Берун аз Ватан, бо номи Ватан ва ҳамеша дар ёди Ватан

№53 (3038) 03.05.2013

ё чанд андеша оид ба ҳаёт ва эҷодиёти рассоми бурунмарзии тоҷик

Абдуқодир Раҳимов, ки асарҳояш дар ҷаҳон машҳур гаштааст

 

Якчанд муддат дар шаҳри Москва будам ва дар хонаи ҳамсинф ва дӯсти қадршиносам Абдуқодир, ки аз соли 1986 он ҷо зиндагиву кор мекунад, меҳмон шудам. Хона аз даромадгоҳ то меҳмонхонаву ошхона пур аз мусаввараҳост. Суҳбати гарм атрофи даврони кӯдакӣ, Ватан, вазъи ҳунари тасвирӣ, эҷодиёти рассомони муосири тоҷик ва асарҳои ӯ қариб то субҳ давом кард.

РАхимов копияЁд дорам, ҳанӯз дар синфҳои поёнӣ мехондем. Абдуқодир  аз айёми бачагӣ ба рассомӣ завқи беандоза дошт. Дар мактаб расмҳои гуногуну аҷиб мекашид. Рӯзномаҳои девориро оро медод. Аҳён-аҳён болои коғаз бо қалам манзараҳо ва акси ҳайвоноту одамонро мекашид. Расмҳои нахустинаш шогирдона буданд. Падараш, ки он вақтҳо омӯзгор буд, ин истеъдоди Абдуқодирро дида, ба ӯ албоми махсус ва рангҳои обӣ овард. Аз ҳамон айём ӯ ба ин касб дил баста, то имрӯз онро самти муҳими ҳаёташ қарор додааст. Мо ҳамаи ҳамсинфон гумон доштем, ки Абдуқодир пас аз хатми мактаб ба факултети ҷуғрофия меравад, зеро ин фан ва харитаро аз ҳама зиёд  хуб медонист. Лекин, ӯ пас аз хатми синфи ҳашт, соли 1971 ба шуъбаи ороишии Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов (ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов) шомил гардида, онро бомуваффақият хатм кард. Пас аз хатми омӯзишгоҳ чанд муддат дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» кор карда, асарҳои ҳаҷвие офарид, ки камбудиву норасоиҳои ҷомеаро ошкор мекард. Ҳаҷви ӯ нишонрас ва самимӣ буд. Минбаъд Абдуқодир ба мавзуъҳои муҳим даст зада, ба жанри суратгарӣ (живопись) рӯ овард. Суратгарӣ жанри душвор ва муҳими ҳунари тасвирӣ буда, аз рассом донистани таносуби фазову вақтро талаб мекунад. Воқеан, бо силсилаи асарҳояш ба остонаи ин жанр қадами устувор гузошт. Такмили касби ҳунарварӣ намуда, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро соли 1985 хатм намуд. Самти интихобкардаи ӯ дар зиндагӣ — роҳи пурпечутоби ҳунари тасвирӣ буд. Заҳматкашиву шабҳои бедорхобиро ёд гирифт. Ӯ дар жанрҳои гуногуни ҳунари тасвирӣ ва ороиши амалӣ, нақшу нигор, суратгирӣ, манзараофарӣ, натюрморт, гачкориву кандакорӣ қувва меозмояд ва комёб мегардад. Нақши дастони гачкории ӯ зебу зинати чойхона дар Боғи «Дӯстии халқҳо», толори интизории истгоҳи Роҳи оҳани Душанбе гардида буд.

