Бароти Абдураҳмон: «Нависандагӣ ҷавониамро рабуд, вале ба хислатам солорӣ афзуд»

№115 (4535) 14.09.2022

photo_2022-09-13_13-01-29Истиқлолияти давлатӣ моро ба фатҳу кушоишҳои зиёд ноил гардонд. Бахусус, имкон фароҳам овард, ки фарҳангу тамаддуни гузаштаамонро, чунон ки мебояд, таҳқиқ намуда, бидонем, ки мо кӣ ҳастем, аз куҷо омадаему ба куҷо равона? Ба ибораи дигар, адабиёту санъат, илму маориф ва соҳаҳои дигари мамлакат бо касби Истиқлолияти давлатӣ дар рӯҳияи миллӣ ташаккул ёфтанро оғоз карданд. Зарурат ба он низ пайдо шуд, то ба дигарон бигӯем, ки тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ чӣ ҷойгоҳу мақоме доштанд. Нависандаи халқии Тоҷикис­тон Бароти Абдураҳмон тавассути асарҳояш ба ин ҷиҳат таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо навиштани силсилаи романҳои таърихӣ – «Куруши Кабир», «Камбуҷия», «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен», «Рухшона», «Алвидоъ, ишқ», «Метис» ва «Фариштаҳои бадманиш» хонандаро ба таърихи гузаштаамон ошно месозад.

Дар арафаи 75–солагиаш бо нависанда доир ба ҳаёт ва кору эҷодаш суҳбат оростем.

АЗ РИВОЯТИ ЧАШМАИ ҶӮШОН ТО МЕРОС БА ФАРЗАНДОН

- Устод, ин шабу рӯз ба чӣ корҳо бандед?

- Ростӣ, ба синни 75 расиданро чандон чашмдор набудам. Сипос ба даргоҳи Яздони пок, ки бандаро ба давлати пирӣ расонид. Ҳоло ба навиштани романи нав бо номи «Исмоили Сомонӣ» машғулам. Корам осон нест, балки рӯз то рӯз душвортар шуда истодааст. Масалан, ин субҳ чандин сарчашмаро аз назар гузаронида, хостам дар бораи яке аз симоҳои ёридиҳандаи асар — Асади Абулашаъ, ки фарзанди чоруми Аҳмади Сомонхудод аст, маълумот дарёфт намоям. Дареғ, чандин таърихномаҳо, аз ҷумла ҷилди ҳаштуми «Таърихи Табарӣ», ҷилди дуюми «Таърихи мухтасари Балъамӣ», «Донишномаи Сомониён», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, «Амир Исмоил Сомонӣ»-и Сайдулло Абдуллоев, «Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён»-и Муҳаммадризои Ноҷӣ, «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ»-и Саид Нафисӣ ва «Таърихи Бухоро»-и Наршахиро варақ зада, маълумоти кофӣ наёфтам.

Хондани китобҳои таърихиро хеле дӯст медорам. Агар муҳобот напиндоред, китобхонаи хеле бой дорам, ки дар он камаш 15 ҳазор нусха китобро гирд овардаам. Ҳоло бештар асарҳои таърихӣ, филмҳои таърихӣ мехонаму тамошо мекунам. Шукр, бисёр рӯзгори ширин дорам.

- Айёми бачагиатон дар куҷо ва чӣ гуна гузаштааст?

- Ман дар деҳаи Чашмаи ҷӯшони ноҳияи Муъминобод таваллуд шудаам. Он деҳаи бобоии мост. Чашма аз ҳавлии падарии ман чандон дур набуд ва аз зери сояи ду чанори бузург ҷӯшида мебаромад. Ду чанори бузурги канори чашма аз рӯи ривояти мӯйсафедон аз 500 сол умри кам надоштанд. Ба андешаи солхӯрдаҳо, дар замонҳои дур чашма хеле калону чуқур буда, аз замин то қади одам мавҷҳояш ҷӯшида мебаромадааст. Нақл мекунанд, ки боре арӯсу домоди савори асп назди чашма омада, таковаронро об дода, худашон ҳам об нӯшидан мехоҳанд. Дар он асно мавҷи бузурги чашма ҷаҳида, домоду арӯсро бо аспҳояшон фурӯ мекашад. Ин ҳодиса чандин маротиба такрор шуда, мардумро водор месозад, ки ба чашма раву болор ва дарахтҳоро партофта, ба болояш намад бикашанд ва аз болои чанд қабат намад хок бирезанд. Дар натиҷа, масоҳати чашма коҳиш ёфта, он хурдтар мешавад. Дар канори чашма чанорҳо мешинонанд, ки онҳо бузург шуда, қадре пеши роҳи ҷӯшида баромадани обро банданд. Дертар чанорҳоро мебуранд ва ду чанори бузург аз ҳамон замонҳои қадим боқӣ мондаанд, ки мӯйсафедон далел меоварданд. Ман ҳам дар кӯдакӣ ҳар субҳ барои об мерафтаму ин ривоят ба ёдам расида, дар дилам ҳарос пайдо мегашт.

