Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан

№117 (4700) 29.09.2023

Суҳбати Муҳаббатхон — бонуи муқими шаҳри Стокголми давлати Шветсия, ки ­худро тоҷик меҳисобад, аз тариқи интернет тамошо кардаму натавонистам, бетараф бошам. Ончунон аз муҳаббат ба Ватан сухан гуфту ашк рехт, ки дигаронро ба риққат овард.

Ба дунё омадану ба воя расидан дар муҳити тоҷикона, ки ба қавли устод Мирзо Турсунзода «тоҷикон табиатан ҳама шоиранд», барояш беасар намондааст. Шеъри содаю самимӣ, вале ниҳоят пурмазмуну таъсирбахши эҷодкардаашро бо мазмуни нафас гирифтан аз ҳавои Кӯлоб, манзараҳои зебои ағбаи Чормағзак, нӯшидани оби ширини дарёи Панҷ, офтоби гарми зодгоҳаш — Фархор, пахтачинӣ, худро бо ифтихор духтари миллати тоҷик ном бурдан, ҳамеша бо ёду ҳавои Ватан нафас кашидан ва бо қимати чизе иваз накардани Тоҷикистони азизаш қироат намуд, ки хеле муассир буд.

Ватанро дӯст доштан, дар хизмати халқу Ватан будан, ба он хиёнат накардан, пос доштани нону намак, ин аст садоқату одамият, ин аст ватандорӣ.

Борҳо шоҳиди чунин лаҳзаҳои риққатовар аз тарафи фарзандони барӯманди Тоҷикистони азиз ба гунаи устодони ­санъати тоҷик Малика Қаландарова, Барно Исҳоқова, Маҳмудҷон Тоҳирӣ ва дигарон будам, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк карданд.

Дар аҳди шӯравӣ дар ноҳияи Фархор теъдоди зиёди русҳо мезистанд. Баъд аз гузашти даҳ сол аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ Фархор ба ноҳияи агро­саноатӣ табдил ёфт. Иқлими гарму мусоид, обу замини фарохи ҳосилхез, заводи бузурги равғанбарорӣ, заводи коркарди пахта, автобазаю ПМК — ҳои зиёд ва дигар идораю муассисаҳои сохтмонию саноатӣ имкон доданд, ки намояндагони қариб бист миллати дунё дар ноҳия аҳлона кору зиндагӣ намоянд. Қисме аз афсарони рус, ки барои ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонис­тон меомаданд, ин ҷо муқим мешуданд.

Ҳамсояи мо Пономарёв ном мӯйсафеди таҳамтан ва кушодачеҳра аз зумраи онҳо буд. Мо дар баробари идҳои Рамазону Қурбон, дар иди «Пасха»-и масеҳӣ низ идгардак мекардем. Ҳамсари меҳрубони Пономарёв на танҳо дар иди масеҳиён, балки идҳои мусулмонон низ моро бо тухмҳои ранга пешвоз мегирифт.

Солҳои 1986 — 1989 Спица Василий Игнатевич аз Федератсияи Россия ба сифати сармураббии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ҳамроҳ бо се футболбози ҷавони рус ба Тоҷикистон ба кор омаданд. Бо ташаббуси номбурда дастаи футболбозон аз шаҳри Моск­ва барои гузаронидани бозии рафиқона ба ноҳияи Фархор омаданд. Чун ҳарвақта майдони бозӣ аз мухлисон пур буд. Бозӣ пуршиддат ва шавқовар ­гузашт. Москвагиҳо намехостанд наз­ди як дастаи музофотӣ паст оянд. Мизбонон ҳам суст наомаданд. Ҳайати дастаҳоро аз лиҳози миллӣ фарқ кардан душвор буд, чунки дар ҳайати «Ҳосилот» ҳам чанд тан русҳои маҳаллӣ, ба мисли бародарон Владимир ва Виктор Скопиновҳо, дугоникҳо Николай ва Михаил Фёдоровҳо, дарвозабон Корнеев ва чанде дигарон бозӣ мекарданд.

