Зикри хайр

Баргузид ӯ мақсади худ хидмати халқу ватан

№61-62 (4644-4645) 10.05.2023

IMG-20220520-WA0000Барои ба камол расидан ва чун шахсият ташаккул ёфтан муҳити оила ва волидон нақши барҷаста доранд. Бузургтарин ҳадяи мактаби ҳаёт аз овони кӯдакӣ то ба ҳаёти мустақил қадам мондан ин нигоҳдории суннатҳои оилавӣ дар фазои фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсола ва муҳити ҷомеа мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо аҳли зиёи кишвар дар муколама буда, фаъолияти эҷодӣ ва тадқиқотии онҳоро дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ менамоянд. Пешвои миллат ба олимони барҷаста ва маъруфи кишвар ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд, ки яке аз онҳо падари ман – Дӯстмурод Уроқов буданд.

Бузургони илму адаб Фирдавсӣ, Рӯдакиву Ҳофиз, Саъдиву Носири Хусрав, Унсурмаолии Кайковус, Ҷалолиддини Балхӣ, адибони шинохтаи муосир устодон Айнӣ, Турсунзода, Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар назди падар ва устодонашон тарбия гирифта, ба онҳо арҷгузорӣ намудаанд.

Боиси сарфарозӣ ва ифтихори беандозаам аст, ки дар оилаи Дӯстмурод Уроқов ба дунё омадаам. Дар асри ҷаҳонишавии равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, асри технологияҳои муосири кайҳонӣ, парвоз ба сайёраҳо мо тавонистем арзишҳои аслии падарсолориро дар оила арҷгузорӣ намоем. Аз гуфтор, рафтор, меҳру садоқати волидон хушқалбӣ, инсонгароӣ, таҳаммулпазирӣ, одоби муошират, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон, аҷр гузоштан ба арзишҳои оилавӣ ва ҳимоя аз онҳоро, ки реша дар фарҳанги куҳан доранд, омӯхтаем. Пайроҳаи худро бо мавқеи устувор дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун фарди садоқатманд ба Ватан — Модар, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ ва фидокор ба даст овардаем.

Падарам ҳамеша мегуфтанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нагашт муллои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Метавонам соатҳо оид ба падарам ва кору пайкорашон сухан бигӯям. Аввалан, ҳамеша бо забони адабӣ оҳиста, ботамкин ва ҳалимона хеле шево ва ширин сухан мегуфтанд. Меҳнатдӯстиашон касро ба ҳайрат меовард, ҳатто замони бемориашон бо компютер 10-12 соат кор менамуданд, асар эҷод мекарданд, мақолаҳои илмӣ менавиштанд. Ба боғ даромада, соатҳо дарахтону ниҳолҳоро нигоҳубин менамуданд. Ба мо ҳамеша аз садоқат ба Ватан ва пос доштани арзишҳои миллӣ сухан мегуфтанд ва аз ориётабор будани худ фахр мекарданд. Ҳеҷ гоҳ аз падар сухани нороҳаткунандае нашунидаам, танҳо чашмонашон ва нигоҳи каме маломаткунандаашон кофӣ буд, то фаҳмем, ки он касро нороҳат намудаем. Хеле меҳрубон буданду сабур.

 Тамоми ҳастии худро ба илмомӯзӣ, тарбияи шогирдон, ба модар ва мо — фарзандону наберагон бахшиданд ва рӯзе набуд, ки бо мо тамоси телефонӣ надошта бошанд. Олим буданду адиб, назму насрашон аз тарафи нависандагони шинохта ва маъруфи тоҷик Кароматулло Мирзоев, Ӯрун Кӯҳзод, Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон хуш пазируфта шуда, миёни хонандагон маҳбубияти хосае доштанд. Олимону адибон дар ҳама давру замон мисли чароғ фурӯзон ҳастанд ва бо равшанзамирии худ барои пешрафти ҷомеа нақши бузург доранд. Рисолати мо – пайравони Пешвои миллат он аст, ки кори хайри падарону омӯзгоронамонро идома диҳем, зиндагии озода ва пур аз ишқу муҳаббати онҳоро ба Ватану миллат тарғиб намоем.

Мероси бебаҳои падари ман осори илмиашон, асарҳои наз­миву насриашон мебошад, ки чун ганҷи бебаҳо ба ёдгор мондаанд. Имрӯз кори Дӯстмурод Ӯроқовро шогирдонашон идома медиҳанд. Хотираи неки ӯ ҳанӯз аз дилҳо зудуда нахоҳад шуд.

Шеъри зерин, ки «Чакомаи сарнавишт» ном дорад, намунае аз осори назмии он кас аст, ки бо тахаллуси Самимӣ шеър мегуфтанд:

 Кӯдакият рафт, гӯё ахтари тобон гузашт,

Огаҳу ноогаҳу бо дарду бо дармон гузашт.

Гоҳ бо чашми тару гаҳ бо лаби хандон гузашт,

Бо дуои волидону ҷумла ҳамдеҳон гузашт,

Кӯдакӣ ҳамчун ҳумои бахт болафшон гузашт.

 

Чун набудӣ аз азал аз шири модар баҳравар,

Шири худ ҳамсоязан медод ҳар шому саҳар.

Ӯ зане буд меҳрубону хушзабону номвар,

Мисли модар парвариш мекард он ҷону ҷигар,

Рӯзгори пур зи лутфу ҳиммату эҳсон гузашт.

 

Мешунидӣ аз ниёгон қиссаву афсонаҳо,

Аз садоқат, аз муҳаббат, аз сахо, меҳру вафо.

Ҳар шунида буд баҳрат ҳамчу панди бебаҳо,

Худшиносию хирадандӯзӣ будат муддао.

Ёд ояд, худ ба худ гӯӣ: — Беҳин даврон гузашт.

 

Баргузидӣ мақсади худ хидмати халқу Ватан,

Кардаӣ таълими шогирдон мароми хештан.

Мазраи илму маориф аз ту гашта чун чаман,

Ҳамчунин обод бинмудӣ басе мулки сухан,

Ин ҳама азму талоши Рустами Дастон гузашт.

 

Бонуи хушсурату хушкор бошад ҳамсарат,

Ӯ ҳамеша меҳрубону боназокат дар барат.

Нурбахши роҳи ту бошад чу шамси Ховарат,

Гашта андар зиндагонӣ ҳамдилу бахтоварат,

Дар бари ӯ зиндагонӣ хурраму шодон гузашт.

 

Сайри олам кардию дидӣ басе шебу фароз,

Рафта бар мулки Араб, бар Турку Афғону Ҳиҷоз.

Аз тамошои ҳама дунё баровардӣ ниёз,

Марди дунёдида гаштӣ солики роҳи дароз,

Зиндагӣ андар сафар бо чеҳраи хандон гузашт.

 

Хидмати шоиста бинмудӣ ба дунёи адаб,

Бо қалам, бо ҳиммату бо тозакорӣ рӯзу шаб.

Ҳар китобат баҳри мардум оварад суду тараб,

Шукри ҳастии Ватан бошад туро доим ба лаб,

Бо китобу илму дониш беҳтарин даврон гузашт.

 

Шукр гӯӣ, зиндагӣ дар хизмати ёрон гузашт,

Бар ҳама дарди замон чун марҳаму дармон гузашт.

Баҳри шодию фараҳмандии фарзандон гузашт,

Бо накукорӣ, Самимӣ, баҳри ҳар инсон гузашт,

Эй сано бар зиндагият! Дар сари паймон гузашт.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон