Аълочии матбуоти Тоҷикистон Раҳимҷон Бобоҷоновро метавон дар қатори бунёдгузорони рӯзномаи «Садои мардум» — Муродуллоҳ Шерализода, Додоҷон Раҷабӣ, Бахтиёр Муртазоев, Шариф Ҳамдампур, Фотеҳ Абдуллоҳ, Умриқул Ҳақбердиев, Ғанӣ Ҷӯразода, Обиди Умар ва дигарон ном гирифт.
Барои насли ҷавони он айём — Қироншоҳи Шарифзода, Мардони Муҳаммад, Хушвахтшо Муборакшоев, Мардон Шукуров, Абдуқаҳҳор Маҳмадалиев, Мухтор Боқизода ва роқими ин сатрҳо Раҳимҷон Бобоҷон бо нармсуханӣ, пухтакорӣ ва ширинсуханиаш намунаи ибрат буд. Мо — ҷавонони он айём хеле хушбахт будем, ки бо қаламкашоне — ба монанди сармуҳаррир Муродуллоҳ Шерализода, Фотеҳ Абдуллоҳ, Бахтиёр Муртазоев, Додоҷон Раҷабӣ, Ғанӣ Ҷӯразода ва Шариф Ҳамдампур ҳамкору ҳамнишин шудем ва аз онҳо чизе омӯхтем.
Қаҳрамони матлаб дар идораи рӯзномаи «Садои мардум» барои мо чун журналист — репортёри матолиби таъҷилӣ намунаи ибрат буд. Ҳар супориши таъҷилие, ки аз ҷониби сармуҳаррир ё муовинон дода мешуд, аз тарафи ӯ дар кӯтоҳтарин муҳлат иҷро мешуд. Мо ба кори оҷилан иҷрокардааш баъзан бо шубҳа менигаристем, зеро дар он вақт, ки рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба ба табъ мерасид, вазъияти ҷумҳурӣ рӯз то рӯз мураккабтар мешуд. Дар чунин ҳолат на ҳар роҳбари вазорат, идора ё депутат мусоҳиба медоданд ё фикру андешаашонро баён мекарданд. Дар ин маврид аз журналист — репортёр хеле вобаста буд, ки чӣ тавр бо ин ё он шахс суҳбат ё мусоҳиба анҷом медиҳад.
Бешубҳа, акои Раҳимҷон (ҷавонони идораи рӯзномаи «Садои мардум» он касро чунин ном мегирифтанд), беҳтарин сифатҳои инсониро дошт ва бо ҳамсуҳбаташ тез забон меёфт. Ҳатто бадҷаҳлтарин мусоҳибашро бо ду-се сухани лутфомез мулоим мекард.
Борҳо мо — журналистони ҷавон ҳамроҳи ӯ бо депутатҳо мусоҳиб мешудем ё аз ҷараёни иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш таҳия мекардем. Дар ин масъала ӯ ҳамеша ба ҷавонон кумак мерасонд.
Солҳои аввали фаъолият идораи рӯзномаи «Садои мардум» дар ошёнаи сеюми бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буд. Азбаски рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба чоп мешуд, фурсат намеёфтем, ки бо ҳам наздиктар шинос шавем. Саволҳои мо ба акои Раҳимҷон хеле зиёд буданд, аммо фурсати ҷавоб додан набуд.
Як бегоҳи рӯзи ҷумъа, баъд аз он ки рӯзнома барои чоп рафт, номбурда гуфт:
- Агар касе суҳбату истироҳат хоҳад, пагоҳ дар Кӯли комсомол (ҳоло Кӯли ҷавонон) оши ҳарифона ташкил мекунем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Оши ҳарифона ба суҳбати дӯстона табдил ёфт.
