Волотарин ҳадаф ва орзуву ормони ҳар миллат ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияти устувори он аст. Шукуфоиву амният, хусусан, барои тоҷикон, бағоят пурарзишу муътабар мебошад, зеро мутаассифона, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мухолифату даргириву фоҷиаҳои зиёд бархӯрда, рӯзҳои сахтро аз сар гузаронидем. Он ҳангом ҷомеаро навмедӣ фаро гирифта буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз он айём ёдовар шуда гуфтанд: «Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид». Сарвари давлат, ҳамчунин, бо таассуф ёдовар шуданд, ки дар он солҳои мудҳиш аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмронӣ дошт. Хотираи он солҳо набояд зудуда шавад, балки он ҳодисаҳои манфуру миллаткуш бояд дар ёдҳо бимонанд, то дигарбора ба хато роҳ надиҳем.
Табиист, ки комёбиву ободкориҳои ҳозираи кишвар ба душманони миллат, ашхосу гурӯҳҳои нотавонбин ва манфиатхоҳ чун хор дар чашм аст. Онҳо тобу тавони шунидану дидани пешрафтҳоро надоранд ва ба ҳама гуна иғвою дасиса, туҳмату хиёнат даст мезананд. Солҳои охир «афсонабофӣ»-ҳои неруҳои тахрибкор боз ҳам афзудааст ва онҳо барои паҳн кардани буҳтон аз воситаҳои гуногун, аз ҷумла, аз радиову телевизионҳои хориҷии ҳангомаҷӯ, шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, аз воқеият чашм мепӯшанду сухан аз адлу адолат мегӯянд. Ҳол он ки батамом дар ботлоқи макру ҳила ва туҳмату бадномсозӣ ғӯтавар гардидаанд. Хиёнаткорони Ватан бо созмону гурӯҳҳои иртиҷоиву ҷоҳил гаравидаанд ва зери ҳимояву маблағгузории онҳо фаъолияти бадфарҷом доранд.
Хушбахтона, сатҳи маърифату фарҳанги мардуми кишвар тадриҷан боло рафта ва дар ин замина мавқею эътибори байналмилалии Ватани азиз боз ҳам афзудааст. Президенти кишвар зимни ироаи Паёмашон иброз доштанд, ки «кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, кочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад». Ин, пеш аз ҳама, ба он маъност, ки кишвар ҳоло дар арсаи ҷаҳон дар сафи муборизони фаъоли зидди ҳама гуна неруи иртиҷоӣ қарор гирифтааст ва таблиғгари рӯзгори осоиштаву дӯстона ва пурнишоти сокинони сайёра мебошад.
Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ифодагари марҳилаи тозаи рушди мамлакат, далели раднопазири азму иродаи неки халқи тоҷик, тавзеҳи ҳадафҳои бунёдкоронаи сокинони кишвар, собиткунандаи дурустии роҳи пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати мамлакат ва илҳомбахшу ҳидоятгар барои фаъолияти минбаъда гардида, бори дигар ба нотавонбинону хиёнаткорону бадхоҳони миллат ҳушдор дод, ки Тоҷикистон ошёни халалнопазири сулҳу ваҳдат аст ва ҳеҷ неру наметавонад азму иродаи неки сокинони онро бишканад. Беҳуда нагуфтаанд:
Ба дил андар андешаи бад мадор,
Бадандешро бад бувад рӯзгор!
Санавбар РАҶАБОВА,
рӯзноманигор