Кӯдакии ман бештар дар лаби ҳамон чашма ва чанорҳои бузургаш сипарӣ шудааст. Модарам баъди хондани намози бомдод маро аз хоб бедор мекард. Ҷомаро пӯшида, мӯзаҳоямро ба по мекашидаму аз паси модар сӯи оғил мешитофтам. Модар гов медӯшиду ман банди гӯсоларо дошта, ба кӯҳи пешорӯи Эмомаскарӣ менигаристам, шафақи офтоб ба дӯши барфпӯши кӯҳ мерехт. Ман қиссаи ҷанги Рустамро бо деви сафед, ки аз модар шунида будам, ба ёд меовардам. Мепиндоштам, ки ин набард дар болои шӯхҳои хамида ва пӯштаи ҳамвори кӯҳ рӯй додааст. Баъди дӯшидани шири говҳо модарам алови дегро мемонду ман гову тайлоқ, бузу бузғола ва гӯсфандҳоро пешандоз карда, ба подаҷои деҳа мерасондам. Сипас, ҳамроҳи модар ҳавлиро об зада, меруфтем. Косаи ширро бо пораи ноне нӯши ҷон карда, сӯи мактаб мешитофтам.

Поёнтар аз хонаи мо ҳавлии ҷӯраи бачагиям Барчиной воқеъ буд. Ӯ духтари сеюми хонадон буда, аз пасаш боз се хоҳар дошт. Барчиной либоси бачагӣ мепӯшид. Мӯза ба по карда, ба сараш тоқӣ мемонд. Падару модараш аз алами беписарӣ ба ӯ либоси бачагона мепӯшониданд. Барчиной беҳтарин ҷӯраи айёми кӯдакии ман буд. Падараш бобои Катахон дар Дашти Қавақ полез дошт. Мо ҳангоми фасли хазон аз мактаб бозгашта, савори хари сафеди бобои Катахон сари полез мерафтем. Дар таги чойлоби полез харбуза ё тарбузеро бурида мехӯрдему ман афсонаҳои аз модар шунидаамро ба Барчиной ҳикоят менамудам. Дар сари полез то ғуруби офтоб меистодему сипас ду дарза алафи даравидаамонро ба хар бор карда, сӯи хона нишеб мешудем. Дертар, пас аз лош шудани полез, хасдаравӣ мерафтем. Дар фасли дарави гандум дарзаҳоро ба чигина бор карда, сари хирман мерасонданд. Падари Барчиной се-чор аспу модиёнро бар ба бар баста, пояҳои гандумро майда мекард. Ману Барчиной ба аспҳо савор шуда, гирди хирман мегардондем. Бегоҳ, аз самти кӯҳи Эмомаскарӣ шамоли тез мевазиду бод кардани хирман сар мешуд ва мо савори чигина қарибии шабҳангом ба деҳа бармегаштем. Умуман, бачагиам дар деҳа бо омӯхтанҳо, ишқварзиҳо, подабониву гандумдаравӣ ва ҳезум овардану пахтачиниҳо гузашта, айёми ширину гуворое буд.

- Падару модаратон чӣ касбу коре доштанд?

- Модари биҳиштиям Санаварбӣ зани хонашин буд. Ӯ ривояту афсонаҳои бисёре медонист ва онҳоро қариб ҳар шаб бароям нақл мекард. Ҳангоме ки ташвишҳои бегоҳирӯзӣ поён меёфту гову гӯсола ва бузу буғзоларо ҷо ба ҷо мекардем, лаҳзаҳои ширини афсонагӯии модар оғоз меёфт. Ман афсонаҳои модарро дар ёд гирифта, дертар ба Барчиной ҳикоят мекардам. Модарам зани хушҳолу озода ва ширингуфтор буд.

Падарам Абдураҳмон мудири мактаби ибтидоии деҳа буд. Марди ҷиддисимою сахтгир ва камгапу серталаб. Ман ба мактаби падар рафтанро дӯст медоштам. Дар кунҷи мактаб хонаи дараш дуқабатае ҷой дошт, ки мудом баста буд. Андаруни рафҳои ғуборгирифтаи он китобҳо мехобиданд.

- Ба фарзандонатон чӣ монданиед?

- То ҷое ки тавонистам дар парваришу омӯзиши шоистаи фарзандон заҳмат кашидам. Шояд хато кунам, вале ба назарам замони насиҳат хондану панду андарз гуфтан гузашта, тарбияи фарзандон дар замони сармоядорӣ дигаргунӣ мехоҳад. Банда, аз фарзандони баркамолам розию сарфарозам. Ҳатто боре гуфтам, ки беҳтарин романҳои ман дар зиндагӣ фарзандонам мебошанд.

Ба фарзандонам, пеш аз ҳама, китобхонаи бузург, ки беш аз нисфаш китобҳои бадеии таърихӣ, таърихномаҳо, энсиклопедияҳо, беҳтарин осори адибони ҷаҳон ва силсилакитобҳои аҳди куҳану нав мебошанд, монданиам. Ҳарчанд умр бештар мегузарад, ҳамон қадар андешаи китобҳо маро гирифтор месозад. Боре бо ҳидояти Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3000 китоб ба китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ тақдим намудам. ҳоло 20 ҷевони барқад пури китоб аст. Умед дорам, ки фарзандон ин сарвати маро нигаҳбонӣ хоҳанд кард.

КОР ДАР ИДОРАҲОИ ГУНОГУН ТАҶРИБА АФЗУД

- Лутфан, бигӯед чӣ тавр шуд, ки пас аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ассистенти кафедраи нутқи саҳнавӣ ва маҳорати актёрии Инс­титути давлатии санъати Тоҷикистон шудед?

- Ҳангоми ҳимояи рисолаи дипломӣ бандаро барои идомаи таҳсил ба аспирантура тавсия доданд. Мебоист маро дар бахши фалсафаи Академияи илмҳо ба кор мегирифтанд ва ба аспирантура ҳидоят мекарданд. Ба ин хотир ҳафтаҳо дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ нишаста, фалсафа ва таърихи Юнони қадим, фалсафаи асрҳои миёна, фалсафаи давраи навро меомӯхтам. Аз миён ду моҳ нагузашта, имтиҳоноти аспирантураро бо баҳои аъло супоридам. Роҳбари пажӯҳишгоҳи фалсафа, ки академики шинохта буд, баъди як-ду суҳбат аз донишам гила накард, вале бо сабаби бароям номаълум фармуд, ки то соли оянда ягон ҷои кори дигар пайдо кунам. Ночор ба Вазорати маориф, назди сардори бахши мактабҳои олӣ устод Сафар Ниёз рафта, мададу дастгирӣ хостам. Ӯ маро ба Институти давлатии санъат назди Маҳрам Файзов фирис­тод, эшон мудири кафедраи нутқи саҳнавӣ ва маҳорати актёрӣ буданд. Ҳамин тавр, дар он ҷо ба фаъолият пардохтам.

- Ҳамчун сармуҳаррири барномаҳои адабӣ ва драмаи Телевизиони Тоҷикистон, муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи санъати Энсиклопедияи советии тоҷик ва ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» низ фаъолият доштед…

- Бо ҳидояти устодон Раҷаб Мардон ва Меҳмон Бахтӣ барои ҳаққи қалам ба сарредаксияи барномаҳои адабӣ чанд намоишнома навиштам. Яке аз намоишномаҳои хотирмон бахшида ба аҳромҳои Мисри Қадим буд. Аз дунболи он муъҷизаи дунёи қадим, Боғи Муаллиқи Бобул ва чандин намоиши мукаммале омода сохтам. Маро барои кор ба сарредаксияи барномаҳои адабӣ ва драма даъват намуданд. Таи ду соли кор дар ин сарредаксия ба маснади иҷрокунандаи сармуҳаррир расидам…

Агар бигӯям, ки кор дар донишнома бароям мактаби бузурги донишандӯзӣ ва қадам ниҳодан ба ҷодаи адабиёт буд, хато намекунам. Дар оғӯши ғарами китобҳо ва сарчашмаҳои гуногун кор карданро маҳз дар он ҷо омӯхтам. Ин пораи камолоти умр, давраи ворид шудан ба мактаби бузурги илму адабиёт буд, ки 14 сол давом кард. Он замон пулу сарвати ночиз доштам, ҳатто дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардам, вале хушбахт будам, зеро нозанине, ки замоне дӯст медоштам, аз сафари сесола баргашта, бо ман ҳамкор шуда буд…

Ҳамчунин, як муддат дар маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» низ фаъолият кардам. Маҷалла нав­таъсис буд, моро мебоист сабки хоса, доираи мавзӯю мундариҷаи шавқовар пайдо карда, теъдоди чопи онро афзун гардонем. Бештар мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, эҳёи фарҳанг, дастоварди шахсиятҳои бузург, сарчашмаҳои ҷолиби таърихиро пайгирӣ мекардем. Доираи гирдоварии матолиб таҳриру таҳияи мақолаю лавҳаҳо бар дӯши банда вогузор шуда буд. То ҳол аз он ифтихор ва сарфарозӣ дорам, ки бори нахуст таи 70 соли шӯравӣ нусхаи асл ва тарҷумаи «Қуръони карим» маҳз бо ташаббуси камина дар «Илм ва ҳаёт» интишор гардид. Тадриҷан теъдоди маҷалларо аз 3 ҳазор ба 68 ҳазор нусха расонидем.

АЗ ШИНОСОӢ БО ҚАЛАМУ КОҒАЗ ТО КОРИ БЕМУЗД

- Бо қаламу коғаз чӣ гуна шинос шудед?

- Хато нахоҳам кард, агар бигӯям, ки меҳри нависандагӣ аз афсонаҳои модар ва китобхонаи чангзадаи падар падид омад, зеро афсонаҳои модар маро ба ҷустану пайдо кардани китоби афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ва «Чор дарвеш» ҳидоят намуд. Ҳамон мактаби афсонагӯӣ ва афсонашунавии модари биҳиштиям буд, ки маро ба хондани китоб­ҳои бадеӣ ошно карда, таҳкурсии нахустини пешаи нависандагиро бароям ниҳод.

