Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, 16 ноябри соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои фарҳангии мамлакат барномаҳои рангини ҳунарӣ ройгон пешкаши сокинон гардонида мешавад.
Аз ҷумла, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи «Дидгоҳ», Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов асари «Моҷаро дар Киоҷа»-ро манзури тамошобинон мегардонанд. Дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский тамошобинони наврас метавонанд намоишномаи «Албастии ботлоқӣ ва чӯбчаи сеҳрнок» ва дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи «Саргузашти Шуртанмоҳӣ»-ро тамошо кунанд.
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев барномаҳои гуногуни консертӣ баргузор гашта, Сирки тоҷик низ дар ин рӯз барномаи ҷолиберо барои мухлисон пешкаш мекунад.
Ҳамчунин, кормандони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ҷолиб омода кардаанд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»