- Дастпарвари факултети шарқшиносии Университети давлатии Осиёи Миёна ба номи В. И. Ленини шаҳри Тошканд, маъруф бо номи САГУ ҳастам ва ифтихор мекунам, ки ин боргоҳи машҳури илмро хатм кардаам, зеро бештари бузургони илму адабиёт ва санъати мо дастпарвари ин даргоҳи машҳур мебошанд. Дар даврони Ҳокимияти Советӣ расм шуда буд, ки баъди хатми мактаби олӣ ду ё се сол бо роҳхати Вазорати маорифи РСС Ӯзбекистон дар мактабҳои деҳот кор карда, баъд соҳиби диплом мешудем. Аз ин сабаб солҳои 1965 — 1967 муаллими забони англисӣ дар мактаб — интернати Шӯрчӣ ва чун ходими адабӣ дар рӯзномаи «Колхози ғалабаси»-и Шӯрчии вилояти Сурхондарёи РСС Ӯзбекистон кор кардам. Соли 1967 ба шаҳри Душанбе омадам.
Аз овони донишҷӯӣ бо радио ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявии Ӯзбекистон ҳамкорӣ доштам ва ҳаққи қалами хуб мегирифтам. Аммо фаъолияти журналистиям асосан аз соли 1967 дар Саридораи барномаҳои ахбори Радиои Тоҷикистон оғоз ёфт. Муддате мухбири махсуси Радиои Тоҷикистон дар навоҳии Ғарм будам. Кор дар радио касбияти баланд, сухандонӣ ва фавриятро талаб мекард. Дар муддати кӯтоҳ бо кори нав шинос шудам ва гузоришу барномаҳои банда ҳар рӯз аз радио пахш мешуданд. Шояд аз ин сабаб ман оҷилан иҷрои супоришҳоро ёд гирифта бошам, — нақл карда буд ӯ.
Бо тақозои замон муддате журналистиро як сӯ гузошта, бо ҳидояти таърихшиноси маъруф Аҳрор Мухторов роҳи илмро пеш гирифт. Солҳои 1968 — 1969 ходими илмии Осорхонаи муттаҳидаи республикавии таърихӣ — кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи К. Беҳзод ва 1970-1973 ходими сектори таърихи асрҳои миёнаи Институти таърихи Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон буд. Вале меҳри журналистӣ боло гирифту боз ба журналистика баргашт. Беҳтарин лаҳзаҳои умр ва фаъолияти журналистиаш (солҳои 1976-1984) дар маҷаллаи он солҳо бонуфузи «Коммунисти Тоҷикистон» гузаштааст. Дар идораи ин маҷалла корро аз мусаҳҳеҳӣ оғоз намуда, то муҳаррири шуъба расид. Аз айёми кор дар ин маҷалла хотираҳои ҷолиб дошт. Аз ҳамкорӣ ва ҳамнишинӣ бо ходимони ин маҷалла Музаффар Олимов, Мамадалишоҳ Ҳайдаршо, Собири Шоҳонӣ, Умриқул Ҳақбердиев, Исмоил Аҳмадов ва дигарон қисса мекард.
Он солҳо се рӯзномаи асосии ҳизбии Тоҷикистон: «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана» ва «Совет Тожикистони» бо се забон мунтазам чоп мешуданд. — Ба рӯзномаи ӯзбекии «Совет Тожикистони» мухбирони таҷрибадор намерасиданд. Аз ин рӯ, Раҳимҷон Бобоҷоновро чун донандаи хуби забони ӯзбекӣ ба идораи ин рӯзнома ба кор гузарониданд. Солҳои 1984-1991 дар ин рӯзнома кор кард ва соҳиби обрӯю эътибор гардид. Метавон гуфт, ки журналист Раҳимҷон Бобоҷонов беҳтарин тарғибгари адабиёт, таърих ва фарҳанги тоҷик барои хонандагони ӯзбекзабон буд.
- Ҳангоми кор дар Радиои Тоҷикистон дар Рӯзҳои адабиёт ва санъати РСС Ӯзбекистон дар Тоҷикистон иштирок карда, бо ходимони маъруфи адабиёт ва санъати ӯзбек мусоҳиба, гузориш ва репортажҳо тайёр мекардам. Боре аз ман хоҳиш карданд, ки барои барномаи ӯзбекии Радиои Тоҷикистон бо режиссёри номии ӯзбек Комил Ёрматов ҳамсуҳбат шавам. Репортёр дар китфам рӯзи дароз аз пасаш гаштам, аммо имкони мусоҳиба нашуд.
