Дар ноҳияи Мурғоб баргузории рӯзҳои фарҳанги ҷамоатҳои деҳот оғоз шуд. Нахуст рӯзҳои фарҳанги сокинони деҳоти «Қарақул» дар маркази ноҳия ташкил гардад.
Дар ин намоиши фарҳангӣ ҳамаи 6 ҷамоати деҳоти ноҳия ширкат меварзанд. Намоишро дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ сокинони ҷамоати деҳоти калонтарини ноҳия – «Мурғоб» ҷамъбаст менамоянд.
Тибқи иттилои муовини раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабова дар барномаи фарҳангӣ сокинони тоҷикзабон ва қирғиззабони ноҳия фаъолона ширкат хоҳанд варзид. Ҳадаф аз ин чорабинӣ ба намоиш гузоштани дастовардҳои фарҳангӣ мебошад. Тамошобинон баробари лаззат бурдан аз созу суруд имконият доранд, ки ба истеъдоди бофандагону пазандагон баҳо диҳанд. Намоиши дастовардҳои фарҳангӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар майдони маркази ноҳия баргузор мешавад.
Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»