Нимаи дуввуми солҳои 80-ум ӯ бо асарҳои ҷолибаш дар намоишгоҳҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуд. Соли 1985 дар фестивали XII байналмилалии ҷавонону донишҷӯён дар шаҳри  Москва ширкат карда, сазовори диплом гардид. Ҳамон сол барои офаридани силсилаи асарҳо дар мавзуи ватандӯстӣ ва тарбияи ҷавонон сазовори мукофоти комсомолии Тоҷикистон шуд. Соли 1987 ӯро ба узвияти Иттифоқи рассомони ИҶШС пазируфтанд. Соли 1989 дар шаҳри Москва намоиши умумииттифоқӣ таҳти унвони «Инсон, воқеа, сулҳ», ки ба масъалаҳои ҳифзи табиат бахшида шуда буд, баргузор гардид. Абдуқодир Раҳимов бо мусаввараи худ «Роғун» ширкат намуд. Он солҳо дар эҷодиёти ӯ таҳавуллоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Вай дар қатори манзараофариву наққошӣ ва гачкориву кандакорӣ, ба офаридани мусаввараҳои мураккаби суратгарӣ (живопись) пардохт ва дар мавзуъҳои гуногуни давр силсилаи асарҳои ҷолиб офарид.

Дар ёдам ҳаст, он вақт дар ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни комсомол Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоише баргузор намуд.  Абдуқодири ҷавон ба ин намоиш асари сегонаи офаридаи хеш «Варзоб»-ро пешкаш кард. Дар асар тахайюлот ва андешаҳои рассом тавассути рангҳои барҷаста нигориш ёфта буд. Ҳар се қисми асар якдигарро аз лиҳози мазмун ва образ пурра месохт. Ғояи асосии асар – дарки вазъи зиндагии мардуми кӯҳистон, ҳолати экологӣ, дар мисоли як манзара, басо мароқангез нишон дода шудааст. Агар аз як тараф рассом тавассути ашёҳои асосии рӯзгор – чахдег, танӯр зиндагии пурбаракати кӯҳистониёнро зери мӯқалам оварда бошад, аз тарафи дигар, ба рангҳои нисбатан паст вазъи ташвишовари табиати дараи хушманзараи Варзобро нишон медиҳад. Аз андешаҳои рассом бармеояд, ки ба ин гӯшаи зебои диёр дуруст ғамхорӣ накардаанд. Ба таври рамзӣ тасвир намудани як бузи кӯҳӣ баёнгари он аст, ки ҳанӯз барвақт ин ҷонвар минтақаи мазкурро тарк намуда, ба «Китоби сурх»-и Тоҷикистон ворид шудааст. Азбаски Абдуқодир худ зодаи кӯҳистон аст, донистани нозукиҳои табиати он ҷо ва вазъи зиндагии мардум барояш  чизи муқаррарист. Истеъдоди Абдуқодир ба ӯ имконият медод, ки ҳар чӣ бештар ба қонуну қоида ва роҳу усулҳои ниҳонии ҳунари касбӣ ошнойӣ пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, солҳои 1988-1990 ба гирифтани стипендияи Иттифоқи рассомони ИҶШС сазовор гардида, зери роҳбарии В. Брайнин такмили ихтисос намуд.

Рассоми ҷавон ва хеле боистеъдод А. Раҳимов қатори дигар рассомони тоҷик, нимаи дуввуми солҳои 80-ум бо асарҳои ҷолибаш дар чанде аз намоишҳои умумииттифоқиву байналмилалӣ ширкат намуд, аз ҷумла соли 1985 дар намоиши бадеии умумииттифоқӣ  бахшида ба «40-солагии Ғалаба» (Москва), соли 1987 дар намоишгоҳи умумииттифоқии «Ҷавонони мамлакати шӯроҳо» (Москва), намоиши «Сулҳ аз назари рассом» (шаҳрҳои Ленинград, Дрезден ва Гамбург), соли 1988 дар «Намоишгоҳи як асар» (Пекин), «Муосирони мо» (Токио). Асарҳои ӯ дар намоиш-озмуни «Суратгарӣ (живопись)» дар хонаи марказии рассомии Москва сазовори диплом гардид.

