Барои он ки ҳаёте чунин диҳад моро…

№95 (4357) 22.07.2021

БАРОТЗОДАДар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин баҳогузорӣ шуд. Бо сабаби сар задани бемории сироятии коронавирус ва паҳн шудани он дар ­аксар кишварҳо сокинон ба буҳрони сахти иқтисодию молиявӣ мувоҷеҳ гаштанд, ки дар рушди иқтисодиёти миллӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва паст рафтани сатҳи некуаҳ­во­лии мардум низ таъсири манфӣ расонид.

Дар иртибот ба вазъият таъкид гардид, ки буҷети давлатӣ соли 2020 бознигарӣ шуда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид гардид. Ин иқдом асосан барои хариди доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхона­ҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб, инчунин, омода кардани 16 ҳазор кат дар 92 муассисаи тиббии мамлакат роҳандозӣ шуд. Хурсандиовар аст, ки дар ин соли нисбатан душвор устувории нишонди­ҳан­да­ҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Паёми имсола низ аз нигоҳи фарогирии масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ, баррасии паҳлуҳои гуногуни рушди устувори иқтисодиёт ва инфрасохто­ри кишвар хусусиятҳои фарқкунанда дошт. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки «иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид». Ҷиҳати барозандаи ин ҳуҷҷати барномавӣ, ба андешаи мо, дар он зоҳир гардид, ки рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат бо овардани далелу рақамҳои оморӣ ва таҳлилу баррасии муқоисавии онҳо бо марҳилаи сипаришудаи 20 — 30 соли даврони истиқлолият пешниҳод шудааст. Чунин шакли масъалагузорӣ натиҷаҳои назаррас ва нишонди­ҳан­даҳои масаррат­­бахшро дар низоми фарогири инфрасохтори кишвар баръало нишон медиҳад ва мушкилоту монеаҳои мавҷударо барои пешрафти босубот ошкор месозад. Дар ин росто, Пешвои миллат вазифа гузош­танд, ки «вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолиятро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногун­сам­тии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшад». Салоҳ ­дониста шуд, ки бештар ба имкониятҳои дохилии кишвар ва неруи зеҳнии ватанӣ такя намоем, фазои мусоидро барои низоми маблағгузо­рии электронӣ ва ҷалби сармояи мустақим муҳайё созем, собитқадамона уфуқҳои тозаро барои татбиқи бемайлони чаҳор ҳадафи стратегии кишвар боз кунем, барои ташаккули инфрасохтори муосири логистикии кишвар ­пайваста заҳмат кашем, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро тарзе ба роҳ монем, ки новобаста ба вазъи ҷаҳон, мардум аз норасоии ғизо танқисӣ накашанд.

Ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, ба мақому манзалати созандаи бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа баҳогузории ҷиддӣ баён гардид ва дастоварду норасоиҳо нишон дода шуд. Гуфтан мумкин аст, ки таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани хурду бузург ба илму маориф ва фарҳангу маърифат барои осон паси сар кардани мушкилоти бемории фарогири COVID -19 мусоидат кард. Воқеияти ин матлабро баргузории ҷашнҳои 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО собит менамояд. Қобили зикр аст, ки соли сипаришуда ду чораби­нии муҳими сиёсӣ, – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ифодаи фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фаъолнокии мавқеи шаҳрвандии сокинони кишвар баргузор гардиданд.

Илова бар ин, «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040, баргузории озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои шавқманд шудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ва кашфи истеъдодҳои нав таҳрик бахшид. Баргузории ин қабил озмунҳо усули муваффақонаи истифодаи «неруи нарм» дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар маҳсуб мешавад, ки дар шароити пандемия ва асабонияту рӯҳафтодагӣ таваҷҷуҳи сокинонро, ба таъбири устод Турсунзода, «ба кори судовар банд» мегардонад. Аз ин ҷиҳат, ҳар сол баргузор намудани озмуни нави ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» ҷиҳати боло бурдани нуфузу эътибори илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ муҳиму саривақтӣ маҳсуб мешавад. Мақсуд аз чорабиниҳое, ки дар ин самт роҳандозӣ мешаванд, аз забони Пешвои миллат дар лаҳни барҷастаи сиёсатмадорӣ ва фарҳангсолорӣ баён гардид: «Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад». Тавассути баргузории ин қабил озмунҳо, воқеан, барои ғолибон заминаҳои мусоид ҷиҳати пайдо кардани ҷойҳои корӣ ва боз шудани уфуқҳои тоза муҳайё мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ талабот ба неруи зеҳнии боистеъдод ва кадрҳои баландихтисос ҳама вақт вуҷуд дорад.

