Бадӣ накардан беҳтарин некуист

№71 (3708) 15.06.2017

Андешае чанд перомуни махлутсозии забони модарӣ ва сифати таълиму тарбия дар мактабҳои кишвар

Баробари соҳибистиқлол гардидани мамлакат таҷдиди таълимгоҳҳо оғоз шуданд, ки зиёда аз бист сол боз идома дорад. Ин иқдоми хуб аст, вале суду зиёни онро бояд аз ҳосили бадастомада натиҷагирӣ кард. Чуноне ки мегӯянд, «аз иваз шудани ҷои яке аз ҷамъшавандаҳо ҳосили он тағйир намеёбад». Ба ҳамин монанд мактабҳои миёнаро ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, таҳсилоти ҳамагониро ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, вазорати маорифро ба вазорати маориф ва илм, техникуму омӯзишгоҳҳоро ба гимназияю коллеҷу литсейҳо табдил додем. Айнан чун табдили «магазин» ба «мағоза», баъдтар ба супер — маркет. Дар нуқтаҳои савдо бошад, ҳамон чизҳоеро савдо мекунанд, ки дар солҳои шӯравӣ ҳам мавҷуд буданд. Фақат бо нархҳои қиматтару бо ному навиштаҷоти барои мардум  нофаҳмо.

Саволе ба миён меояд, ки магар риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фақат барои муаллимони фанни забон ва адабиёти тоҷик, муассисаҳои таълимӣ ва матбуоти даврӣ шарт ва зарур бошад? Ба ҳамин ҳам шукр, агар дар муассисаҳои номбурда, ақаллан эҳтиром ба забони модариро мушоҳида мекардем. Вале аз куҷо? Ба қавле, дабдалаи забонро дар замони соҳибистиқлолӣ баровардем. Аз калимаю ибораҳои русӣ халос нашуда, забони моро акнун вожаҳои англисӣ ва арабӣ пахш кардаанд. Дар ин маврид зиёд мисол овардан мумкин аст. Наход аз «тахфиф» — и арабӣ дида, истифодаи «арзон», аз супермаркет дида, талаффузи «дӯкон», «мағоза», «фурӯшгоҳ», «маркази савдо», аз «таваққуфгоҳ» дида, «истгоҳ» — и тоҷикӣ фаҳмотару талаффузашон осону беҳтар набошад? Ба инҳо монанд мисолҳо лак андар лаканд.  Ҳайрон аз онем, ки ҷисмамон дар Тоҷикистон мегардаду ҳушу ёдамон дар Арабистон, Англия, Туркия ва Россия сайр дорад? Мо, ба кадом миллат муомила, муносибат дорему бо  кӣ дар додугирифтем? Агар бо тоҷикон бошад, пас, биёед, бо забони тоҷикӣ дар муошират бошем. Маълум аст, ки забонҳо аз якдигар таъсир гирифтаанд, вале ҳама чиз ба андозааш. Алҳол касе чӣ хеле хоҳад, менависаду ҳарф мезанад. Дар бораи имлои забони тоҷикӣ бошад, ҳоҷати гап нест. Онро ба дараҷае расондаанд, ки кас намедонад, чӣ тавр нависад? Дар ҳафтод соли ҳамзистии даврони шӯравӣ миллатҳои аз бисёр лиҳоз бо русҳо наздик забони русиро бо «актсент» — гӯиши худ гап мезаданд. Тоҷик бошад, забони русиро беҳтар аз русҳо, ҳеҷ набошад, баробари онҳо гап зада метавонист. Магар ин бад аст? Имрӯз ҳам дилхоҳ тоҷик ҳарфи «ц» — ро бемалол талаффуз карда метавонад. Пас чӣ зарурат буд, ки ин ҳарфро ихтисор карданд. Дар ҳоле ки бо ин ҳарф фақат вожаҳои ба қавле, интернатсионалистиро талаффуз мекунему менависем. Кӣ мегӯяд, ки «ц» дар забони тоҷикӣ вуҷуд надорад? Ҳарфи «ц» дар лаҳҷаҳои помирии забони тоҷикӣ хеле зиёд истифода мешавад. Магар ин далел нест? Дар дигар шеваҳои забони мо ҳам «ц» мавҷуд аст. Чунончӣ, вақте «процесс» мегӯем, метавонем онро бо ҳамин шаклаш ё бо шакли «протсес» талаффуз намоем. Бинобар, талаффузи андаке душвори ин ҳарф, мо, тоҷикон шакли осонашро интихоб намудаем.

