ки дар ҳама самт комёб бошанд.
- Коршиносон ба он назаранд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмикунонии эътирофи рисолати шахсиятҳо ҳаргиз сифату арзишҳои демократии ҷомеа ва давлатҳоро коҳиш намедиҳад, баръакс, ба иттиҳоду ҳамбастагии бештари мардум дар роҳи расидан ба идеалҳои миллӣ боис мегардад…
- Комилан дуруст аст. Махсус таъкид менамоям, ки чунин қадршиносӣ ба равандҳое чун авторитаризму шахсиятпарастӣ ҳеҷ муносибат надорад. Бо дарки масъулият, самимона ва бидуни муболиға мегӯям, ки ибтикори зикршуда ба маънои томаш муҳаббатномаи тоҷикони олам ва тоҷикистониён ба фарзанди сазовори худ аст.
Ба қадри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан рисолат ва ифодаи иродаи мардуми сарбаланди мамлакат буда, аз гиромидошти анъанаи неки давлатдорӣ, дарки масъулият назди наслҳои оянда мебошад. Аз ҷониби дигар, ин иқдомот бори дигар соҳибтамаддун ва қадршинос будани миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ менамояд.
Вақте ки дар мавриди Рӯзи Президент ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» андеша меронем, пеши назар симои барои аҳли сайёра ошно, шахсияте, ки дар бунёди давлати миллӣ, ташаккули миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму оин ва анъанаҳои фарҳангӣ нақши калидӣ дорад, падид меояд. Инчунин, муаллифони ин санади меъёрии ҳуқуқӣ намояндагони шаш ҳизби сиёсии мамлакатанд, ки рамзу ҳикмат дорад.
Агар ба далелу рақамҳои таърихӣ мутаваҷҷеҳ шавем, бармеояд, ки чунин абармардон хеле кам зуҳур мекунанд. Ин омил тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори ин ё он давлат буда, на фақат дар гузашта, балки дар ҷаҳони муосир низ бунёд ва рушди кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон бо номи шахсиятҳои фавқулода бузурги ҳамон давлатҳо решапайванд аст. Ба шарофати онҳо ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум — иқтисоду иҷтимоиёт, илму фарҳанг, рӯҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳо рӯи кор меоянд.
- Дар бораи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифоти зиёд аст. Ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллат, абармарди муътабари олами сиёсат, меъмори сулҳи тоҷикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо сабку услуб ва назокати хос бозгӯйӣ намудаанд. Назари Шумо чӣ аст?
- Ба онҳое ҳамфикрам, ки ба андешаашон ҳар дақиқаи фаъолияти Пешвои миллат ба маънои томаш қаҳрамонӣ буда, ҳар як марҳила арзандаи ҳазорҳо шеъру достон, манзума, матолиб ва рисолаҳои илмӣ мебошад.
Пешвои миллат абармарде мебошанд, ки дар заминаи ҷонфидоиҳояшон, ба шарофати садоқату ҷасораташон, бар мабнои самимияту одамияташон кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта аз лиҳози назариявӣ, илмӣ ва амалӣ ба маънои томаш давлат ва ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.
Маҳз бо иродаву матонат, истодагариву ҷоннисорӣ, азхудгузарӣ, андешаву гузашт ва пешниҳодҳои хирадмандонаву фозилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарзамин аз нобудӣ эмин монда, дар муддати кӯтоҳ ба ҷаннати рӯйи замин табдил ёфт. Шуълаи муҳаббати мардум нисбат ба Ватану ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ аланга зад ва ба ҷаҳониён формулаи сулҳи нодир муаррифӣ гардид.
Мо шоҳиди ҳол будем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне бо ҷасорати беназиру қобили ситоиш зимоми қудратро ба даст гирифтанд, кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Фаромӯш накардем ва набояд аз хотир барорем, ки дар он марҳила аркони давлатдорӣ комилан фалаҷ шуда, бародар бародарро мекушт, мардум аз гуруснагӣ ҷон медоданд, ҳарфи қонуну адолатро силоҳ мезад.
Нотавонбинони миллат, онҳое, ки кишварро ба ин варта афканданд, аз ҳолати баамаломада меболиданду нақшаи тақсими Тоҷикистон ва аз байн бурдани онро аз харитаи ҷаҳон дар сар мепарвариданд. Зулматистони ваҳму парешонӣ, ҳайрату сарсонӣ, ҷаҳлу нодонӣ, низоъ ва ниқор, ваҳшату куштор фазои Тоҷикистонро фаро гирифта буд.