Аз ин мавқеъ, ибтикорот ва муқаррароти Ҳукумати мамлакат ба ниҳодҳои дахлдори соҳаи илму маориф ва таълиму тарбия дар суханро­нии Роҳбари давлат возеҳ ва мушаххас садо доданд. Аз ҷумла, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус русию англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, донишандӯзии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, зиёд кардани стипендияҳо, тайёр карда­ни олимони ҷавон дастуру супориш дода шуд. Ин ғамхориҳо бори дигар бар он далолат мекунад, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад ва дар ин самт пайваста иқдомоти ҷиддӣ андешида мешавад.

Таҳлили муқоисавии дар Паём дарҷшуда оид ба фаъолияти 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ исботи ин гуфтаҳоянд: «Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст».

Воқеан, ҷалби дурусти неруи ҷавони зеҳнӣ ва захираҳои меҳнатӣ баҳри таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ роҳандозии барномаву стратегияҳои дахлдорро тақозо менамояд. Аз ин ҷиҳат, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо ва дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ тарбия намудани ҷавонони боистеъдоду лаёқат­манд дар бахши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҳия намудани «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 — 2030» супориш дода шуд. Мутмаинем, ки татбиқи ин қабил барномаҳо барои ворид шудани ҷавонон, ки бо донишҳои муосири илмӣ ва истифодаи технологияҳои баланд мусаллаҳанд, ба пешрафти  беш аз пеши инфрасохтори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамин паҳлуи масъала зимни суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар 21 майи соли 2021 махсус таъкид гардид: «Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад».

Дарвоқеъ, тарбияи навра­со­ну ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ ба воя расонидани онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Зеро ҳифзи арзишҳои миллию динӣ ва таърихию фарҳангӣ, ташаккули ҷаҳонбинии демокра­тию дунявӣ, таъмини пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа малакаву маҳо­рати баланди касбиро тақозо менамоянд. Табиист, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ дар шароити таъмини сулҳу оромӣ, ҳифзи суботу амнияти пойдор ва ҳамбастагии табақаҳои гуногуни ҷомеа имконпазир мегардад.

