Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Панҷакент амал мекунад, ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамкории донишкада бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, донишгоҳҳои Аврупову Амрико ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Қазоқистону Ӯзбекистон дар сатҳи хуб қарор дорад.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, дар он таҳти унвони «Мушкилоти таҳсили ҷавонони муосир» конфронси илмии байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс кормандони Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф. М. Достоевский, бахши дар шаҳри Омскбудаи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи омӯзгории Омск, Донишгоҳи «Сирдаря»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А.Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар се бахши конфронс 119 нафар ширкат варзида, роҷеъ ба проблемаҳои актуалии раванди таълимоти муосир, ҷанбаҳои бунёдӣ ва амалии тадқиқотҳои психологӣ ва педагогӣ, менеҷмент ва технологияҳои маркетингӣ дар раванди таҳсилот 28 маърӯзаи илмӣ пешниҳод гардид.
Натиҷаи конфронс нишон дод, ки дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон сатҳи тадқиқотҳои илмӣ оид ба самтҳои афзалиятноки проблемаҳои таҳсилоти ҷавонон хеле баланд буда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин мамлакатҳо идоракунии соҳаҳои таҳсилот дар асоси истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар раванди конфронс инчунин тавсияҳо оид ба беҳ намудани вазъи мавҷуда ва ҳалли проблемаҳои таҳсилоти ҷавонон пешниҳод шуданд.
Дар ҷамъбасти конфронс аз тарафи масъулини Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф. М. Достоевский С. Л. Тимкин ба 40 нафар олимону устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент гувоҳномаҳои такмили ихтисос супорида шуд.
Б. Каримзода, «Садои мардум»