Ниҳоят, бо кумаки яке аз хешони наздикаш бо забони ӯзбекӣ саволу ҷавоб кардем. Чун донист, ки ман мухбири тоҷикзабон ҳастам, гуфт:
- Аз кай боз тоҷик аз тоҷик бо забони ӯзбекӣ интервю мегирад!?
Ман ба ҳамватанонам бо забони модариам – тоҷикӣ гуфтугӯ мекунам…
- Комил Ёрматович, ман барои барномаи ӯзбекии радио сабт кардам.
- Набошад барои ҳамдиёронам ҳам як мусоҳибаи тоҷикӣ бо Комил Ёрматовро сабт кунед. Кӣ медонад, кай ба Ватанам — Тоҷикистон меоям?…» -нақл карда буд Раҳими Бобоҷон.
29-уми августи соли 1990 рӯзномаи «Садои мардум» таъсис ёфт, сармуҳаррири рӯзнома, депутати халқи Тоҷикистон Муродуллоҳ Шерализода дар қатори дигар журналистони маъруф бо дархости редаксия Раҳими Бобоҷонро ба тариқи гузариш аз рӯзномаи «Совет Тожикистони» ба кор даъват кард. Акои Раҳимҷон дар идораи ин рӯзномаи навтаъсис шаш сол кор кард.
Бастаҳои рӯзномаи «Садои мардум» солҳои 1991-1997-ро варақ мезанам. Қариб, ки дар ҳар шумора матлабашро мебинам ва солҳое, ки ҳамроҳаш дар як ҳуҷра менишастем, ба хотир меоянд, зеро шоҳиди ҳар як навиштааш ҳастам.
Вақте ки саҳифаҳои бо мурури солҳо зардшудаи бастаи соли 1997- ро варақ мезанам, имзои «Раҳими Бобоҷон, хабарнигори «Садои мардум» ба чашм намерасад, зеро соли 1997 гирифтори бемории табобатнашаванда шуд. Дигар маҷоли қалам ба даст гирифтану навиштан надошт. Саҳифаҳои минбаъдаи моҳҳои сентябр, октябр ва ноябрро варақ зада, имзояшро меҷӯям. Дар саҳифаи чоруми рӯзнома сӯгвории аҳли қалами рӯзнома – «Меҳрубони мо зи мо рафт» (аз 14-уми ноябри соли 1997, № 82 (1007) ба чашм расид. Муҳтавояш касро ғамгин мекунад:
«Дар долонҳои идораи рӯзнома ҳар субҳ дигар садояшро намешунавем, дигар бо лабони пуртабассум вориди утоқ шудани ӯро намебинем, дигар дар ҷаласаҳо пурэҳсос ҳарф задану дар маъракаҳо нарму латиф сухан гуфтан, чарбзабонию зарофатгӯиҳои ӯро шоҳид намегардем, дигар зери хабару мусоҳиба, гузоришу мақолаҳои батафсил, баҳавсала, батамкин ошно гардида, имзои шинос «Раҳими Бобоҷон»-ро намехонем. Ҳайфи зиндагӣ, дареғи инсон!
Марги нобаҳангом ӯро аз мо рабуд…».
Дигар дорую дармон фоида надошт. Тибқи хоҳишаш ӯро ба зодгоҳаш — шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ба назди модари пираш бурданд, то хумори пазмониашро шиканад. Шояд аз боду ҳавои деҳа саломатиаш беҳтар шавад. Ҳанӯз пазмонии модар, додарону хоҳаронаш нашикаста буд, ки як рӯз пас хабари нохуш ба шаҳри Душанбе расид.
Раҳими Бобоҷон моҳи сентябри соли 1997 дар синни 58-солагӣ вафот кард. Марги беамон ҳатто фурсат надод, ки 60-солагияшро таҷлил намояд. Ӯ ба ин санаи фархунда омодагӣ медид. Афсӯс, ин ҷашнро кормандони идораи «Садои мардум» ва дӯстонаш бе иштирокаш гузаронданд.
Имрӯзҳо фарзандонаш Алишер ва Нигина, инчунин, набераҳояш давомдиҳандаи умри падар ва бобои шуҳратмандаш мебошанд. Шояд дар оянда касе аз набераҳо касби бобояшро давом диҳад.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
рӯзноманигор