Яъне, ба қаламу коғаз аз овони кӯдакӣ ошно гашта, дар наврасӣ ин ҳар дуро ҳамчун дӯсти доимӣ пазируфтам. Дар деҳа ҳангоме ки хазинаи афсонаҳоям холӣ мешуд, барои дӯстам Барчиной афсона мебофтаму афсона менавиштам, зеро медонистам, ки вай интизори афсонаҳои нав аст. Айёми донишҷӯӣ дар  омӯзишгоҳ шеър менавиштам, солҳои охири хониш бошад, ба наср рӯ овардам. Сипас, ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ се ҳикояамро барои хондан ба устод Соҳиб Табаров додам. Он вақтҳо шефтаи қалами Чингиз Айтматов будам ва шояд ба услуби нигориши ин нависандаи мумтоз пайравӣ мекардам. Устод Табаров дар ҳошияи ҳикояҳоям навишта буданд: «Ба Чингиз пайравӣ мекунӣ, Чингиз куҷою ту куҷо?» Ба ҳикоянависӣ баъди хатми донишгоҳ ҷиддӣ машғул шудам.

- Ҳикояҳои нахустини шумо — «Барфи аввал» ва «Муждагонӣ» соли 1979 нашр шудаанд. Онҳоро кӣ таҳрир карда буд?

- Боре дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо устод Ҷалол Икромӣ вохӯрдам. Он солҳо бидуни тавсияи нависандаи солору номдор чоп кардани ҳикояҳо мушкил буд. Панҷ ҳикояамро ба устод Икромӣ дода, хоҳиш намудам, ки аз назар гузаронанд. Аз миён ҳафтае нагузашта, устод ба Энсиклопедияи советии тоҷик занг зада, маро ба наздашон хонданд.  Рафтам, ҳикояҳоро ба дастам доданд, ки қариб қалам нахӯрда буданд. Устод ситоиш карданд, ки ҳамчун нависанда омодаи эҷод шудаам. Фақат роҳ кушода, бояд ба майдони адабиёт ворид шавам. Эшон ба ду ҳикояам «Барфи аввал» ва «Муждагонӣ» тавсиянома навишта, якеро ба «Садои шарқ» ва дигареро ба «Занони Тоҷикистон» пешниҳод карданд, пас аз чанде ҳар ду ҳам чоп шуданд.

Баъдан, устод Ҷалол Икромӣ ба маҷмӯаи ҳикояҳоям «Шабҳои маҳтобӣ» сарсухан навиштанд. Ҳангоми хондани ҳикояҳо гуфта буданд, ки қиссаи «Кимиёкаҳ» ва ҳикояи «Охирин шарики умр» аз маҷмӯаи «Шабҳои маҳтобӣ» барояш хеле писанд омадааст. Сарфарозам, ки бо дуои неки устод Ҷалол Икромӣ ба ҷодаи адабиёт ворид гаштам.

- Дар бораи романи «Дунёи сабзи ишқ» чӣ гуфта метавонед?

- Ин асар сазовори ҷоизаи Вазорати фарҳанг дар бахши наср шуда, бароям мукофоти пулӣ овард. Соли 2002 сазовори мукофоти ба номи устод Айнӣ дар бахши наср гардид. Баъдтар «Давлати сарам, модар» ва «Дунёи сабзи ишқ» якҷо бо номи «Биҳишти фиребо» нашр шуд. Дертар романи «Нимароҳи аъроф»-ро ба чоп расонидам, ки давоми мантиқии «Биҳишти фиребо»-ст.

- Дар сарсухани романи «Дунёи сабзи ишқ» гуфтаед: «Нуҳуфтатарин рози дили ман сабт аст дар ин дафтарҳои сабзу зарду сурху сиёҳу кабуд». Оё он дафтарҳо ҳоло ҳам ҳастанд ва онҳоро варақ мегардонед?

- Бале, он дафтарҳои хотира, сиёҳмашқҳои овони наврасиву ҷавонии ман то ҳол ҳастанд. Ман онҳоро андаруни ҷомадон нигоҳ медош­там ва ҳангоми кӯчидану аз ҷое ба ҷои дигар рафтан ҳамеша ҳамроҳам мебурдам. Дар ин дафтарҳо рози нуҳуфтаи дилро менавиштам ва медонистам, ки рӯзе бароям чун сиёҳмашқҳои эҷодӣ ба кор меоянд.

Ҳоло ҳам бастаи дафтарҳоро варақгардон мекунам. Вақте ки ба камолот расидаму худро шинохтам, хотираҳои талху ширини ишқро андаруни он дафтарҳо сабт мекардам. Ҳар гоҳе ки он дафтарҳоро ба даст мегирам, эҳсоси шабеҳ ба дарди куҳнае, хумори дар паси солҳои дур мондае, манзараҳои андаруни ғубори зиндагӣ нуҳуфтае дар пеши чашмонам зинда мегарданд. Воқеан, танҳо варақ қодир аст, ки бори гарони ишқро хомӯшона бикашад, рози дили нуҳуфтаро ба касе ифшо насозад ва хотираҳоро зиндадори зиндагӣ намояд.

