Мақолаи Мирзо Рустамзода «Бо ному бо забон бувад эҳтироми мо» («Садои мардум» №14, 29 январи соли 2024) писандам омад. Ва ин сатрҳоро рӯи коғаз овардам. Бинед, бо чӣ ҳиссиёте гуфта шудаанд: «Ҳар миллате тавассути номгузорӣ меҳру муҳаббати худро ба Ватан, сарзамини аҷдодӣ баён медорад. Ном дар мардуми мо ҳамеша бо нанг ва нанг бо ном якҷоя меоянд».
Хонандагони арҷманд, агар номи модар ё ҳамсари шумо Дилафрӯз бошаду дар зоднома Зӯрафрӯз нависанд; фарзандатонро Пирмуҳаммад ном мебареду котиби ҷамоат Пирмат сабт кунад; аз ҳамон шаҳодатноманавис хоҳиш карда бошед, ки писаратон дар моҳи рамазон таваллуд шудаасту ягон номи арзанда ёбад ва ӯ «Ин тавр бошад, номаш Рамазон» гӯяд, шуморо чӣ ҳиссиёт фаро мегирад? Пас аз муддате шумо номҳои гӯшнавозу дилшинро шунида, аз дусар ба ғалаткору номгузор ҳарфи қабеҳ мефиристед, вале чӣ суд аз ин норозигӣ, ки дер шудааст…
Шукрона, ки ба фарзандон дигар Сабзу Сурху Зарду Кабуд, Сангу Сафол, Табару Тешаю Каланд, Моҳаку Зоғаку Аловак, Сайхудову Дайхудо ном намегузорем. Маҳз, ба хотири он, ки номҳои номувофиқу нозеб касро нороҳат накунаду ном ҳамчун ними ҳусни инсон қадр пайдо намояд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро дар шакли аслӣ, русӣ ва англисӣ мураттаб кард. Он аз рӯи алифбо аз 1362 исми духтарона ва 2000 исми писарона иборат аст. Хуб шуд, ки идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои қатъиян аз рӯи нишондоди ин феҳрист амал намудан супориш гирифтаанд. Ва ба «пофишорӣ»-и баъзе волидайн тан намедиҳанд.
Мутаассифона, номҳои ғайримиллӣ, ки бо ҳавою ҳаваси падару модарон «ихтироъ» мегарданд ва инро ба ғайр аз саҳлангорӣ баҳои дигар наметавон дод, баъзан аз ҷониби масъулон мақбул дониста мешаванд. Ба мисоли Осия, Осима, Сумая, Самия, Румайсо, Судайс. Ба тахмини мо, ин номҳо аз филмҳои туркӣ, арабӣ рӯ задаанд. Одамони аз таърихи фарҳанги миллӣ ноогоҳу бегонапараст ба ин номҳо чун занбӯри бешира часпиданд. Аз номбурдаҳо Сумая бештар маъмул аст: шонздаҳ-ҳаждаҳсола ҳам Сумая, сесолаю панҷсола ҳам. Аз ин хулоса гирифтан мумкин аст, ки ҳанӯз ҳам идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эътибор намедиҳанду хостаи волидайнро ба ҷо меоранд. Чи хеле забоншинос Саъдӣ Маҳдӣ шарҳ медиҳад, Осия — кофир, саркаш ва Судайс — ангушти зиёдатии панҷа, ангушти шашум аст.
Риояи Қонун «Дар бораи заони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар ҳамин асос мураттаб гардидааст, аввалан эҳтиром ба модар, ба забони давлатист, баръакси он беэҳтиромию беэътиноӣ ба ин муқаддасот аст.
Номҳое, ки зикрашон рафт, дар ягон луғати тоҷикӣ нестанд. Яқин аст, ки волидайн маънии ин номҳоро намедонанд. Охир, ном бояд маънӣ дошта бошад! Масалан, Хазима ҳеҷ маъние надорад. Ин шакли вайроншудаи калимаи дигар аст, ба тахмин, шояд хазина бошад. Майсараҳо ҳам кам нестанд ва ин аз надонистани маънии луғавӣ аст. Охир, майсара калимаи арабӣ буда, тарафи чапи лашкарро мегӯянд, муқобили маймана. Аз ин бадтар Роҳила аст, ки маънияш маркаб, ҳайвони савории боркаш.
Ниёгони бомаърифатамон дар номгузории пайвандонашон кам иттифоқ меафтид, ки хато кунанд, аввал бо фозилону ситорашиносон машварат карда, ба фарзандон вобаста ба ҳолат, муҳит, фасл ном мегузоштанд ва дуруст буд, ки аз рӯи ном мувофиқи ҳисоби абҷад синну сол муайян мешуд.
Рустаму Суҳробу Сиёвуш ном кардан нишонаи ифтихори ниёкон аз паҳлавонони «Шоҳнома»-и безавол аст. Ин номҳои аҷдодони мо — ориёиҳо мебошад, ки тавассути қалами шаҳдбори Фирдавсии Тӯсӣ дар ақсои олам паҳн шуд. Садҳо нафар намояндаҳои миллати ғайриориёӣ зиёд ба писаронашон Рустам ном гузоштаанд. Ҷои ифтихор аст, агар сафи Рустамҳову Суҳробҳову Сиёвушҳо, Ҷамшедҳову Фаршедҳову Ардашерҳо, Дорюшу Озару Озарахш, Озарнӯшу Беҳофариду Шаҳронгурозу Анӯш, Анӯшаю Нӯшин, Гударзу Гуштоспу Родмард, Меҳрнӯшу Таҳминаву Гуласалу Гурдофаридҳо зиёд бошанд. Ва ҳамин гуна номҳо, ки дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» низ омадаанд, дар «Шоҳнома» варақ-варақ буда, ҳар кадоме рамзи тавоноию размоваранд. Аз «Шоҳнома» ба номҳои миллӣ табдил додани номи родмардон аз нав зинда гардондани корномаҳои эшон аст.
Ҳаминро ҳам бояд сарфи назар накунем, ки ин шабу рӯз, ки ҳаҷравӣ ба як анъана табдил ёфтааст, волидайн донистаю надониста ба фарзандонашон номҳои арабӣ, хусусан номҳои пайғамбарону авлиёю амбиёҳоро мегузоранд, то «мартаба»-и ҳоҷигиашон боло равад.
Фаромӯш нашудааст: бо хоҳиши яке аз хешон ба навзоде Фарвардин ном гузоштам. Писар аввали моҳи апрел зода шуда буд, ки ба моҳи якуми шамсӣ мувофиқ аст. Ин ном дар шакли Фарвадин дар «Шоҳнома» ҳам ҳаст. Дар ситоиши моҳи фарвардин Фаррухӣ байти зебое дорад:
То ба фарвардин замин аз лола барпӯшад ридо,
То ба даймоҳ осмон аз абр барбандад ниқоб.
Бубинед, ки номи зебои Фарвардинро ҳамсари ҳамон хешамон бо маслиҳати кадом муллои «донишманд» бо «далел»-и «ин номи зардуштӣ, ба мусулмон гузоштан убол аст», ба Абдулло бадал кардааст. Маълум бод, ки Абдулло номи арабии пешазисломӣ буда, бандаи илоҳ (ишора ба бутҳо)-ро дорад.
Ном унвони шахс аст. Бояд он зебо ва арзанда бошад, асосаш, соҳибном донад, ки унвони ӯ чӣ маънӣ дорад. Кӯр-кӯрона, бефарқ, беаҳамият ном гузоштан ҷоҳилист!
Ҷӯрабек МУЪМИН,
рӯзноманигор