- Дар чунин замони пуршӯр, ки умед ва боварӣ ба оянда аз зеҳни мардум зудуда шуд, аксарият намехостанд масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гиранд…
- Дуруст аст. Воқеан, замони душвор буд ва аксаран аз роҳбар будан дар чунин вазъ истиҳола мекарданд ва намехостанд худро дар хатар гузоранд.
Касе наметавонад инкор кунад, ки ба зимма гирифтани масъулияти сарварии кишвар ва дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намудани рисолати роҳбарӣ дар он лаҳзаҳои бисёр ҳассосу номуайян иқдоми саҳлу сода набуд, зеро Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриде доир гардид, ки ҳукумати қонунӣ, воқеан амал намекард ва мамлакат дар гирдоби нобасомониҳо қарор дошт.
Ҳамон вақт низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона намояндаи мардумӣ буданд, ки бо фикри наҷоти халқ ва андешаи нигоҳ доштани ин марзу буми таърихӣ ба майдони мубориза баромаданд ва бо такя ба хиради азалии мардуми шарафманди тоҷик ба ободсозии вайронаҳо ва бунёди давлатдории миллӣ шурӯъ карданд.
- Муқовимати сиёсиро бо ризояту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳаомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон додан яке аз ҳазор корнамоиҳои Пешвои миллат аст…
- Комилан ҳамфикрам. Дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз, ки тақдири давлат ва миллат зери суол қарор гирифта буд, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама гурӯҳу тарафҳои силоҳбадаст гуфтушунид гузарониданд. Бо зиёиёни кишвар машварат карданд.
Фикру ақидаҳо гуногун буданд, шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои манфиатдор мехостанд ҳадафҳои хешро, ки дар аксар маврид бо манфиатҳои милливу давлатӣ созгор набуданд, амалӣ намоянд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қарорҳо истодагарӣ карда, ин тоифаро водор ва муътақид кунониданд, ки аз ҳама ғаразҳо манфиатҳои миллӣ болотар аст.
Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки дар он вақт бо шахсони силоҳдор гуфтушунид кардан кори осон набуд. На ҳар кас бо онҳо хоҳиш ва ҷасорати рӯ ба рӯ шуданро дошт. Дар ин робита иқтибос овардани суханони пурҳикмати Пешвои миллатро бамаврид медонам, ки фармудаанд: «Фарҳанги сулҳ самараи мувофиқати сентименталии тарафҳо нест, вай дар шароити фавқулода мураккаб ба даст оварда мешавад».
- Пас, оё метавон хулоса кард, ки рушди тамоми соҳа маҳз ба ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста аст…
- Бидуни шакку шубҳа. Маҳз дар даврони сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатдории миллӣ устувор шуда, беҳтарин анъанаҳои фарҳангии миллат таҷдид гардид. Ҳоло соҳиби Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди Миллӣ, Артиши миллӣ, асъори миллӣ, сарҳадоти мустаҳкам ва иқтисодиёти муназзам рушдёбанда ҳастем.
Фароҳам намудани зиндагии арзанда барои ҳар як тоҷикистонӣ, рушди соҳаҳои фарҳангу маориф ва тандурустӣ, тарбия намудани мутахассисон аз ҳисоби занону ҷавонон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани меҳан ва миллат, ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, хоса ятимону бепарасторон – дар ин ҳама дигаргунӣ саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст.
Мадди назар бояд дошта бошем, ки вазъи ҷаҳони имрӯза нисбатан ноором аст. Ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи баъзе аз давлатҳои абарқудрат, раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани терроризм ва дигар ҷараёну гурӯҳҳои номатлуби замон ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу бум таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон содиқона, бо азму талоши бесобиқа кору пайкор намоем.
Ифтихорманд бояд бошем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони пурҳикмат, ки ҳар ҳарфи онҳо саршор аз муҳаббату садоқат, ватандӯстиву раъиятпарварӣ аст, ба ҳаёт гармиву равшанӣ бахшида, бо ташаббусҳои беназирашон мардумро ба бунёдкорӣ ҳидоят ва рушди босуботи кишварро таъмин намуда истодаанд.
Мутмаинам, ки ин раванд бардавом буда, минбаъд низ миллати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии фарзанди фарзонааш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёдтар ноил мегардад.
Мусоҳиб Далер Абдулло,
«Садои мардум»