Ин дафтарҳои сиёҳмашқ ёдгори он рӯзҳои рафтаю солҳои нотакрор чун зиндагиномаи айёми пурошӯби ҷавонӣ бароям азизу бебаҳоянд. Ҳангоми навиштани романи охиринам «Нимароҳи аъроф» он дафтарҳои сиёҳмашқи ошиқона чун тиллорезаҳое буданд, ки аз миёни хомаҳои регу санги зиндагӣ берун шуда, хотираҳои парешони ишқи ҷавониро дар фасли аввали асар бо номи «Бозгашти оилаҳои ишқ» ба ҳам оварданд.

- Повести «Давлати сарам, модар» чӣ гуна тавлид шуд?

- Модари фариштахӯям солҳои охири умраш гирифтори беморӣ гашт. Ӯро табобату ҷарроҳӣ  кардем ва маркази узви ҳаракаташ халалдор шуда, бо душворӣ роҳ мегашт. Ман дар ин шаҳри калон сарпаноҳ надошта, иҷоранишин будам. Маблағи кофӣ ҷамъ нагардид, ки ӯро барои табобат ба Маскав барам. Модар баъди даҳ соли беморӣ моро тарк карданд ва мани дасткӯтоҳ бар асари бохтани модар азияти рӯҳӣ мекашидам. Ниҳоят, он повестро навиштаму дардамро қадре сабук кардам.

Агар аз худситоӣ бигзарем, повести «Давлати сарам, модар»-ро устод Сотим Улуғзода хонда, дар баъзе ҷойҳояш қалам заданд. ҳамчунин, ӯ бо забону баён, гирумони воқеаҳо ва бандубасти повест баҳои хуб дода, барои чопаш ҳам ба нашриёт ва ҳам ба «Садои шарқ» тавсиянома навиштанд.

- Ду ҷумла аз сарсухани повести «Давлати сарам, модар» меорем ва хоҳиш мекунем, ки онҳоро шарҳ диҳед: «Мо тифлони сарсахти ҷомеаи биҳиштӣ будем» ва «Мо фарзандони гумроҳи ҷомеаи бародариву баробарӣ ва адолатпарвар…».

- Мо насли сеюм ё чоруми ҷомеаи ба истилоҳ пуштибони адолату озодӣ, бародариву баробарии асри гузашта будем. Дар фазои орому осудаи деҳа, пойлучу сарлуч мегаштему парвои дунё надоштем. Ҳангоме ки аз фазои танги деҳа баромадем, вақти таҳсил дар донишгоҳ дунёи кушоди шаҳрро дидем ва дар пойтахт оламу одамро то ҷое шинохтем. Чашми мани рустоӣ қадре кушода шуд. Фазои шаҳр ҳамаи он содагӣ, покизагӣ, меҳри самимӣ ва озодгуфтории маро тангтар кард. Акнун барои ман зиндагии якрангу панду насиҳатҳои қолабӣ асарашро мебохт. Муҳити шаҳр бо ҳама бурдубохтҳояш бароям сабақҳои тоза медод. Рангубори суханҳои фиребо, тарзи зиндагии берангу якнавохт, ҳатто равиши зиндагии осудаи қолабиро, ки дар зеҳни ман «ҷомеаи биҳиштосо» ҷой дода буд, ноаён мезудуд. Оҳанги эътироз аз замирамон боло мехест ва майлу хоҳиши шикастани қолабҳои сахту сангин ва чаҳорчӯбаи дилгиркунандаи он «дунёи биҳиштӣ» моро ба сӯи бозсозӣ ҳидоят мекард. Бозсозӣ барои мо тулӯи бедорӣ, тулӯи худшиносӣ, меъёри баҳо додан ва ҳусну қубҳи зиндагӣ ва мизони баркашидани бурдубохтҳо буд. Шояд барои ҳамин камина ҳамчун нависандаи овони бозсозӣ кӯшиш ба харҷ додам, ки дар симои қаҳрамонҳои повести «Давлати сарам, модар» ва романи «Дунёи сабзи ишқ» рӯҳу равони вопасин солҳои «зиндагии биҳишти»-и аҳди шӯравиро бо буҳрону садамаҳои иҷтимоияш ба қалам диҳам. Ин асарҳо чун оинаи қаднамо бурдубохтҳои ҷомеаи ба истилоҳ «биҳиштӣ»-и моро инъикос менамоянд.

- Аз бозсозӣ гуфтед, мегӯянд, ки он ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ замина гузошт ва давлатҳои узви он Истиқлолияти давлатиро эълон карданд. Шумо ки аксар комёбиҳоятон ба замони соҳибистиқлолии мамлакат рост меояд, мегуфтед, ки истиқлолият аз нигоҳи шумо чист?

