Ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бародарон, бародарии ҷовидон

№57-58 (4953-4954) 08.05.2025

чанг 1Чанде пеш ба рустои Курговади ноҳияи Дарвоз рафта будам, дидам, ки омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳа ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ лавҳаи мармарӣ сохтаанд. Бошандагони деҳа майдон ва лавҳаи ёдгориро, ки ба ифтихори ҷашни 80 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд шудааст, тозаю озода нигоҳ дошта, дар пояи лавҳа ҳамарӯза гулҳои тару тоза мегузоранд. Ин манзараро дида, ёди фарзандони диловари ин диёр кардам.

Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ин деҳаи на он қадар калони ноҳияи Дарвоз се бародар — Абдулло, Анвар ва Акбар Муриватовҳо ба ҷабҳа рафтанд. Бародари калонӣ Абдулло аввалин шуда, ба ҷанг рафт ва баҳодурона ҷангид. Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат яке аз қисматҳои таъсирбахши достони «Мавҷҳои Днепр» — «Мавҷи бародарӣ»-ро ба ӯ бахшидааст. Ин адиби тавоно то охирин лаҳзаҳои умр ёди бародараш Абдуллоро мекард ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи ӯ буд, аммо марқади бародарашро пайдо карда натавонист ва ин мисраъҳоро суруд:

Ба дида нақши рӯи ту, ба гӯш гуфтугӯи ту,

Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯи ту,

Ба ҷои дур меравад, дилам ҳамеша сӯи ту,

Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯи ту,

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Замини Украинаро зи сарру бар қадам задам,

Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам.

Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту,

Бикофтам, наёфтам нишони ноаёни ту.

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Туро агар наёфтам, биёфтам дар ин макон,

Ҳазорҳо бародарон, бародарии ҷовидон!

Баъд аз Абдулло бародари дуюм Анвар низ хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтанро мекунад. Ӯ эҳсос карда буд, ки акааш Абдулло ҳалок шудааст. Ба комиссариати ҳарбии ноҳияи он замон Қалъаихумб (Дарвози имрӯза) меояд ва аризаи ба фронт рафтан менависад. Дар қатори садҳо ҳамсолон ду моҳ дар шаҳри Самарқанд тайёрии ҷангӣ гирифта, сипас ба сафи пеши ҷабҳа раҳсипор мешавад. Ӯ дар муҳорибаҳо барои озод кардани хоки Беларус, Бесарабия ва Молдова иштирок менамояд. Ҳини дарёи Днепрро убур кардан ба сараш тири душман мерасад. Ӯро хоҳарони шафқат аз соҳили дарё ба госпитали саҳроӣ мебаранд. Духтурон устухонҳои косахонаи сарро пайваст менамоянд, вале панҷ шабонарӯз ба ҳуш намеояд. Яке аз муовинони командири полки тирандозӣ бемасъулиятӣ зоҳир намуда, иштибоҳан номи ӯро ба рӯйхати фавтидагон ворид месозад ва таъҷилӣ ба комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қалъаихумб хати сиёҳ мефиристад.

Адиби номвар нақл мекард, ки он замон ҳамагӣ сенздаҳсола буд. Ӯ, ҳамсолон ҳамроҳи муаллимаашон Давлатбибӣ номаҳои аз фронт расидаро дар назди падару модар ва хешу табори сарбозони шаҳид мехонданд. Корманди комиссариати ҳарбӣ хати сиёҳи Анвар Муриватовро ба дасти ин писарбача, шоири оянда медиҳад. Муъминшоҳи наврас онро пинҳон мекунад. Баъд аз шаш моҳ, як субҳ боробари пайдо шудани нахустин шуълаҳои гарми офтоб аз паси қуллаҳои сарбаланди Зартеғ, бародараш Анвар сари сина пур аз ордену медалҳо, савори аспи саманд ба ҳавлӣ ворид мешавад.

Ин ҳолатро баъд аз адиби номвар ва баркамол гаштан устод Муъмин Қаноат дар шеъри «Ёд» чунин тасвир намудааст:

То номаи сиёҳи ту омад ба номи ман,

То хатти ҷанг тира шуд роҳи паёми ман…

Дар назди чор хоҳари гирёну музтарам,

Кардам сафед номаро чун мӯи модарам.

Гуфтам сафед номаро, фолам сафед шуд,

Пайғоми охирини ту ногаҳ навид шуд.

Омад хабар, ки омадӣ, бе чопар омадӣ,

Сарвақти худ расидию аз дар даромадӣ.

Чун роҳи рафту омадат роҳи дароз буд,

Дарвоза чун кушодани дунёи роз буд.

Бар номаи сиёҳи ту дидам гувоҳи нав,

Эй посбони умри ман, эй осмони ман.

Эй қаҳрамони зиндаи ҳар достони ман,

Захми сари шикастаи ту сарнавишти ман.

Сарбози пири ман,

Оғози шеъри ман!

Ҳар гоҳ шиква мекунӣ аз дарди нимсар,

Аммо чӣ чорае, ки аз он ҷанги пурасар,

Ними замин ва ними замон дард мекашад,

Сайёра давр мезанаду дард мекашад.

Анвар Муриватов солҳои зиёд мудири фермаи чорводории колхоз буд. Оқибат захмҳои ҷанг кори худро карданд ва ин собиқадори далери Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар синни 65-солагӣ вафот кард. Хати сиёҳи аз фронт расидаи вай ҳоло дар китобхонаи устоди шодравон Муъмин Қаноат маҳфуз аст.

Бародари хурдӣ Акбар низ дар солҳои охири ҷанг ба сафи пеши ҷабҳа фиристода мешавад. Дар набардҳо баҳри озод намудани шаҳру деҳоти Полша ва Руминия иштирок карда, аз пешонӣ захм мебардорад. Шеъри «Ёд» ба сарнавишти амаки Акбар низ хеле муносиб аст. Рӯзи Ғалабаро ин ҷанговари тоҷик дар канори дарёи Элба истиқбол мегирад.

Дар набардҳо ба муқобили артиши Япония низ Акбар Муриватов иштирок намудааст. Баъд аз ғалаба ду сол дар қисмҳои низомии Артиши шуравӣ дар Шарқи дур хизмат мекунад ва соли 1947 ба Тоҷикистон бармегардад.

Ӯ низ бо чандин ордену медалҳо мукофотонида шуда буд. Дар идораҳои абрешими ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ҳамчун сармуҳосиб то охири умр заҳмат кашид. Фарзандони солеҳро тарбият карда, ба камол расонид. Мураббии даҳҳо мутахассис буд.

Онҳо имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, вале ба шарофати корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатиашон ёдашон гиромист.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,

рӯзноманигор