Вазъияти тағйирёбандаи ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар марҳилаи бисёр мураккаби сиёсӣ бояд, бо дарназардош­ти таъсиргузории равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофот­па­рас­тӣ, ҳамчун омили асосии хатарзо барои имрӯзу фардои кишвар ва ба эъти­бор гирифтани манфиатҳои минтақавию геополи­тикӣ таъмин карда шавад. Соли 2021 барои Тоҷикистон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ба шарофати он дар тафаккури мардум ҷойгузин шудани раванди созандагию ободонӣ моро ба марҳалаи сифатан нав ворид месозад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, пайваста такомул бахшидан ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки раванди ташак­кули низоми сиёсӣ ва ниҳодҳои гуногуни инфрасохтори давлати миллӣ ба таври амудию уфуқӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст. Тоҷикис­тон субъекти комил­ҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва дар бах­ши иҷтимоиёту иқтисодиёт қадамҳои устувор гузош­та, барои расидан ба чаҳор ҳадафи асосии стратегӣ корҳои шоёни таҳсин роҳандозӣ мегарданд. Вале ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои марҳила ва зинаҳои гуногуни рушд аст. Табиист, ки ҳангоми паймудани ин масир ҳолатҳои буҳронӣ, низоъҳои сиёсию идео­логӣ ва кӯшишҳои пешниҳоди роҳу равиш ва ҷаҳон­бинию мафкураи тамоман дигаргуна иттифоқ меафтад. Бартарии вазъияти кунунӣ дар он аст, ки дав­лати миллӣ дорем ва дар он аркону атрибутҳои давлатдорӣ ва зербунёди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ барқарор аст. Ҳоло тақозо мешавад, ки нақши давлати дунявӣ дар ташак­кули андешаи миллӣ ва татбиқи воқеии он андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ бо иштироки фаъоли қишру табақаҳо дар шароити ҳамеша афзояндаи арзишҳои ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду иттифоқи мардумӣ таъмин гардад. Яъне, барои ноил шудан ба модели давлатдории муосир, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории се омили асосӣ – давлати миллӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шарт ва зарур аст. Давлати миллии тоҷикон соли сипаришуда рақобатпазир буданро дар муқобили озмоишҳои бемории фарогири COVID-19, пайомадҳои буҳрони молиявию иқтисодӣ, ҳифзи оромии ҷомеа ва дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаҳои интихоботӣ муваффақона нишон дод. Дар шароити кунунӣ андешаи миллӣ, ки маҷмӯи тасаввуроти миллатро дар бораи ҷойгоҳ дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ, реша, забон, фарҳанг ва таркиби нажодии он аз мавқеи имрӯз доир ба гузашта ва оянда муқаррар меку­над, бояд рисолати муттаҳид­кунандаи умумимиллӣ касб намояд. Ин анде­ша бояд сода, озод ва созгор ба тарзи зиндагии миллат бо­шад, беҳдошти ҷанбаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва моддиёти мардумро ба эътибор гирад ва бо иштироки васеи афроди ҷомеа ҳамеша такмил ёбад. Ҳар фарди ҷомеа бояд бидонад, ки татбиқи таҷрибаи сиёсии миллат бе мавҷудияти давлати миллӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, як бахши ҷавҳарии андешаи миллӣ бояд таъмини пойдории давлати миллӣ қарор гирад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоди фарогири ҷамъиятиест дар муносибати байни давлат ва шаҳрвандон, ки фикру ақидаи қишру табақаҳои гуногунро ба сохтор­ҳои давлатӣ мерасонад. Он аслан барои бунёди фазои солими иҷтимоӣ ва иттиҳоди неруҳои равшанфикр масъул аст, ки барои пайдо кардани шакли беҳтарини расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ҳамкории муваффақонаи давлати миллии дунявӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд барнома ва лоиҳаҳое пеш­ниҳод шаванд, ки дар онҳо сиёсати давлатӣ, ҷаҳонбинию мафкураҳои таҳлилӣ ва андешаҳои созанда ғунҷоиши сазовор дошта бошанд. Такомули давлатдории навини миллӣ бояд ҳамеша бар пояи таърихан шаклгирифтаи фарҳанги ниёкон ва арзишҳои ахлоқӣ-маънавии миллати ку­ҳанбунёди тоҷик такя намояд, то дар шароити муосир моҳирона эҳё шавад. Ҳеҷ кас дигар ҳуқуқи ахлоқию маънавӣ ва фарзандию шаҳрвандии такрор кардани хатоҳои гузашта ва роҳ додан ба иштибоҳҳои навро дар рӯёрӯи мазҳари поки Модар — Ватан надорад.

Пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон ва омили тавонои таъмини рушди устувори ҷомеа будани ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки асосноккунии илмӣ-методологӣ доир ба беҳбуди вазъият ва пайдо кардани роҳҳои наздикшавии қишрҳо ба ҳадафи асосӣ таҳия гардад. Дар доираи тафаккури дунявӣ бояд шароите эҷод шавад, ки дар онҳо ақидаи солим ва баррасии мантиқӣ ғунҷад. Баръакс, бояд ҳар гуна андешаи тундрав баҳои сазовор гирифта, тадриҷан аз фазои иттилоотӣ ва матни зиндагии ороми шаҳрвандони кишвар берун оварда шавад.

Шоири мубориз ва тавонои тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ дар тақвияти ҳамин андешаҳо шеъри мавзуне гуфтааст, ки барои ҳусни анҷом бахшидани матлаб бисёр мувофиқ меояд:

Ҳаёти дилкашу зебо  ҳаёти озод аст,

Чунин ҳаёт на арзон ба даст афтодаст.

Барои он ки ҳаёте чунин диҳад моро

Ҳазор бор Ватан сад ҳазор ҷон додаст.

Мутмаинем, ки пешбурди фаъолияти пурсамар дар тамоми самтҳо барои тат­биқи дас­туру супориш­ҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, ки саршор аз андарзҳои ваҳдатофарин ва муттаҳидкунандаи миллати тоҷик мебошанд, пойдевори Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро устувортар мегар­донад.

Файзулло БАРОТЗОДА,

раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон