Шашуми сентябри соли равон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат даври ниҳоии нахустин Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ 24 феврали соли равон эълон шуд, ҷамъбаст гардид.
Азим Иброҳим — муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи мусобиқа, изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ наздик ба 412 ҳазор оила аз 300 ҳазор хонавода, 4144 деҳа, 370 деҳот, 57 шаҳрак, 52 ноҳия, 16 шаҳр, 3 вилоят ва 60 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар озмун иштирок ва 35 нафар ғолиб бо Шоҳҷоизаи «Ҷоми Ҷамшед», Шоҳҷоизаи «Ҷоми Истиқлолият», нишонҳои хотиравӣ, шаҳодатнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.
Мувофиқи шартҳои пешниҳодшуда Вазорати корҳои хориҷӣ, вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Ёвон, шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ, деҳаи Янгибоғи деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода, маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хонаи Исмоил Рустамов аз шаҳри Норак, оилаи Саъдуллоевҳо аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз беҳтаринҳо эътироф шуда, бо ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибони ҷойи якум Прокуратураи генералӣ, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан, деҳаи Раҳмонободи деҳоти «Сучони» ноҳияи Шуғнон, маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, хонаи Шарифовҳо аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва оилаи Сафаралӣ Ҳалимов аз шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар дониста шуданд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳоти «Поршнев»-и ноҳияи Шуғнон, деҳаи Ваҳдати деҳоти «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон, маҳаллаи Зардолузори шаҳри Панҷакент, хонаи Аброр Шамуратов аз деҳоти «Ҷиргатол»-и ноҳияи Лахш ва оилаи Маҷид Олимов аз ноҳияи Спитамен сазовори ҷойҳои дуюм гардида, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти «Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор, деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом, маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, хонаи Нозимҷон Усмонов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи Наботбегим Тавакалова аз шаҳри Хоруғ ҷойи сеюмро гирифтанд.
Зимни ба ғолибон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоиза, нишони хотиравӣ ва мукофоти пулӣ супоридан Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ яке аз омилҳои муҳими шарикии байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад ва бо ин васила сокинони кишвар аз дастовард ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо огаҳии бештар пайдо менамоянд. Иштироки фаъоли ҷомеа дар ин мусобиқа бори дигар ҷонибдории сокинони мамлакатро аз сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд.
«Садои мардум»