- Истиқлолият озодӣ, ворастагӣ,  шинохтани асолат ва дудаву дудмони хеш, соҳиби тақдири оянда ва пуштибонӣ аз марзу буму сарнавишти минбаъдаи Ватани азиз будан, дар миёни қариб 200 давлати дунё бо сари баланд аз миллату давлати хеш, забони миллию арзишҳои фарҳангии гузаштаю имрӯза ифтихор кардан, бо сари баланд номбардори миллату давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон будан, сиёсати дохилию хориҷии давлатдориро мустақилона пеш бурдан, аз соҳибихтиёрию озодию ворастагӣ баҳра бурдан ва номаи сарнавиштро бо дасти хеш навиштан аст.

Бояд бигӯям, ки мавзӯи истиқлол бароям хос буда, романи «Нимароҳи аъроф» — ам дардҳои даврони тавлиди Истиқлолияти давлатиро бозгӯ намудааст. Ба он маъно, ки нимароҳи истиқлол оғози тӯфонҳои шадиди ҷомеаи навини мо буд, ки бо ҳама бурдубохт­ҳояш насими тозаи бозсозӣ ва рӯҳи хуфтаи инқилобу ошӯбҳоро бедор кард.

Банда асосан дар замони соҳиб­истиқлолӣ ба дастовардҳои эҷодӣ ноил шудам. Ҳам асарҳои таърихӣ ва ҳам романҳои ба мавзӯи пайкору талошҳои расидан ба истиқлолу озодӣ бандаро ба ҷодаи бузурги адабиёт ҳидоят намуд. Мо баробари душвориҳои роҳи истиқлол ба камол расидем, некро аз бад фарқ кардем, мактаби бузурги созандагиро гузаштем.

Аз он хушҳолу сарфарозам, ки заҳматҳои хоксоронаам аз ҷониби Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қадршиносӣ шуда, соҳиби чандин ҷоизаю унвонҳои ифтихорӣ гардидам.

- Ҷое ишора кардаед, ки «рассом расм мекашиду медаронд». Оё шудааст ҳолате, ки асари нотамоматонро нобуд карда бошед?

- Бале, борҳо варақҳои дастнависро, ки ба анҷом расида буданд, пора карда, партоф­таам. Масалан, ҳамон се ҳикояе, ки замони донишҷӯӣ ба устод Соҳиб Табаров пешниҳод карда будам, дигар онҳоро ба касе нишон надодам. Чандин сол дар миёни сиёҳнависҳоям хобиданду билохира пора карда партофтам. Мисоли дигар, ҳангоми навиштани қиссаи «Кимиёкаҳ» нусхаи аслии онро нест кардам ва аз сари нав навиштанро оғоз намудам.

- Оё нависандагиро метавон ба касе омӯзонд?

- Нависандагӣ мактаб надорад. Ба пиндори ман, нависандагӣ ишқ аст. Мисли хумори ошноест, ки дар замири инсон тавлид шудаю ба камол расида, онро гирифтор месозад ва ба маҷрои хеш мекашад. Бо навиштани як — ду қиссаву ҳикоя худро нависанда пиндоштан, ба назарам, саҳлгирист. Дар пешаи нависандагӣ бояд, пеш аз ҳама, завқи эҷодро парвариш дод, яъне ҷустан, омӯхтан, мушоҳида кардан, ба ҳаяҷон омадану дардро ҳис кардан.

- Вақте ки болои асаре кор карданро оғоз мекунед, анҷомашро ҳам медонед ё он дар ҷараёни навишт пайдо мешавад?

- Асари бадеиро дар чорчӯбаи қолаб эҷод кардан мумкин нест. Нависанда ҳар фасли асари навро даҳҳо бор андеша мекунад, дигаргун месозад, мепартояд, меафзояд ва ниҳоят чизе меофарад. Дар ин лаҳзаҳо маро мунаққиди сахтгири ботинӣ роҳнамоӣ мекунад. Он маҷбурам мекунад, ки ҳар навиштаамро чанд маротиба иловаю таҳриру коркард намоям.

- Барои эҷодкор муҳити деҳа хуб аст ё шаҳр?

- Пештар ҳаваси деҳаро бисёртар мехӯрдам, вале баъди марги волидон меҳрам ба деҳа ноаён кам шуд. Барои синну соли банда будубош дар шаҳр беҳтар аст. Дар шаҳр имкони зисту шароити хуби кор фароҳам аст.

- Навиштан ба шумо чӣ доду чӣ гирифт?

- Навиштан аз ман ҷавониро рабуд, ғайрату ҷасорату бебокиро коҳиш дод. ҷавони қайсар будам, фазои шаҳр ҳамаро ҳамвор сохт. Ҳам ҷавониро рабуду ҳам ба хислату хӯям солориро афзуд. Сипос, ба Яздони пок, ки навиштанро бароям ёр кард. Дар оғӯши варақу китобҳо ҳатто чӣ гуна гузаштани умрро пай набурдам.

- Барои асари хуб навиштан таҷрибаи ҳаёт лозим аст ё донишу ҷаҳонбинии васеъ?

