…Бикун коре, ки кор аз кор хезад

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

ГулНишон дорӣ, ки гул аз кор хезад,

Бикун коре, ки кор аз кор хезад.

Носири Хусрав

Ёрибек Давлатов зиёда аз чил сол мешавад, ки омӯзгорӣ мекунад. Ба ин касби пуршараф меҳр дорад. Мехоҳад, ки кӯдакону насли наврас бо дониш мусаллаҳ шаванд. Нахуст Коллеҷи омӯзгориро бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм кард ва баъд факултети географияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо. Табиатро низ бениҳоят дӯст медорад ва мехоҳад, ки шогирдонаш боғу бӯстону гулшанро аз таҳти дил дӯст доранд. Таҷрибаи хуби омӯзгорӣ дорад, бе тайёрӣ ба синф намедарояд, ҳамеша дар сабақдиҳӣ воситаҳои гуногуни аёниро истифода мебарад. Ба омӯзгорони ҷавон маслиҳат дода, дили онҳоро нисбат ба касб гарм мекунад. Вай ҳунари бисёр дорад. Умуман, деҳотиён ҳама деҳқону чорводоранд. Дар як ҳафта се рӯз ба мактаб меравад, рӯзҳои дигар бо аҳли байташ дар замин арақи ҷабин мерезад. Бекор истода наметавонад, зеро аз кор лаззат мебарад. Аз нашъунамои зироат, ниҳол ва полезӣ роҳат мекунаду ҳаловат мебарад ва ҳамеша замзама менамояд:

Заминро дона деҳ, то хирман даравӣ,

Тӯтиро шакар деҳ, то сухан шунавӣ!

Ёрибек Давлатов ҳамеша таъкид мекунад: «Солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Бояд худамон деҳаамонро обод кунем, аз таҳти дил даст ба кор барем, он гоҳ ободӣ мешавад. Ҳама ҳунармандем, зеро дасту панҷаҳои пурқувват дорем.

Қитъаи замине, ки дар деҳоти «Навобод» бо маслиҳати ҳамсараш Хурсанд Шоева барои хоҷагии деҳқонӣ гирифтааст, аз заминҳои дигарон фарқ дорад: ба мисли гулистонест дар байни алафҳои худрӯй, амсоли бӯс­тонест дар байни чӯлистон. Дар ду гектар замине, ки кишоварзӣ мекунад, тамоми намуди дарахт мавҷуд аст. Дар байни радаҳои дарахтон ҳама намуди сабзавотро кишт карда, ҳосили фаровони пиёз, картошка, лаблабу, каду, нахӯд, лӯбиё, тарбуз, харбуза, тамашк, қулфинай мегирад. Аз ҳосили бардоштааш ҳам оилаашро таъмин месозад ва ҳам бозорро обод мекунад. Деҳқони пухтакор, ки ҳаст, ҳар сол 3,5 сентнер гандум мерӯёнад, хонадонаш бо орди гандумии осиёби обӣ таъмин мебошад. Чун ба боғи дилкушои ӯ ворид мешавед, аз ҳавои тозаву ҳусни зебои макони биҳиштосо дар чашмонатон нур, дар қалбатон сурур пайдо шуда, тану ҷонатон ҳузур мекунад.

Ёрибек доимо иқрор мешавад, ки ҳама хуррамӣ ва ҳосили баланди тару тозаву босифати зироат ва ободии хонадонаш бо шарофати дастони муъҷизаофари ҳамсараш Хурсанд Шоева мебошад. Ин бонуи заҳматкаш ҳунари бисёр дорад. Фарзандонашро дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ба воя расонда, хононда ба зиндагии мустақилона гуселондааст. Дар киштзораш як дона алафи бегонаро намебинед. Бале, хишоваро маҳз зани моҳири бодаступанҷа мекунад, зироате, ки дасти бобаракати зани солеҳаро дид, албатта, тару тозаву зебову лазиз мешавад ва истеъмоли он касро солиму бардам мегардонад. Бонуи ташаббускори хонадон дигар аъзои хоҷагӣ, масалан, Асадулло Ғафуров, Зайнал Ғафурова ва фарзандону наберагонро ба кор ташвиқкунон таъкид менамояд: «Кор сармояи зиндагист. Одам аз кор қувват мегирад. Худованд гуфтааст, ки «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат».

Оре, кори босамару шавқовар касро тандурусту зебо мекунад. Агар аз натиҷаи корат шод шавӣ, саломатият хубтар, умрат дарозтар хоҳад шуд.  Кишоварзи моҳир Ёрибек аз чолокию чаққонии ҳамсараш хурсанд шуда, бо ифтихор байти устод Мирзо Турсунзодаро замзама мекунад:

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд.

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд!

Кумаки ин хонадони фидокор ба шахсони муҳтоҷ низ мерасад. Дар қисми ғарбии деҳа ҷарии бисёр воҳиманок мавҷуд аст. Аъзои хоҷагии деҳқонии мазкур аз болои он пуле сохтанд, ки рафтуомади мардумро осон кард. Деҳқони асил Ёғибек Давлатов аз гарон будани нархи нуриҳои минералӣ бо таассуф ёдовар шуда, мегӯяд, замоне он дар ҷумҳурӣ бо сифати баланд истеҳсол мешуду бо нархи арзон дастрас буд. Ҳоло ин гуна нуриҳоро аз ҷойҳои дигар меоранд, ки хеле нархи гарон дораду сифаташ ҳам хуб нест.

Агар чунин хоҷагиҳои деҳқонии оилаҳои тифоқи ҳунарманди ба замин вафодор зиёд бошанд, ҳавои гирду атроф тозаву озода мешавад ва озуқаворӣ афзуда, дастархони мардум  аз нозу неъмат пур мегардад.

Ҳакималӣ НАЗАРАЛИЕВ,

омӯзгори МТМУ № 17-и деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор