Корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Тағоев ғолиби Озмуни байналмилалии «Беҳтарин мутахассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» дар номини хизматчии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гардида, бо Дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома қадрдонӣ шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумихалқии Бобек» барои муайяннамоии беҳтарин мутахассисону кормандон байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Беҳтарин мутахассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» аз рӯи 21 номина озмун баргузор гардида буд.
Далер Абдулло,
«Садои мардум»