Китоби нав

«Барги дуо»

№132 (4552) 28.10.2022

DSC_7927Ин китоб баҳои ҳамқаламон, дӯс­тону ҳамкорон, алоқамандони  ашъори адиб ба ашъори Ворис ва ҷойгоҳаш дар адабиёти муосир мебошад. «Шиносоии иҷмолӣ бо сурудаҳои шоир баръало нишон дод, ки вожа — вожа, байт — байти чакомаҳо аз дастовард, навгонӣ, ҳусну ҷило саршор буда, рангоранги шеъри муосири тоҷикро дар худ таҷассум кардаанд» — қайд шудааст дар муқаддима.

Яке аз муаллифон, шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ  шеърҳои Ворисро ба чашмаи зулол монанд кардааст: «Ворис ба шеъри муосири тоҷик бидуни  дағдаға, мисли як чашмаи зулолу ором, ки аз буни санг меполад, ҷорӣ мешавад, ворид мешавад, аммо ин чашма чӣ қадар оби ширин дорад, оби гуворо дорад ва чӣ қадар зулол аст. Бо ин, ки аз худ бисёр дағдаға нишон намедиҳад ва ҳеҷ вақт сару садое ҳам аз худ сар бар намедиҳад, аммо шеъри ӯ мисли ҳамон чашмаи зулол аст, ки ҳар ташнаи калом мехоҳад аз он чашма ба серӣ бинӯшад. Ворис воқеан, дар шеъри муосири тоҷик бо он, ки кам шеър мегӯяд, вале шеърҳояш пурбор аст, дилнишин ва ҷаззоб аст…».

Мураттиби китоб рӯзноманигор Муҳаммадуллои Табарӣ аст.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»