Табиист, ки русҳои муқими Фархор «Ҳосилот»-ро мухлисӣ мекарданд. Бо вуҷуди аз як ноҳияи дур будан «Ҳосилот» ҳам дастаи андак набуд, он чӣ меҳмонон интизор набуданд. Вагарна, Москваи он замон пойтахти як давлати абарқудрат куҷою Фархор куҷо? Бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Дарвоқеъ Спитса тавонист «Ҳосилот» — ро ба лигаи якуми мамлакат барорад.

Дар солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ бо Василий Игнатевич телефонӣ суҳбат доштем. Ӯ бо арзи эҳтиром изҳор дошт, ки армон ҷуз он надорад, ки дар ҷавоб ба муҳаббату эҳтироми беандозаи мардуми Фархор дар нисбаташ дубора тарки кору вазифа дар шаҳри Москва карда, ба Фархор баргардад ва дастаи дӯстдоштаашро ба лигаи олӣ барорад. Мутаассифона, акнун шароиту имконият ва мафкураҳо батамом дигар гашта буд.

Ақаллиятҳои миллӣ, ки дар Фархор зиндагӣ мекарданд, забони тоҷикиро чун забони модарии худ медонистанд. Ҳамзамон, тоҷикон забони русиро хуб аз худ карда буданд. Дар рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон» вазифаи мусаҳҳеҳро Раҳима Урозоваи қазоқ ба уҳда дошт. Қазоқдухтар Бибисулув дар ислоҳи имлои матнҳои тоҷикӣ беназир буд. Мисоли дигар: пас аз ҳиҷрат як гурӯҳи русҳо аз Фархор маҳали нави иқоматиашонро дар Федератсияи Россия Фархор номгузорӣ намуданд. Ба ҳамин монанд, дафтари хотироти ҳаётии Рустам Абдиеви қазоқ, ки солиёни зиёд раиси колхози «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Фархор буду алҳол дар Қазоқис­тон зиндагӣ мекунад, пур аз ­сатрҳои ватандорист.

Мутаассифона, дар баробари ин ҳама, зумрае аз ҳаммиллату ҳамватанони гумроҳи мо бо дастуру маб­лағгузории хоҷагони хориҷии худ ҳамарӯза аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ зидди миллату Ватан бадгӯию иғвоангезиҳо менамоянд ва дар орзуи дигарбора ноором намудани Тоҷикистон мебошанд. Донишу таҷрибаи динӣ, дуня­вию сиёсӣ надоранд, аммо худро «ватандор», «ҳомии ислом», «сиёсатмадору донишманд» ва «ғамхор»-и Ватан нишон доданӣ мешаванд, вале тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ чӣ кори хайре барои ин миллату Ватан кардаанд?

Бар зидди сарзамине, ки аҳли хонаводаю хешовандонашон дар он орому осуда кору зиндагӣ доранд, ҷанги иттилоотӣ роҳандозӣ кар­даанд. Хайрияти кор он аст, ки мардуми Тоҷикистон аз мақсади ниҳоии ин тоифа ҳанӯз аз воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта хуб огоҳӣ доранд.

Тоҷикистон сарзамини биҳиштӣ ва ҷумҳурии сермиллат мебошад. Аслан, Ватан ҷоест, ки новобаста аз мансубияти миллию нажодӣ ва эътиқодӣ хуни нофи кас дар он рехтааст. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи баробар ба кору зиндагӣ доранд ва наз­ди қонун ҳама баробаранд. Хато намекунем, агар гӯем, ки ҷумҳурии мо аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар он миллатгароию нажодпарастӣ ҷой надорад. Аз ҳамин ҷост, ки мисли ин бонуи намакшинос бо гузашти даҳсолаҳо аз кишварҳои мутараққӣ ёди Ватан — Тоҷикис­тони азиз мекунанд. Андар хумору ёди он ашки ҳасрат мерезанд. Ҳақ бар ҷониби шоир, ки гуфта:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаю райҳон хуштар.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»