- Ин ҳар ду барои пешаи нависандагӣ дар зинаи аввал меистанд. Пайваста омӯхтану огоҳ будан аз вазъи ҷомеа, мушоҳида кардану бурдубохти зиндагиро баҳо дода тавонистан ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро шинохтан барои нависанда хеле заруранд. Гузашта аз ин, боз ирода ва сабру таҳаммули нишаста кор кардан лозим аст. Аз ҳама муҳим, нависанда бояд барои заҳматҳояш чашмдори подош набошад.

- Пас, нависандагӣ кори бемузд аст?

- Ҳар касе, ки аз пешаи нависандагӣ сарватманду бой шудан мехоҳад, умедашро биканад. Нависандагӣ риёзати гарон, заҳмати сахту тоқатфарсо ва меҳнати душвору сангин аст, ки кас онро ихтиёран бар дӯш мекашад.

РОМАНҲОИ ТАЪРИХӢ ВА СУРОҒИ АСОЛАТУ ҲУВИЯТ

- Навиштани романи таърихӣ душвор нест?

- Албатта, душвор аст. Нависанда ҳангоми нигориши симои қаҳрамонон бояд аз воқеияти таърихӣ дур наравад. Санадҳои таърихӣ ва макону замони рӯйдодҳоро ба назар гирад. Ҳадафи аслии нависанда аз солноманигор ва таърихшиносон хеле фарқ мекунад. Нависанда бояд набзи замон, ҳолати рӯҳии қаҳрамонон, равиши таърих, талотуми воқеаҳо, дарду ормонҳои ботинии қаҳрамонон ва кору пайкорҳои пешомади ӯро зиндаву хотирмон ва ҳаётӣ тасвир намояд. Таърихнигор ба факту далелҳо такя мекунад, вале нависанда бояд ба он ҷомаи бадеӣ пӯшонад. Ба шараёни кайҳо сардшудаи таърих, хуни гарм давонда, ҳаводиси қарнҳои гузаштаро ба тасвир бикашад ва дили карахти воқеаҳои таърихиро ба тапиш дарорад.

- Романи таърихии «Куруши Кабир» чӣ гуна пайдо шуд?

- Ҳангоми таҳсили ибтидоӣ ба китобхонаи мактаб даромада, варақ задани китобҳо ва тамошои суратҳоро дӯст медоштам. Боре ҳангоми мактабхонӣ китоби бемуқоваи куҳнае ба дастам афтод, ки сурати ранга ва навиштаҷоти хотирмоне дошт. Дар он сурат симои зане тасвир ёфта буд, ки сари буридаи хунчаконро дар даст овезон дошт. Дар матни сиёҳи поёни сурат суханҳои зерин сабт шуда буд: «Ман саратро ба хун оғушта намуда, туро аз хун сер хоҳам кард». Он сурати хотирмон, ки дар китобхонаи мактаби падар вохӯрда будам, як умр дар ёдам нақш баст. Мехостам бидонам, ки он шоҳаншоҳ кист, чаро сари онро буридаанд? Пас аз хатми донишгоҳ китоби «Таърих»-и Ҳеродот ба дастам афтод ва ба навиштаҷоти ошнои овони наврасӣ дучор гаштам. Фаҳмидам, ки шоҳаншоҳи беҷон Куруши Кабир ва душмани ҷони ӯ малика Томирис будааст. Меҳри навиштани роман дар бораи Куруши Кабир ба дилам нишаст ва пайваста дар бораи ӯ мехондаму меҷустам.

Таи қариб даҳ сол муҳимтарин солномаҳову сарчашмаҳои таърихӣ, катибаҳои аҳди қадиму навиштаҳои парокандаи воқеа­нигоронро гирд овардам. Дар миёни онҳо сарчашмаҳои таърихии юнонӣ нисбатан маълумоти муфассал дода, алалхусус таърихномаҳои Ҳеродот, Ктесий, Ксенофонт ва дигаронро дастрас намудам. Ба болои ин чор сафар ба Эрон — ба зодгоҳи Куруши Кабир, ду сафар ба Ҳамадону Исфаҳон ҳам доштам. Қариб даҳ соли дигар шабҳои дарози бехобию омӯзиши муқоисаи сарчашмаҳоро ба сар бурда, оқибат романи «Куруши Кабир»-ро ба поён расонидам.

Сабаби дигари рӯ оварданам ба навиштани ин роман он аст, ки дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ ва баъди чанд соли он шахсиятҳои бонуфузу сарватманд бештар ба мероси моддӣ, яъне хусусӣ кардани иншооту корхонаҳо, мағозаву фурӯшгоҳҳо рӯ оварданд. Мероси таърихиву фарҳангии миллат қариб, ки бидуни сарпараст монд. Тоҷикон Истиқлолияти давлатиро соҳиб шуданд, вале ин миллатро дар арсаи байналмилалӣ чандон хуб намешинохтанд. Ниёзе пеш омад, ки ба домани тамаддуни чандинҳазорсолаи умумиориёӣ чанг зада, даъво намоем, ки сарзамини таърихии тоҷикон гаҳвораи воқеии тамаддуни ориёист.