Боре яке аз устодони варзидаи забони тоҷикӣ, ки китобҳои зиёде таълиф намудааст, аз минбар баён дошт, ки таълими аз имло додаамон дар ҳафтод сол ғалат будааст. Акнун ёбеду гиред. Мантиқан, ҳамаи китобҳои навишта, заҳматҳои кашида ва маблағҳои сарфшудаи давлат ва шогирдон беҳуда будаанд? Ё мо аз ҷумлаи миллатҳое ҳастем, ки дар гузаш­та хату забон, заминаи воқеию мустаҳками забоншиносии худро надоштем? Руспарастон калимаҳои русӣ, арабпарастон калимаҳои арабиро бе пушт — пушт истифода менамоянду аз «забондонӣ» — и худ боз ифтихор ҳам мекунанд. Мурод аз тағйири номи муасссисаҳои таълимӣ агар тоза кардани забонамон аз унсурҳои бегона бошад, пас, вой бар ҳоли чунин як хишова. Агар хишовачӣ ба фарқи зироати асосӣ наравад, алафи бегона гуфта, аслашро канда мепартояд. Биёед, қазоват кунем. Вожаҳои «мактаб», «таҳсилот», «муассиса», «маориф», «илм», «гимназия», «литсей» ҳама дар асл ғайритоҷикӣ, яъне хориҷианд. Калимаҳои арабӣ дар забони мо кайҳо ҳазм, яъне худӣ шудаанд. Модоме ки чунин бошад, пас, чӣ ҳоҷат ба ин қадар номбадалкунию  сарфу хароҷоти беҳуда? Магар бо иваз шудани ном дар таълимгоҳҳо ба беҳбудие умед бастан мумкин аст?

Агар дар гузашта мо хату савод, мактабу маорифи худро намедош­тем, ин қадар шоирону орифон ва олимони оламшумулро аз куҷо соҳиб шудаем? Ё забон, адабиёту илм, давлатдории мо сирф аз даврони шӯравӣ, аз забони русӣ оғоз ёфтааст? Бинобар ин, хуб мебуд, ки ба ҷои ин ҳама беҳудакориҳо ба ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои беҳтаргардонии сифати таълиму тарбия, дараҷаи дониш­андӯзии хонандагон, дилгарм шудану ҷалби бештари онҳо ба омӯхтани илму дониш, маҳорат ва ҳунар маблағҳоро сарф мекардем. Бигзор наврасону ҷавононамон, ки ояндаи миллат номашон мебарем, на ба хотири ба даст овардани номаи камолу диплом, балки ба хотири омӯхтани илму дониш ба мактабҳо дохил шаванд.

Бобати дастгирию ғамхории Роҳбари давлат нисбат ба маориф набояд ношукрӣ кард. Таваҷҷуҳе, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф дорад, на камтар аз дигар давлатҳост. Шояд дар мавриде бештар ҳам бошад. Лекин бо як маблағгузорӣ кор пеш намеравад. «Гунҷишкро кӣ кушад, қассоб» гуфтагӣ барин, мутахассисони кордону дилсӯзӣ соҳа бояд ҳама масъалаҳоро ҳал кунанду пешрафтро таъмин намоянд. Маблағҳои калони ҷудошудаи давлатро мақсаднок истифода баранд. Адабиёти таълимиеро ба чоп расонанд, ки ҷавобгӯи талаботи давр бошад.

Мутаассифона, имрӯз ҳама шоиру нависанда ва олим шудаанд. Китобҳое пешкаши омӯзгорону хонандагон мегарданд, ки шояд худи муаллифон ба муҳтавояшон сарфаҳм нараванд. Мактабҳоро ба бозори фурӯши китобҳои даркору нодаркор табдил додаанд. Ҳатто маҷмӯаҳои хому хаталаи баъзе шоиртарошонро, ки ба мактабу маориф дахле надоранд, бо роҳи ошнобозӣ маҷбуран ба омӯзгорону хонандагон мефурӯшанд. Ин амалҳои «ватандӯстонаву маорифпарварона» — ро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Чунин корҳои номатлубро аз ҷинояту хиёнат чӣ фарқест?

Сабаби дигари пеш нарафтани сифати таълиму тарбия ин аст, ки ба замони муосир ҳеҷ мутобиқ шудан намехоҳем. Дар натиҷа, талаба 10 — 11 сол дар мактаб хонда, забони хориҷӣ як тараф истад, ҳатто забони модарии худро дуруст ёд намегирад. Бо забони тоҷикӣ дуруст гап зада, хондану навишта наметавонад. Адабиёту таърихи миллати худро намедонад.

Имрӯзҳо дар ҳар синфхона 25 — 30 хонандаро ҷой карда, муаллимонро вазифадор мекунем, ки ба онҳо тамоми фанро омӯзанд. Фарқ надорад, ки хонанда бештар ба кадомаш шавқу завқ дорад. Чаро дар ин маврид усули гурӯҳбандиро ҷорӣ намекунем? Яъне, гурӯҳи хонандагони ба фанҳои муайян бештар рағбатдошта аз дарси омӯзгори ҳамон фан бисёртар бархӯрдор бошанд. Ё шарт аст, бачаеро, ки бештар ба ҳунаромӯзӣ шавқу ҳавас дорад ва оянда роҳи ҳунарро пеш мегирад, маҷбуран то хатми мактаб аз ҳама фан дарс диҳем. Беҳтар он нест, ки дар мактабҳо бо чунин хонандагон бештар дарсҳои ҳунарӣ гузаронем? Дигар ин ки бо чунин шумораи зиёди хонандагон дар як синф, ҳатто ботаҷрибатарин муаллим дарсро бо натиҷаи дилхоҳ намегузаронад. Гумон аст, ки ҳар рӯз 5 — 6 соат аз фанҳои гуногун дарс хондан, вазифаҳои хонагӣ гирифтану ҳамаи  онҳоро тайёр карда, ба мактаб бо омодагӣ омадан дар доираи имкониятҳои физикию психологии хонанда бошад? Дар натиҷа, хонанда аз ҳеҷ кадомаш ба таври қаноатбахш баҳра намегирад. Ба истиснои чанд нафар аълохонҳое, ки роҳбарони мактабҳо чун далели пешрафти кор дар ҳама ҷо ном мегиранд. Аз тақдири минбаъдаи хонандагони боқимонда бошад, касе сухан ба забон намеорад. Ҳар сол дар ҷараёни таҳсил мунтазам нозирон ва дигар мутахассисони соҳаи маориф аз рафту натиҷаи дарсҳо санҷиш гузаронда, маълумотнома пешниҳод менамоянд. Ҳар сол хонандагони зиёде хатм мекунанд ва номаи камол мегиранд. Дониши онҳо бо баҳои дар номаи камол гузошташуда мувофиқат мекунад ё не, касеро ба ташвиш намеорад. Ба ҳамин монанд, камбуду нуқсонҳо дар соҳаи маориф хеле зиёданд. Мушкилоти ҷойдошта ҳам роҳи ҳали худро доранд. Барои рафъи онҳо кордонию дилсӯзӣ ба соҳа ва муҳаб­бат ба миллату Ватан доштан асту бас. Пешрафти маориф ин пешрафти ҳама соҳа ва дар маҷмӯъ, бақои миллату давлат мебошад. Пас, чаро мо чунин ифтихорро сазовор набошем?

Мирзо РУСТАМЗОДА,

 «Садои мардум»