А. Раҳимов ҳамзамон чун рассоми соҳиби сабку равиши мустақил, намоишҳои фардии хешро дар мамолики гуногуни дунё  созмон дода, гузаронидааст.  Нахустин намоиши фардии ӯ соли 1986 дар Осорхонаи миллии Тай (Бангкок, Таиланд) баргузор шуд.  Солҳои минбаъда дар осорхонаи ҳунари Алҷазира: «Экспо-центр-89»-и Лима намоишҳои фардӣ доир намуд.

Асарҳои дар мавзуи таърихӣ офаридаи А.Раҳимов низ ҷолибанд. Асарҳои «Шикори шоҳона», «Дидбонӣ», «Хаёлоти олам», «Ҷазираи муҳаббат», «Тарозу», «Парии обӣ», «Хирадмандон» дар ҳавои минётурнигории асримиёнаи тоҷик офарида шуда бошанд ҳам, дар он хаёлоти аҷиби рассом бештар дарк мегардад. Асари «Панҷакент» ба таърихи бостонии тоҷикон бахшида шудааст.

А.Раҳимов дар офаридани лоиҳаҳои ҷолиб роҷеъ ба ороишу сохтмони иншоотҳои гуногун низ  маҳорати хуб дорад. Ӯ муаллифи лоиҳаи «Чойхонаи Боулдер-Душанбе» дар шаҳри Боулдери штати Колорадои ИМА мебошад. Ин чойхона аз ҷиҳати сохтмону меъморӣ ва ороиши бадеӣ яке аз беҳтарин лоиҳаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дониста шудааст.  Маҳсули дастони ӯро дар ороиши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон низ дидан мумкин аст. Дар кандакории чӯб ҳам комёбиҳо ба даст овардааст. Ҳамин сабки хос ва ҷаззобияти асарҳояш маҳбубияти ӯро дучанд намуд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ намоиши фардии асарҳояш дар шаҳрҳои Москва, Париж, София, Боулдер баргузор шуданд.

Абдуқодир Раҳимов  имрӯз дар айни камолоти эҷодист. Дар устохонааш асарҳои зиёди нотамомро дидам. Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯст. Ба умқи таърих назар меандозад, таҷоруби зиндагӣ меомӯзад, пайваста сафар мекунад. Ҷаҳонро дида, андешаҳои хешро бо мӯқалам ва рангҳо баён медорад. Ӯ ба ғайр аз қитъаҳои Австралия ва Антарктида, дигар дар тамоми рӯйи дунё будааст. Андешаҳояш ба қаъри асрҳо мераваду бо гардиши айём имрӯзро талқин мекунад. Заҳматкаш аст. Асарҳояш ғояҳои умумиинсонӣ доранд. Берун аз Ватан, бо номи Ватан ва ҳамеша дар ёди Ватан аст. Аксари асарҳояш ба мавзуи Ватан бахшида шудаанд. Шояд ин мисраъҳои шоир ба ӯ дахл дошта бошад:

 

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.

Имрӯз асарҳои Абдуқодир Раҳимовро дар Нигористони давлатии Третьяков, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, маҷмӯаи «Ориён-Бонк»-и Тоҷикистон, Осорхонаи бадеии Новокузнетск, нигористони асарҳои тасвирии вилояти Вологодск, Осорхонаи мунисипалии шаҳри Вилнюс (Литва), Осорхонаи Шагали шаҳри Витебск (Белорус), Осорхонаи «О.С.Е.А.» (Париж ,Франсия), Хазинаи байналмилалии «Св. Св. Кирил ва Мефодий» (София, Булғористон), маҷмуаи Бундестагии шаҳри Берлин (Олмон) ва дигар кишварҳои дунё дидан мумкин аст. Комёбиҳо ва истеъдоди ин ҳамватани пурҳунари мо воқеан боиси ифтихор аст.

Саидалӣ МУҲИДДИНОВ, доктори  илмҳои таърих, профессор