- Чаро дар романи «Камбуҷия» симои Дорои бузург назар ба Камбуҷия хотирмону воқеӣ тасвир шудааст?

- Ростӣ, банда ин романро бо номи «Дорои бузург» сар кардам. Азбаски Доро писарамак, дӯсту ҳамнишини наздик, силоҳдори шоҳаншоҳ Камбуҷия ва дертар сарвари сипоҳиёни даҳҳазораи ҷовидонаи ӯ буд, воқеияти таърих тақозо мекард, ки симои ҳар дуро рӯшану хотирмон тасвир намоям. Вале ҷараёни воқеии таърих ва рафти ҳодисаҳои аҳди шоҳаншоҳии Камбуҷия, ҳангоми лашкаркашӣ ба Миср мани нависандаро водор мекард, ки мақому манзалати Камбуҷияро бо паҳлуҳои мусбату манфиаш нигоҳ бидорам. Пас аз нисф шудани роман пай бурдам, ки симои Камбуҷия ва ҳафт соли шоҳаншоҳии ӯро сарфи назар кардан аз рӯи адолати таърихӣ нест. Бинобар ин, романи нисфшударо дубораю себора таҳриру иловаҳо намуда, ба ҷои «Дорои бузург» ба он номи «Камбуҷия» — ро ниҳодам. Романи «Дорои бузург» китоби сеюми ин силсиларомани таърихист, ки маводи зиёди илмию пажӯҳишӣ ва сарчашмаю китобҳои аҳди Дороро гирд овардаам.

- Дуруст аст, ки киноромани «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен»-ро бо сабаби нопуррагии филмномае навиштед?

- Агар бигӯям, ки киноромани таърихии «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен»-ро аз рӯи нанги ватанхоҳӣ навиштаам, худситоӣ напиндоред. Охири моҳи сентябри соли 1988 каминаро ба шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба Симпозиуми байналмилалии «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» даъват карданд. Дар он даҳҳо олими номдор, чеҳраҳои шинохтаи театру кино ва намояндагони аҳли санъату фарҳанг даъват шуда буданд. Ба дастам сенарияи филми Искандари Мақдунӣ афтод, онро бояд коргардони машҳури шӯравӣ Сергей Бондарчук ва шогирдаш Юнус Юсуфов филмбардорӣ мекарданд. Филмномаро хондам, ки хеле нокомил буд ва лашкаркашиҳои Искандари Мақдуниро ба Бохтару Суғд фаро намегирифт. Хуб медонистам, ки Искандари Мақдунӣ беш аз се соли душвори лашкаркашиҳояшро дар Бохтару Суғд гузаронида, ба муқовимати сахти Спитамен ва ҳамсафонаш дучор гардидааст. Ӯ бо ҳокимони маҳаллӣ, аз ҷумла бо Вахшуварт (Оксиарт) созиш баста, духтари ӯ Рухшонаро расман ба занӣ пазируфтааст. Вале дар филмнома оид ба ин ҳодисаҳо сатре ҳам набуд. Хостам норасоиҳоро аз сари минбар баён кунам, вале садди роҳам шуданд. Огаҳ карданд, ки соҳибкоре пули калон харҷ кардааст ва аз гуфтаҳои шумо кор нотамом мемонад. Ночор мақсад гузоштам, ки дар бораи Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳояш ба Бохтару Суғд филмномае нависам ва онро дар шакли киноповест ба чоп расондам.

«ПОК ЗИСТАМ»

- Агар ба умри рафта нигоҳ кунед, чиро мебинед?

- Як ҷавони хунгарму хушбовару эҳсосиро. Нафари содиқ ба кору пайкори зиндагиро. Инсони эҷодкори шабзиндадор, марди солдидаи розӣ аз оламу одам ва шаҳрванди дилбохтаи хоку оби Ватани азизро.

Ман аз сарнавишт гила надорам, шукр мекунам, ки талошу пайкори зиндагӣ, ишқи хому норасоямро пухта кард. Хоку гили рустоиямро аз нав сиришт. Дар зиндагӣ талош варзидан, ба нони ҳалоли қаламкашӣ зистану риёзат кашиданро омӯхтам. Борҳо афтодаму хестам, қурбони номардиҳо гаштам, вале ҳама зарбаҳои зиндагиро босабру шикебоӣ фурӯ бурда, мардона зистанро пеша кардам.

Сипос ба Офаридгори пок. Тамоми умр пок зистам, то тавонистам ёрӣ расонидам, ба касе хиёнат накардам. Нони касеро бо фиребу найранг нахӯрдам, бо меҳнати ҳалол зиста, фарзандонамро парвариш кардам. Сипосгузорам, ки 15 сол ҳамчун ёвар ҳамроҳи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои душвори бунё­ди давлатдории миллӣ кор кардам. Шукр, саломатиям бад нест, ҳоло ҳам рӯзе то даҳ соат дар болои мизи корӣ нишаста, ба эҷод машғул мешавам.

Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»