Наврӯзи аҷам омад, аз хона ба дар оед,
Чун ҳасрати Мавлоно, аз хеш бадар оед.
Як даст ба барги гул, як даст ба зулфи ёр,
Бар базмгаҳи Наврӯз бо шӯру шарар оед.
Рӯ-рӯи гулу сабза бо ёраки сабзина,
Ошиқкуши дерина, чун ширу шакар оед.
Пазмони гули баҳман, пазмони гули рухсор,
Печидаву хам хӯрда чун навдаи тар оед.
Сад шӯру ҷунун афтод аз нав ба дили чашма,
Чун чашмаи ҷӯшанда сад шӯр ба сар оед.
Аз нав нафаси гарме ҷон бахшаду ҷон бахшад,
Бишкуфтаву болида, чун ғунчаи тар оед.
Дар каф қадаҳи лола лабрези маи борон
Нӯшед чу шукрона, то соли дигар оед.
Бистонд насим бӯса аз лаъли лаби ғунча,
Бо ёди лабу оғӯш аз хона бадар оед.
Бар сӯи гулу сабза, ба рӯи чу оина
Дар субҳгаҳи Наврӯз бо тоза назар оед.
Модар, ки биҳишти мост, Наврӯзи баҳори мост,
Имрӯз ба дидораш чун нури саҳар оед.
Ҷумъа ДӮСТ