Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон моҳҳои июн — августи соли равон Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавонро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор менамояд. Машварат дар 5 сол як маротиба гузаронида мешавад ва дар он адибони ҷавон — аз 17 то 35 -сола метавонанд иштирок намоянд.
Тибқи нақша баргузории Машварати адибони ҷавони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб (моҳи июл), минтақаи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа (16 -17 июн), дар шаҳри Хоруғ (25-26 июн), шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (13-15 июл) дар шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд (8-13 август) дар назар дошта шудааст.
Дар ин машваратҳо адибони шинохта бо эҷодиёти адибони ҷавон аз наздик шинос шуда, ба онҳо дар масоили эҷод, сабку услуби он, дарёфти мавзӯъ, эҳсоси гардишҳои нав дар зиндагӣ, дарки завқи хонандаи муосир ва дигар масъалаҳои ба он марбут тавсияҳо медиҳанд.
Тавре ки муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа гуфт: Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд даври дуюми Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон рӯзи 12 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, натиҷаҳои он ҷамъбаст ва беҳтарин адибони ҷавон барои узвият ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
- Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба он бовар аст, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд доир гардани Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон шароити мусоид фароҳам меоранд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»